«РӮЗИ ДОНИШ- РАМЗИ МАЪРИФАТ ВА РУШД»
Ҳамасола, рӯзи 1-уми сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи дониш таҷлил мегардад. Ин сана дорои аҳамияти баланди маънавию иҷтимоӣ буда, оғози расмии соли нави таҳсилро таҷассум мекунад ва ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба илму маърифат, омӯзгорӣ ва заҳмати созандаи насли наврасу ҷавонон маънидод мегардад.
Дар замони муосир, ки илму техника бо суръати бесобиқа рушд меёбанд, дониш ва ҷаҳонбинии илмӣ ба унсури асосии пешрафти ҷомеа ва пояи устувори давлатдорӣ мубаддал гаштааст. Зеро рушди неруи зеҳнӣ ва тавсеаи фарҳанги илмӣ на танҳо ба такмили шахсияти инсон, балки ба таҳкими иқтидори иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат замина мегузорад.
Пешрафти илм ва рушди низоми муосири таълим дар ҷаҳони имрӯза на фақат зарурат, балки шарти асосии рақобатпазирӣ ва таъмини амнияти миллӣ маҳсуб меёбад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди соҳаи маориф ва илму техника ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Бо ҳадафи фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ ва таъмини дастрасии баробар ба дониш, иқдомҳои зерин амалӣ гардидаанд:
Бунёди ҳазорҳо муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиди инфрасохтори мактабҳо дар тамоми гӯшаҳои кишвар;
Ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотиву рақамӣ дар низоми таълим ва гузариши марҳила ба марҳилаи таълими рақамӣ;
Баланд бардоштани мақоми иҷтимоии омӯзгорон, аз ҷумла тавассути зиёд намудани музди меҳнат ва беҳтарсозии шароити моддӣ-техникӣ;
Таъсиси стипендияҳои президентӣ ва дигар шаклҳои дастгирии ҷавонони болаёқат, хонандагони аълохон ва донишҷӯёни фаъол;
Татбиқи Барномаҳои давлатии рушди илм ва маориф, ки аз ҷумла ҳадаф доранд таҳқиқоти илмии замонавӣ ва рушди кадрҳои илмӣ-тадқиқотиро густариш диҳанд;
Густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва илм, ки ба муаррифии захираҳои зеҳнии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Ин тадбирҳо, ки самаранокии онҳо дар амал собит гардидааст, нишони равшани сиёсати маорифпарварона ва илммеҳваронаи роҳбарияти олии кишвар маҳсуб меёбанд.
Имрӯз муассисаҳои таълимӣ на танҳо маконҳои омӯзиши донишҳои академикӣ, балки муҳити ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, тафаккури интиқодӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошанд. Дар ин раванд, нақши омӯзгор ҳамчун тарбиятгар ва раҳнамои маънавяти насли наврас ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.
Рӯзи дониш танҳо оғози соли нави таҳсил набуда, балки рамзи эҳтиром ба дониш, эҳёи маънавиёт ва худшиносии миллӣ мебошад. Таъмини рушди устувори соҳаи маориф ва илм ҳамчун кафили пешрафти ҳар миллат, имрӯз вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванд, хусусан ҷавонон мебошад.
Бовар дорем, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва бо иштироки фаъоли тамоми қишрҳои ҷомеа, ҷавонони Тоҷикистон бо дониш, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти баланд ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ба ояндаи кишвар шукуфоии тоза хоҳанд бахшид.
«Илм чароғи ақл, воситаи рушд ва омили тавоноии ҳар як давлату миллат аст.»
— Эмомалӣ Раҳмон
Саидова Сайёра , дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДОТ дар ноҳияи Рашт.