Ҷомеашиносӣ

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ

     Фақиров Фараҳрӯз Лоиқович – мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ,  Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт.

Фақиров Фараҳрӯз Лоиқович – мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, 18–январи соли 1995 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.

     Фақиров Ф.Л.- хатмкардари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2018) ва унвонҷӯи кафедраи равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ДМТ аз соли 01.04.2021. Мавзуъ:Нақш ва мавқеи васоити ахбори омма дар раванди сиёсии ҷомеа” зери роҳбарии номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент Сафарализода Х.Қ. фаъолияти  илмӣ кардаистодааст. То ҳол дорои 4 воситаи таълимӣ, 18- мақолаи илмӣ, 2- мақолаи сатҳи байналмилалӣ, 2- мақолаи ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 20- мақолаи оммавӣ мебошад.

ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРА

      Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ,  факултети таърих ва ҳуқуқ, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, ҳамчун  ҷузъи таълимию илмӣ ва тарбиявии донишкада, барои рушди ҷаҳонбинии донишҷӯён хизмат мекунад.

     Кафедра соли 2013 таъсис ёфта, умумидонишгоҳӣ мебошад ва дар наздаш ягон ихтисос надорад. Айни ҳол дар кафедра 11- нафар омӯзгор ба фаъолияти илмию педагогӣ фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 1- нафар номзади илм дотсент, 3- нафар муаллими калон, 6- нафар унвонҷӯ ва 1- нафар магистрант мебошад.

      Кафедраро то имрӯз шахсони зерин роҳбарӣ намудаанд: Маҳмадов Аскар— солҳои 2013-2014, Наврӯзов Хоҷааҳмад— солҳои  2014-2016, Изатов Қаҳрамон— соли 2016, Идиева Зарина— солҳои 2016-2017, Раҷабзода Хуршед— солҳои  2017-2021, аз соли 2021 то инҷониб кафедраро Фақиров Фараҳрӯз Лоиқович роҳбарӣ менамояд.

Дар кафедра семинари илмии устодон ва маҳфили илмӣ-амалии донишҷӯён  зери унвонӣ “Ҷомеашиносони ҷавон” амал мекунад.

Дар кафедра  аз  фанҳои  зерин  дарс  гуфта мешавад:

-Фалсафа;

— Сотсиология;

— Фарҳангшиносӣ;

— Мантиқ;

— Диншиносӣ;

— Сиёсатшиносӣ;

-Этикаи касбӣ.

      Аз ҷониби устодони кафедра зиёда аз  250- мақола ва фишурдаҳои илмӣ, зиёда аз 200- баромад дар конференсияҳои сатҳи гуногун ва  39- китобҳои илмию методӣ, монографияҳои илмӣ, воситаи таълимӣ, дастурҳои методӣ, барномаҳои таълимӣ ба нашр расонида шудааст.

Ҳадафи кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ

  1. Ба донишҷӯён омӯзонидани донишҳо дар бораи илмҳои ҷомеашиносӣ;

  2. Ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, ҳуввият ва худшиносии миллӣ дар донишҷӯён;

  3. Рушд ва ташаккули шаклҳои ҷаҳонбинӣ дар донишкада;

  4. Бедор сохтани ҳиссӣ милли донишҷӯён доир ба худшиносии миллӣ;

  5. Пешгирии донишҷӯён аз ҳаргуна зуҳуротҳои ҳусусияти терроризм ва экстримизм дошта;

  6. Баланд бардоштани маданияти сиёсии донишҷӯён;

  7. Ҳифз ва пос доштани фарҳанги ниёгони миллати тоҷик;

  8. Фароҳам овардани заминаҳои илмӣ-назариявӣ барои гузаронидани тадқиқотҳои сотсиологӣ дар ҳалли масъалаҳои гуногуни сиёсӣ;

  9. Инкишофи мантиқи ақлӣ дар инсон;

  10. Огоҳонидани донишҷӯён аз ҳаргуна тазодҳои тундгарои сиёсӣ дар ҷаҳони муосир.

Ному насаб

Вазифа

Суроға

1

Фақиров Ф.Л.

Мудири кафедра

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин- 63

Тед: +992 904444610

2

Исроилов И.Н.

Муовинни ректор оид ба илм. н.и.с. дотсент.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин- 63

Тед: +992 901807500

3

Шакаров М.

ассистент

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ш. Ғарм,

Тед: +992 985838281

4

Камолова С.С.

Муаллими калон

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин- 63

Тед: +992 908447483

5

Одинаев Б.А.

Муаллими калон

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин- 63

Тед: +992 927083456

6

Пирматова Г.Х.

ассистент

Ҷумҳурии Тоҷикистон, н. Нуробод, к. Э.Муҳиддин- 63

Тед: +992 981011483

7

Ақназаров А.М.

ассистент

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин- 63

Тед: +992 501551739

8

Нуров А.С.

ассистент

Ҷумҳурии Тоҷикистон, н. Нуробод. ҷ\д. Хумдон

Тед: +992 889000294

9

Баротзода Ш.М.

ассистент

Ҷумҳурии Тоҷикистон, н. Нуробод. ҷ\д. Хумдон

Тед: +992 900989191

10

Ҳикматов С.М.

ассистент

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин- 63

Тед: +992 943434300

11

Идизода З.Ф.

Муаллими калон

Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ш. Ғарм,

Тед: +992 918759198