13.09.2025

МАСОИЛИ РУШДИ САНОАТИ МИЛЛӢ ВА РАВАНДҲОИ ТАТБИҚСОЗИИ “САНОАТИ САБЗ” ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1

(Дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ)

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» санаи 28-уми декабри соли 2024 дар бинои нави Парлумони кишвар баргузор гардид, ки дар он масоили мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию идоракунӣ, илмию фарҳангӣ, варзишу тандурустӣ ва сайёҳию рушди низоми бонкӣ ва амсоли инҳо дигар соҳаҳо таҳлилу баррасӣ гардиданд.
Дар шароити рушди босуръати иқтисодиёти ҷаҳон ҷиҳати паси сар намудани хатару таҳдидҳои муҳити беруна ва кам кардани вобастагии иқтисодиёти давлат аз муҳити хориҷӣ зарурати тақвияти бахши саноати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни муддао мебошад. Албатта, дар баробари ин, гуфтан зарур аст, ки Ҷумҳуриии Тоҷикистон марҳилаи нави рушди худро дар доираи яке аз ҳадафҳои асосӣ ва ояндадори кишвар “саноатикунонии босуръат” ба роҳ мондааст. Маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз шароити кӯҳсор буданаш, кишвари саноатӣ-кишоварзӣ буда, дорои як қатор имкониятҳои мавҷудае мебошад, ки истифодаи онҳо Тоҷикистонро ба як давлати пешрафта мубаддал мегардонад.

Соҳаи саноат ва бахшҳои он вобаста ба захираҳои табиию иқлимии кишвар соҳаи афзалиятнок буда, рушди он сатҳи муносибатҳои иқтисодии давлатро бо дигар кишварҳо васеъ намуда, иқтидори содиротиии мамлакатро баланд мегардонад. Илова бар ин, саноати имрӯзаи Тоҷикистон дорои заминаи маҷмӯии инкишофёфта ва аз ҷиҳати техникӣ муҷаҳҳаз буда, соҳаҳои гуногунро дар бар мегирад ва он дар таҳкими суботи ҷомеа ва рушди устувори кишвар нақши калидӣ ва ҳалкунанда дорад.

Зимни ироаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар баробари дигар масъалаҳои баррасигардида, масоили рушди саноат ва саноатикунонии босуръати мамлакат, ки ҳадафи чоруми стратегии кишвар маҳсуб меёбад, матраҳ гардида, қайд намуданд, ки “дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард сомонӣ ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад”. Ин нишондод дар соли 2020 ба 32,4 миллиард, соли 2021 ба 39,1 миллиард, соли 2022 ба 43,0 миллиард сомонӣ ва дар соли 2023 ба 46,8 миллиард сомонӣ баробар буд, ки дар соли 2024 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатии кишвар нисбат ба соли 2023 ба андозаи 6,2 миллиард сомонӣ (ё 13,2%), нисбат ба соли 2022 ба миқдори 10 миллиард сомонӣ (ё 23,2%), нисбат ба соли 2021 ба андозаи 13,9 миллиард сомонӣ (ё 35,5%) ва дар қиёс ба соли 2020 ба миқдори 20,6 миллиард сомонӣ (ё 63,5%) афзудааст, ки ин гувоҳӣ аз татбиқи дурусти саноатикунонии кишвар ва иҷрои ҳадафи стратегӣ мебошад.

Ҳамзамон, дар рафти ироаи Паём Пешвои миллат ба таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар бахши саноати кишвар ишора намуда, қайд намуданд, ки “дар панҷ соли охир дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд ва танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш, дар маҷмуъ, қариб 20 ҳазор ҷойи корӣ ташкил карда шудааст”. Қобили зикр аст, ки таъсиси корхонаҳои саноатӣ агар аз як ҷиҳат боиси таъсиси ҷойҳои нави корӣ гарданд, аз дигар ҷиҳат онҳо бозори дохилиро бо маҳсулотҳои ниёзи мардум таъмин менамоянд, ки ин боиси рушди иқтисодиёти кишвар ва дастрасии аҳолӣ ба маҳсулотҳои арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи ҷумҳурӣ мегардад. Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар соли 2023 дар кишвар тибқи омори бахши саноат 3453 ададро ташкил медиҳанд, ки дар онҳо 87,5 ҳазор нафар ба кор машғул мебошанд. Ин нишондод дар соли 2022 ба 2802 корхонаи саноатӣ ва 86,3 ҳазор ҷойи корӣ, дар соли 2021 ба 2397 корхона ва 85,3 ҳазор ҷойи корӣ ва дар соли 2020 ба 2283 корхона ва 84,3 ҳазор ҷойи кориро ташкил медиҳад. Аз таҳлилҳои бахши саноати кишвар маълум мегардад, ки соҳаи саноати мамлакат сол аз сол тамоили рушдро касб намуда истодааст.

Навобоста аз дастовардҳои мавҷуда дар соҳаи саноат Пешвои миллат ёдовар гардиданд, ки “суръати миёнасолонаи рушди соҳа дар панҷ соли охир дар сатҳи 15 фоиз таъмин гардид, ки бо дарназардошти имконияту иқтидорҳои мавҷуда барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҳанӯз нокифоя мебошад”. Ҷиҳати рушди боз ҳам бештари соҳаи калидии мамлакат ва иҷрои “Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2020-2025” ва “Стратегияи рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдор супориш дода, таъкид намуданд, ки “хотирнишон месозам, ки суръати рушди соҳа ҳар сол на кам аз 20 фоиз бояд таъмин карда шавад”. Ҳамзамон, дар баробари ин Пешвои миллат “ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди истеҳсолоти саноатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд”.

Имрӯз ҳиссаи соҳаи саноати кишвар дар таркиби маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар тамоили рушдро касб намудааст, ки он дар соли 2024 ба 35,3% баробар буда, ин нишондод дар солҳои 2023 ба 16,2%, 2022 ба 23,5%, 2021 ба 23,8% ва 2020 ба 23,1% баробар буд, ки ин нисбат ба соли 2020 дар сатҳи 12,2% дар таркиби ММД афзудааст, ки ин афзоиш ба истеҳсолоти бештари маҳсулотҳои саноатӣ дар соли 2024 рабт дорад.

Яке аз самтҳои дигари муҳимми тақвият бахшидани соҳаи саноати кишвар дар шароити муосир ин муҷаҳҳазнамоии корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бо технологияҳои инноватсионии ҳушманд мебошад, ки имрӯз як қатор кишварҳои ҷаҳон ба монанди Чин, ИМА, Ҷопон, Италия, Туркия, Русия ва Олмону Фаронса дар бахши саноати худ бо истифода аз технологияҳои муосир ба як қатор дастовардҳои бузурги истеҳсолӣ ва маҳусолтҳои хушсифату рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ дастёб гардидаанд. Вобаста ба масъалаи зикршуда Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “ҷиҳати ҳавасманд намудани фаъолияти навоварӣ, дар истеҳсолот васеъ истифода кардани технологияҳои инноватсионӣ ва дастгирии ташаббусҳои созандаи соҳибкорон дар ин ҷода, хусусан, доир ба коркарди ашёи хом дар дохили мамлакат тадбирҳои фаврӣ роҳандозӣ карда шаванд”. Дар ин баробар зикр карданд, ки “тақвияти корҳо доир ба истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва рушди иқтидори истеҳсолии кишвар, баланд бардоштани рақобатнокӣ ва гуногуннавъии истеҳсолоти саноатӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолоти саноати коркард, афзоиш додани арзиши иловашудаи молҳои саноатӣ дар асоси рушди маҷмааҳои соҳавӣ зарур мебошад”. Ҳамин тариқ,  дар рафти паём ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомоти марбута ҷиҳати коҳиш додани содироти ашёи хом ва зиёд намудани содироти молу маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда бояд тадбирҳои судманд андешад.

Алббата, ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон тули 33 сол мешавад, ки соҳибистиқлол гардида аст ва дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст ва зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат ва ташабусҳои созандаи ӯ ва Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст. Натиҷаи чунин дастоварду ташаббусҳо буд, ки дар соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд ва суръати рушди иқтисоди миллӣ низ ба ҳисоби миёна дар панҷ соли охир 7,7 фоизро ташкил намуд.

Боиси тазаккур аст, ки имрӯзҳо дар баробари рушди босуръат ва пайвастаи соҳаҳои саноати мамлакатҳои дунё, ки барои таъмини ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулотҳои саноатии ниёзи аввалия ва дуюминдараҷа, инчунин, муҳайё намудани шароити хуби зиндагӣ нақши муҳим мебозанд, дар баробари ин, боз ба муҳити атроф ва саломатии инсоният дар натиҷаи партоби партобҳои саноатӣ ба табиат таъсири манфӣ мерасад, ки барои пешгирии ин таасуроти манфӣ зарурати гузариш ба “саноати сабз” ба миён омадааст.

Рушди саноати сабз (ё саноати устувор) ба маъзори истифодаи технологиҳо ва равишҳо ба назар мерасад, ки ба ҳифзи муҳити зист ва кам кардани таъсири манфии он ба кураи Замин равона шудаанд. Воқеан, саноати сабз барои гузариш ба иқтисодиётҳои устувор, сарфаи энергия ва истифодаи манбаъҳои табиӣ бо мақсади ҳифзи муҳити зист таъриф мешавад. Ҳамчунин, саноати сабз метавонад ба усулҳои мутобиқсозӣ бо тағйироти иқлим, такмил додани натиҷаҳои экологии саноат ва истифодаи манбаъҳои тозаи энергия (монанди офтобӣ, бодӣ ва нерӯгоҳҳои барқии обӣ) ишора кунад.

Барои фаҳмиши дурусти мафҳуми саноати сабз мо метавонем мисолҳоеро ба монанди: энергияи офтобӣ, бодӣ ва обӣ, технологияҳои тозаи коркард, нақлиётҳои барқӣ, ҳифзи об ва технологиҳои обтозакунӣ биоварем, ки ҳамагон маънои онро ба таври содда дарк намоянд. Рушди саноати сабз на танҳо ба нигоҳ доштани муҳити зист кӯмак мекунад, балки метавонад барои эҷоди ҷойҳои нави кор ва таъмин кардани рушди иқтисодии устувор низ муфид бошад.

Имрӯзҳо кишварҳои рушдкарда дар соҳаи саноати сабз (устувор) аксаран дар истифодаи манбаъҳои тозаи энергия, технологияҳои ҳифзи муҳити зист ва рушди бахшҳои экологии мутобиқшаванда бо тағйироти иқлим пешсаф мебошанд. Бархе аз ин кишварҳо, ки дар ҷаҳони муосир намунаи рушд дар саноати сабз ба ҳисоб мераванд, дар зер оварда мешаванд:

  1. Швейтсария. Швейтсария як кишвари пешсаф дар татбиқи сиёсати экологии устувор аст. Ҳукумат дар ин кишвар бо истифода аз технологиҳои тозаи коркард, сарфаи энергия ва истифодаи манбаъҳои барқии нав ва манобеи оби тоза кам кардани таъсири манфии саноат ба муҳити зистро фаъолона ҷорӣ мекунад. Швейтсария дар соҳаи нақлиёт ва сохтмон низ технологиҳои экологии пешрафта дорад.

  2. Дания. Дания дар истеҳсоли энергияи бодӣ ба яке аз кишварҳои пешсаф табдил ёфтааст. Дания қариб 50% аз таъминоти энергияи худро аз манбаъҳои тоза (монанди бод ва офтоб) таъмин мекунад. Ҳукумати ин кишвар барои кам кардани партовҳои гази гулхонаӣ ва истифодаи нерӯи барқӣ аз манбаъҳои сабз сиёсати шадидро амалӣ мекунад.

  3. Норвегия. Норвегия дар бахши истифодаи нерӯи барқи обӣ дар ҷаҳон пешсаф аст, ки аз манбаъҳои тозаи обӣ, ки барои генератсияи барқ истифода мешаванд, ҷараёни истеҳсоли энергияи сабзро таъмин мекунад. Ин кишвар на танҳо барои энергияи сабз маъруф аст, балки он барои ташвиқ кардани нақлиёти электрикӣ ва ҳифзи муҳити зист низ кӯшишҳо мекунад.

  4. Олмон. Олмон бо ташаббуси «Energiewende» (интиқоли энергия) барои гузариш ба энергияи тоза ва устувор ба роҳ мондааст. Ин кишвар яке аз муҳимтарин кишварҳои истеҳсолии панелҳои офтобӣ ва дигар манбаъҳои энергияи сабз мебошад. Дар соҳаи нақлиёт ва сохтмон низ сиёсатҳои муосири экологӣ ва устувор ҷорӣ карда шудаанд.

  5. Шветсия. Шветсия ба мақсади таъмини устувории экологӣ ва истифодаи манбаъҳои сабзи энергия як кишвари пешсаф аст. Шветсия дар солҳои охир аз манбаъҳои тозаи энергия, ки асосан аз нерӯгоҳҳои обӣ ва биомасса мебошад, беш аз 50% энергияи барқи худро истеҳсол мекунад. Ҳукумати Шветсия инчунин, роҳандозии нақлиёти барқиро, ки таъсири манфии муҳити зистро кам мекунад, ташвиқ мекунад.

  6. Канада. Канада дар соҳаи истифодаи манбаъҳои энергияи обӣ ва энергияҳои биомасса хеле пешсаф аст. Ин кишвар барои нигоҳдории экосистемаҳои табиӣ ва кам кардани партовҳои саноатӣ кӯшиш мекунад. Канада ба роҳандозии нақлиёти барқӣ ва манбаъҳои сабзи энергия таваҷҷӯҳ мекунад ва сиёсати муфид барои саноати сабз ба роҳ мондааст.

  7. Нидерландия. Нидерландия дар истифодаи панелҳои офтобӣ ва бодӣ, инчунин, дар ба роҳ мондани лоиҳаҳои экологии устувор маъруф аст. Ҳукумати Нидерландия доимо дар равандҳои саноати сабз сармоягузорӣ мекунад, аз ҷумла ба инфрасохтори нақлиёт ва ҳифзи об.

  8. Финляндия. Финляндия як кишвари дигар аст, ки дар рушд ва истифодаи манбаъҳои тозаи энергия ва биомасса бо муваффақият фаъолият мекунад. Ин кишвар барои муҳофизати экосистемаҳо ва кам кардани партовҳои саноатӣ, инчунин барои сохтани хати устувор барои истифодаи манбаъҳои табиӣ талош мекунад.

  9. Исландия. Исландия як кишвари пешсаф дар истифодаи манбаъҳои геотермалӣ ва нерӯи обӣ мебошад. Сарфи назар аз андозаи хурди кишвар, Исландия яке аз камтарин истеҳсолкунандагони гази гулхонаӣ дар ҷаҳон мебошад ва аслан ба энергияи сабз дар тамоми иқтисод нақш дорад.

  10. Австралия. Австралия бо вуҷуди мавҷудияти манбаъҳои бузурги энергия (нерӯи офтобӣ) ба назар мерасад, ки дар соҳаи истифодаи панелҳои офтобӣ ва дигар манбаъҳои тозаи энергия рушд мекунад. Ҳарчанд ҳанӯз мушкилоти экологӣ дар назар дошта мешаванд, аммо Австралия хидматрасониҳои экологӣ ва устуворро дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон ва нақлиёт қабул мекунад.

Ин кишварҳо дар соҳаи саноати сабз ва энергетикаи тоза пешсаф мебошанд, ки сиёсати экологӣ ва устуворро дар сиёсати дохилӣ ва байналмилалӣ ба роҳ мемонанд.

Таърихи пайдоиши саноати сабз (ё саноати устувор) ба як ҳаракати ҷаҳонии кӯшишҳо барои истифодаи манбаъҳои энергия ва маводҳо ба таври бештар муфид ва экологӣ, инчунин, коҳиш додани таъсири манфии саноат ба муҳити зист, бармегардад. Рушди саноати сабз аз таҳаввулоти муҳити зист, технологӣ ва сиёсӣ пайдо шуд. Таърихи ин соҳа ба чанд марҳилаи муҳими таърихӣ ва равандҳои глобалӣ вобаста аст:

  1. Маҳз дар давраи Инқилоби Саноатӣ (асрҳои XVIII — XIX);

Дар давраи Инқилоби Саноатӣ, ки аз оғози асри 18 то аввали асри 19 дар Аврупо ва баъд дар дигар қисматҳои ҷаҳон рӯй дод, истифодаи манбаъҳои энергияи қатъӣ (аз ҷумла ангишт) ба болоравии саноат ва рушд дар шаҳрҳо оварда расонд. Ин, дар баробари афзоиши истеҳсолот, ба партови зиёди гази гулхонаӣ, тағйироти иқлим ва дигар мушкилоти экологӣ овард. Бо вуҷуди он ки ин давра барои рушди иқтисодӣ муҳим буд, таъсироти манфии он ба муҳити зист бо мурури замон маълум гардид.

  1. Соли 1960-1970: Баҳсҳо дар бораи муҳити зист ва огоҳии глобалӣ;

Маъзарат ва омӯзиши мушкилот экологӣ ва таъсири саноат дар солҳои 60-70-уми асри 20 шуруъ шуд. Дар ин давра, аввалин ташаббусҳо барои ҳифзи муҳити зист ва дида баромадани хатарҳои экологӣ ба вуҷуд омад. Дар соли 1962, Рейчел Карсон бо китоби «Silent Spring» (Баҳори ором) таваҷҷуҳи умумро ба хатари заҳрнокии пестисидҳо ва таъсири онҳо ба муҳити зист ҷалб кард. Ин китоб аввалин маротиба муҳити зист ва экологияро дар сатҳи ҷаҳонӣ ба масъалаи ҷиддӣ табдил дод.

Дар солҳои 1970, аввалин Рӯзи Замин (Earth Day) бо мақсади баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи масоили экологӣ дар Иёлоти Муттаҳида баргузор шуд, ки он пас аз чанд сол ба як ҳаракати ҷаҳонӣ табдил ёфт. Ҳамчунин, дар ҳамон сол, Конвенсияи Рим ва дигар қарорҳо ва созишномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ба имзо расиданд.

  1. Соли 1980-1990: Пешрафтҳо дар соҳаи экологӣ ва технологиҳои сабз;

Дар солҳои 80-90-уми асри 20, бо вуҷуди паҳн шудани технологиҳои истеҳсолӣ ва афзоиши талабот ба энергия, сарфи назар кардани таъсири манфии онҳо ба муҳити зист аломатҳои хатарнок дошт. Дар ин давра, Барномаи муҳити зисти СММ (UNEP) ва ташкилоти байналмилалии дигар, ки барои рушди устувор ва ҳифзи экосистемаҳо ташкил шудаанд, таъсис ёфтанд.

Соли 1987, Комиссияи Брунтланд (Комиссия оид ба муҳити зист ва рушд) бо нашри гузориши «Нашрии замони устувор» (Our Common Future) консепсияи «Рушди устувор» (Sustainable Development) ро пешниҳод кард. Ин маънои ба даст овардани тараққиёти иқтисодӣ бе заҳролуд кардани муҳити зист ва таъмини ҳуқуқи насли оянда барои истифодаи манбаъҳои табиӣ дошт. Сипас, ташаббусҳои устувори энергетикӣ ва «системаи сабз» дар истеҳсолот шурӯъ гардид.

  1. Оғози асри 21: Рушди саноати сабз ва энергияи тоза;

Бо оғози асри 21, масъалаҳои экологии ба назар расида ба як масъалаи муҳим барои сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтанд. Конференсияи Рио-де-Жанейро (1992), ки бо номи Рио+20 дар соли 2012 такрор шуд, як марҳилаи муҳим дар таърихи саноати сабз буд. Дар ин конференсия ба масъалаи иқтисодиёти устувор ва идоракунии манбаъҳои табиӣ диққати ҷиддӣ дода шуд.

  1. Соли 2000-ум ва баъди он: Рушди технологиҳои сабз;

Дар солҳои охир, истифодаи манбаъҳои тоза ва кӯшиш барои гузариш ба энергияи сабз ва иқтисодиёти устувор торафт афзоиш ёфт. Технологияҳои нав, ки манбаъҳои энергия (монанди офтобӣ, бодӣ ва обӣ) ва роҳҳои коҳиш додани партови гази гулхонаӣ ва заҳролудсозиро пешниҳод мекунанд, дар ҷаҳон бештар ба роҳ монда мешаванд.

Энергияи бодӣ ва энергияи офтобӣ аз технологиҳои пешсаф ба ҳисоб мераванд, ки ба кам кардани эмиссияҳои гази гулхонаӣ ва таъмини манбаъҳои барқии тоза кӯмак мекунанд. Воситаҳои нақлиёти барқӣ, ки сарфи назар аз манбаъҳои сӯзишвории анъанавӣ истифода мешаванд, дар якчанд кишварҳо (мисол, Норвегия, Ҳолланд) рушди зиёд ёфтаанд.

  1. Қабул ва татбиқ дар ҷаҳон;

Таъсири глобалии тағйироти иқлим, ки аз соли 2015 ба баъд барои бештар кардани кӯшишҳо барои муқовимат бо тағйироти иқлим ва рушди устувор таъриф мешавад, бо имзо шудани Шартномаи Париж дар соли 2015 ва даъват барои расидан ба ҳадафи «ниҳодҳои сабз» ва «иҷрои тарҳҳои устувор» ба чолишҳои асосии сиёсатҳои ҷаҳонӣ табдил ёфт.

Қобили зикр аст, ки таърихи саноати сабз, ки имрӯз ба як соҳаи муҳими иқтисоди ҷаҳон табдил ёфтааст, дар пайомадҳои таъсири манфии саноат ва экологияи анъанавӣ бармеояд. Саноати сабз ба як восита барои кӯшиш дар роҳандозии иқтисодиёти устувор, истифодаи манбаъҳои тоза ва ҳифзи муҳити зист табдил ёфтааст.

Рушди саноати сабз дар Тоҷикистон як равандест, ки бо таҳаввулоти муҳити зист, истифодаи манбаъҳои тозаи энергия, ва кӯшиш барои кам кардани таъсири манфии экологии саноат ва рушди устувор вобаста аст. Тоҷикистон, ки як кишвари кӯҳӣ ва аграрӣ аст, дар солҳои охир ба равандҳои рушди саноати сабз ва иқдомоти экологӣ диққат додааст. Тақрибан, равиши иқтисодӣ ва саноатии Тоҷикистон дар соҳаи саноати сабз дар солҳои охир афзоиш ёфта, аммо баъзе чолишҳо ва имкониятҳо ҳамоно боқӣ мондаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи манбаъҳои энергияи сабз, хусусан нерӯи обӣ пешсаф аст. Кишвар дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ аст ва яке аз кишварҳои пешқадам дар истеҳсоли барқ аз манбаъҳои оби тоза мебошад. Нерӯи офтобӣ ва бодӣ низ роҳадозӣ гардида, дар соли 2017 Тоҷикистон барои амалӣ намудани лоиҳаҳои нав дар соҳаи истифодаи манбаъҳои тоза ба таври амиқ ба истифодаи энергияи офтобӣ ва энергияи бодӣ таваҷҷӯҳ кард. Бо вуҷуди захираҳои ками энергияи бодӣ, истеъмоли панелҳои офтобӣ дар минтақаҳои кӯҳистонии кишвар муваффақият ёфт. Имрӯзҳо тақрибан дар тамоми ҷаҳон, як тамоюли асосии саноати сабз -пешравии нақлиёти сабз ва истифодаи технологияҳои барқии низ тараққӣ мекунад. Тоҷикистон низ, дар пайравӣ аз ин ҳаракат, даромади нақлиёти барқӣ ва экологияи транспорти сабзро ташвиқ мекунад. Дар солҳои охир, истифодаи нақлиёти барқӣ (электрикӣ) ва сохтани инфрасохтори зарурӣ барои ташвиқи автомобилҳои барқии сабз ва мусоидат ба коҳиши партовҳои гази гулхонаӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон, хусусан дар Душанбе, дар маркази диққат қарор гирифт.

Хулоса, гуфтан зарур аст, ки рушди саноати сабз дар Тоҷикистон дар солҳои охир афзоиш ёфтааст, вале барои таҳкими он кишвар бояд бо мушкилоти иқтисодӣ, технологӣ ва экологии пайваста мубориза барад. Тоҷикистон бо захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, ноил шудан ба аҳдофи глобалии экологӣ ва истифодаи манбаъҳои тоза дар соҳаи энергетика ва кишоварзӣ метавонад на танҳо рушди устуворро таъмин кунад, балки нақши муҳимро дар ҳифзи муҳити зист ва кам кардани таъсири тағйироти иқлим дар минтақа бозад.

Миршарифзода Эмомалӣ Қурбоналӣ –

Декани факултети Иқтисод ва идораи ДОТ дар н. Рашт

1 комментарий для “МАСОИЛИ РУШДИ САНОАТИ МИЛЛӢ ВА РАВАНДҲОИ ТАТБИҚСОЗИИ “САНОАТИ САБЗ” ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *