БАЪЗЕ МАСЪАЛАҲОИ ТАРБИЯИ МУТАХАССИСОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

0

        Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ махсусан нисбати тарбияи кадрҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, вобаста ба рушди соҳа дастурҳои мушаххас иброз доштанд. Аз ҷумла қайд намуданд: “Дар ин раванд, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ зарур дониста мешавад”.

         Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбутаро муваззаф намуданд, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

        Ҳамчунин, Пешвои миллат диққати асосӣ ба масъалаи  тарбияи кадрҳо, махсусан тарбияи мутахассисони соҳаи тиб  зоҳир намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки тайёр намудани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои асосӣ ва афзалиятноки соҳаи тандурустӣ мебошад. Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки масъалаҳои норасоии мутахассисон, паст будани сифати доруворӣ ва истифодаи самараноки таҷҳизоти ҳозиразамони тиббиро борҳо таъкид карда будам.

       Дар идома Пешвои миллат роҳбарону масъулони соҳа вазифадор намуданд, ки барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, таъмин намудани рушди бомароми соҳа ва тарбияи кадрҳои баландихтисос тадбирҳои зарурӣ андешида, хизматрасонии босифати тиббӣ ва фаъолияти босамари муассисаҳои тиббиро таъмин намоянд.

      Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аз ҳисоби ҷавонон омода намудани кадрҳои баландихтисос ва бо ҷойи кор таъмин кардани онҳо яке аз вазифаҳои муҳим мебошад. Барои ҳалли ин масъала вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, дигар вазорату идораҳои марбута бояд барномаи миёнамуҳлати барои соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисосро аз ҳисоби ҷавонон таҳия ва амалӣ намоянд.

        Чӣ тавре ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои таълими калонсолон таъсис дода шуда, то имрӯз дар онҳо беш аз 700 ҳазор шаҳрвандон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ин давра зиёда аз 1 миллиону 100 ҳазор нафар сокинони кишвар дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва марказҳои таълими калонсолон ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шудаанд. Илова бар ин, имрӯз дар 54 муассисаи касбомӯзии калонсолон 80 000 шаҳрвандон ба омӯхтани касбу ҳунар машғул мебошанд.

         Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки танҳо дар як соли охир 4 маркази касбомӯзию хизматрасонӣ ва рушди малакаҳо мавриди истифода қарор дода шуд, ки фаъолияти онҳо дар соҳибкасб гардонидани шаҳрвандон ва бо сертификатҳои байналмилалӣ таъмин кардани касбомӯзон нақши муҳим хоҳад дошт. Ҳамчунин Пешвои миллат зикр намуданд, ки ҳоло сохтмони боз ду марказ идома дошта, соли оянда ба истифода дода мешавад. Марказҳои зикршуда метавонанд дар як сол беш аз 8000 нафар сокинони мамлакатро ба касбомӯзӣ ва забономӯзӣ фаро гиранд. Ин раванд, бо дарназардошти ҳамасола афзоиш ёфтани шумораи аҳолии қобили меҳнат, бояд тақвият дода шавад.

          Чӣ тавре, ки дар Паём зикр шуд бо мақсади соҳибкасб намудани аҳолии кишвар ва рақобатнок гардонидани қувваи корӣ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вазифадор карда шуд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои сераҳолии кишвар таъсис додани марказҳои касбомӯзиву хизматрасонӣ ва рушди малакаҳоро таъмин намояд.

        Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки таълим дар ин марказҳо мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, ҳар сол дар онҳо фаро гирифтани на кам аз 120 ҳазор нафар шаҳрвандон таъмин карда мешавад. Илова бар ин, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар панҷ соли оянда ба 210 ҳазор нафар расонидани омодасозии мутахассисони касбу кори гуногунро бо сифати баланд дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъмин намояд. Яъне дар панҷ соли оянда дар ҳамаи муассисаҳои зикргардида беш аз як миллион шаҳрвандон бояд ба омӯхтани касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ фаро гирифта шаванд.

       Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти равандҳои муосир вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдоро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати ҳалли масъалаи гуногунсамти муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои дар ин самт мавҷуда тадбирҳои судманд андешанд.

Шодизода Наҷибулло Маҳмадризо – Сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси ДОТ дар ноҳияи Рашт

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *