ДӮСТИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН: РОБИТАҲОИ ТАЪРИХӢ ВА ДУРНАМО

0

 

             Тоҷикистон ва Қирғизистон – ду кишвари ҳамсоя ва бародар дар Осиёи Марказӣ мебошанд, ки таърихи муштарак, фарҳанги наздик ва иртиботи зичи иҷтимоӣ доранд. Ҳарду миллат аз қадимулайём бо ҳам зист намуда, арзишҳои анъанавӣ, забон ва тамаддуни муштаракро ҳифз намудаанд.

           Робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон решаҳои амиқ доранд. Дар тӯли таърих, ду мардум дар доираи Роҳи Бузурги Абрешим бо ҳамдигар муомилоти иқтисодӣ ва фарҳангӣ доштанд. Ҳамчунин, дар замони Шӯравӣ онҳо зери як низоми сиёсӣ зиндагӣ мекарданд, ки сабаби таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун гардид.

Баъд аз истиқлолият, ҳарду кишвар роҳи мустақилонаи рушдро пеш гирифтанд, вале дӯстии халқҳо ва иртиботҳои фарҳангиву иқтисодӣ то ҳануз идома дорад.

          Тоҷикистон ва Қирғизистон аз аввалин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ муносибатҳои дипломатии худро барқарор намуданд. Ҳарду кишвар узви созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) мебошанд, ки ин ба таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ ва амниятӣ мусоидат мекунад.

Солҳои охир, сарфи назар аз баъзе ихтилофҳо дар масъалаи марзӣ, талошҳои роҳбарони ҳарду давлат барои ҳалли масъалаҳо тавассути гуфтугӯ ва дипломатия нишон медиҳад, ки дӯстӣ ва сулҳ барои ҳарду миллат арзиши олӣ дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷонибдори таҳкими равобити дӯстона ва ҳалли ихтилофҳо  бо роҳҳои дипломатӣ аст.

              Бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон  дар солҳои охир як қатор мулоқотҳои сатҳи олӣ байни Тоҷикистону  Қирғизистон баргузор гардид, ки ҳадафи асосии онҳо ҳалли мушкилоти марзӣ ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ мебошад.

Иқтисодиёти Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳамдигар бисёр вобастагии амиқ дорад. Бисёр шаҳрвандонии Қирғизистон дар бозорҳои Тоҷикистон тиҷорат мекунанд ва баръакс. Ҳамзамон, лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла истифодаи об ва нерӯи барқ, яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ ба ҳисоб меравад.

            Бо назардошти иртиботи қавии таърихӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, дурнамои дӯстии Тоҷикистону Қирғизистон мусбат арзёбӣ мешавад. Ҳалли масъалаҳои марзӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди инфрасохтори муштарак метавонанд ояндаи дурахшони муносибатҳои ду кишварро таъмин намоянд.

Танҳо тавассути ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва ҳамкорӣ мо метавонем дӯстии асрҳоро ҳифз намуда, ба рушди минбаъдаи Тоҷикистону Қирғизистон мусоидат намоем.

            Дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон, ки рӯзи 12 марти соли  2025 баргузор шуд, як қатор масъалаҳои муҳими дуҷониба ва минтақавӣ баррасӣ шуданд. Мулоқот байни роҳбарони ду кишвар дар маркази шаҳри Бишкек баргузор гардида, дар он масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд:

  1. Ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ: Ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, бахусус дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.

  2. Масъалаҳои марзӣ: Баррасии масъалаҳои марзӣ ва таъмини амният дар минтақаи марзии ду кишвар, инчунин тадбирҳои муштарак барои ҳалли ихтилофоти марзӣ.

  3. Ҳамкории фарҳангӣ ва таълимӣ: Ташкили барномаҳои муштарак дар соҳаи фарҳанг ва маориф, аз ҷумла табодули донишҷӯён ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.

  4. Ҳамкории дар соҳаи об ва энергетика: Баррасии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи об ва энергетика, бахусус истифодаи захираҳои обӣ ва энергетикии минтақа.

Дар анҷоми мулоқот, як қатор санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки мақсади асосии онҳо таҳкими робитаҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ мебошад.

  Мудири кафедраи информатика ва барномасозии

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон

дар ноҳияи Рашт,  дотсент

Ҳайётов Қурбоналӣ Эмомудинович

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *