13.09.2025

РУШДУ ТАКОМУЛИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

0

Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон

Дар саҳифаи заррини таърихи ҳар як халқу миллат лаҳзаҳое ҳастанд, ки тақдири ояндаи онро муайян мекунанд. Барои миллати куҳанбунёди тоҷик чунин санаи муҳиму сарнавиштсоз 9-уми сентябри соли 1991 мебошад. Ин рӯз бе муболиға на танҳо санаи эълони истиқлоли давлатӣ буд, балки оғози давраи нав дар ҳаёти халқи тоҷик, давраи бунёди давлати воқеан миллӣ ва мустақил ба шумор меравад. Мафҳуми “Истиқлол” барои мо танҳо як мафҳуми сиёсӣ нест, балки ҷавҳари ҳастии миллат, рамзи озодӣ, эҳёи фарҳанги бою рангин ва орзуи чандсадсолаи аҷдодони мост.

Раванди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ саҳлу осон набуд. Халқи тоҷик дар тӯли таърихи худ барои ҳифзи забон, фарҳанг ва ҳувияти миллии худ муборизаҳои зиёдеро аз сар гузарондааст. Бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ барои мо имконияти нодире фароҳам омад, ки ба ин ормон расем. Аммо дар як вақт ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ истиқлоли навбунёди моро зери хатар гузошт. Дар чунин шароити буҳронӣ, танҳо ба шарофати иродаи қавӣ ва хиради роҳбарияти давлат, бахусус нақши бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мо тавонистем аз ин вартаи хатарнок берун омада, сулҳу ваҳдатро барқарор созем.

Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми асри гузашта имконияти нодиреро барои ҷумҳуриҳои собиқ, аз ҷумла Тоҷикистон, фароҳам овард. Буҳрони иқтисодӣ, норозигии мардум ва муборизаҳои сиёсӣ дар дохили Иттиҳод боис ба он шуд, ки ин давлати абарқудрат пош хӯрад. Дар шароити нави таърихӣ халқи тоҷик, ки ҳазорсолаҳо орзуи давлатдории мустақилро дошт, ин фурсатро аз даст надод. Эълони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991, натиҷаи ҳамин муборизаҳои тӯлонӣ ва инъикоси хоҳиши озодии миллат буд.

Эълони истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991, ки дар дили ҳар як тоҷик шарораи умед фурӯзон намуд. Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тамоми сохторҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро, ки дар тӯли даҳсолаҳо пойдор буданд, барҳам зад ва кишварро дар вазъияти хеле ногувор қарор дод. Заводҳову фабрикаҳо аз кор монданд, робитаҳои иқтисодӣ қатъ гардиданд ва мардум бо мушкилоти ҷиддии рӯзгор рӯ ба рӯ шуд. Аммо ин мушкилоти иқтисодӣ танҳо як ҷанбаи буҳрон буд ва вазъияти сиёсӣ босуръат бадтар мешуд.

Мутаассифона, дар ин шароити ҳассос бозиҳои сиёсии дохилӣ ва берунӣ, ки баъзе доираҳо аз он манфиатҳои худро меҷӯстанд, боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид. Ин фоҷиаи миллӣ, ки солҳои 1992-1997-ро дар бар гирифт, давлати тозабунёди моро зери хатари ҷиддӣ қарор дод. Ҷанг на танҳо сабаби ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар ва овора шудани миллионҳо шаҳрванд гардид, балки пояҳои давлатдории миллиро низ ба ларза овард. Худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ, ки маҳз дар давраи истиқлол бояд ташаккул меёфтанд, дар ин давра таҳти фишори идеологияҳои бегона қарор гирифтанд. Кишвар дар воқеъ ба минтақаҳои гуногун тақсим шуда буд ва назорати ҳукумати марказӣ заиф гардида буд. Маҳз дар чунин лаҳзаи ҳассоси таърихӣ, ки миллат дар байни ҳаёт ва мамот қарор дошт, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун наҷотдиҳандаи миллат, ба таври назаррас эҳсос гардид. Баъд аз интихоб шудан ба ҳайси Сарвари давлат дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Ҷаноби Олӣ аввалин иқдоми худро ба сӯи барқарорсозии сулҳ ва якпорчагии кишвар равона намуда дар ин роҳи сангин ва пурмашақат муваффақ гардиданд. Қайд кардан зарур аст, маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдат, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, мо тавонистем аз харобаҳо баромада, ба бунёдкорӣ шурӯъ кунем.

Халқи тоҷик аз даврони куҳан бо тамаддуну фарҳанги худ аз дигар миллату халқиятҳо фарқ карда, ба китоб, китобнависиву китобхонӣ ва ихтироъкориву навоварӣ майлу рағбати беандоза дошту дорад. Тамоми мамлакатҳои рӯи дунё моро ҳамчун миллати китобдӯст ва китобнавису навовар мешиносанд. Ҳамаи ин малакаҳои фитриву азалии халқи моро ба инобат гирифта, дар замони соҳибистиқлолии миллӣ низ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори самтҳои гуногун ба соҳаҳои илму маориф, китобу китобдорӣ ва ихтироъкориву навоварӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Яке аз дастовардҳои муҳим ва фарҳангии даврони истиқлол, ин ташкили озмунҳои гуногуни илмиву фарҳангӣ ба шумор мераванд, ки тайи чанд сол аст, дар кишвари мо ҷараён доранд. Мисоли ин гуфтаҳо ташкили озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи сӯбҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм — фурӯғи маърифат”мебошанд. Ин озмунҳо боис гаштанд, ки теъдоди нафарони китобхон дар кишвар рӯз аз рӯз зиёд гардад ва барои онҳое, ки малакаи ихтироъкориву навоварӣ доранд, имконоти мусоидро фароҳам оранд.

Илм-бузургтарин васила барои пойдории ҷомеа, солимии ҳаёт ва асоси ҳифзи оромии ҷамъият мебошад, ки рушду тараққиёт аз он вобастагӣ дорад. Бе илм наметавон худро ҳамчун шахсият эътироф кард ва ё фарзандони худро дуруст ба камол расонд. Инсоне, ки илм надорад аз роҳи омӯзишу ақлу хирад бехабар аст, ба мисоли як дарахти бесамаре, ки вуҷуд дорад аммо аз он самаре нест. Инсони бо илм дар ҳама давру замон соҳиби фазлу каромот буда, номи ӯ ҳазорсолаҳо дар саҳифаҳои таърих сабт мегардад.

Таърих шоҳид аст, ки миллат ва давлате, ки ба илм ва олимон эҳтиром қоил ҳастанд он миллат ва давлат ба музаффариятҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва дар умум ба пешравиҳои ҳаёт расидаанд. Аммо миллат ва давлате, ки аз канори илму олимон гузар карда ва ба онҳо эҳтиром қоил нестанд ба вартаи нобудшавӣ рӯ ба рӯ гардидаанд. Аз инҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон муҳимтарин ҳадафҳои худро ҷиҳати баланд бардоштани маданияти иҷтимоии мардум, мақоми илм ва фарҳанг ба хусус рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ равона намудааст.

Имрӯз зарурати таваҷҷуҳ ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз ҳар вақти дигар бештар эҳсос мешавад. Ба ин маъно, ки дар замони муосир инсон бо кашфиёту ихтирооти худ ба чизҳои бисёре даст ёфт, истеҳсолотро бисёр зиёд намуд, то ҷое аз асрори замину осмон огаҳ шуд, вале ба табиат осеб расонид, ки ин боиси сар задани оқибатҳои ногуворе, аз қабили тағйир ёфтани обу ҳаво, сар задани обхезӣ, биёбоншавию хушксолӣ ва ғайра мегардад
Маҳз зарурати омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, аз як тараф, ҳамчун муҳаррики пешрафту калиди муваффақиятҳо ва, аз тарафи дигар, роҳкоре дар танзим ва ба таври дуруст истифодабарии техникиро ба инобат гирифта, Пешвои муаззами миллат солҳои 2020-2040-ро ҳамчун Бистсолаи омӯзиши илмҳои дақиқ эълон намуданд: «Пешниҳод менамоям, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд». Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 26 декабри соли 2019 пешниҳод намуданд, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсил баргузор шуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд. Дар робита ба он 31 январи соли 2020 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ба имзо расида буд.

Дар партави ин ташаббуси Пешвои муаззами миллат чандин роҳкорҳои дигар дар сатҳҳои гуногун ҷиҳати рушду пешрафти омӯзиши илмҳои дақиқ ва ҷалби таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба он амалӣ карда шуд. Аз ҷумла, озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», «Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» маҳз дар партави ин бистсола рӯйи кор омадаанд. Илова бар ин, дар заминаи ин ташаббус чандин барномаву нақша-чорабиниҳо таҳия шудааст, ки иҷроиши онҳо дар тарбияи як насли ояндасози миллат ва амалишавии саноаткунонии босуръат нақши калидӣ мебозад.

Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” инак соли панҷум аст, ки дар Тоҷикистони азизи мо бо мақсади кашф кардани соҳибистеъдодҳо баҳри осон кардани роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ яъне саноатикунонии мамлакат ва амалисозии тарҳи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гашта истодааст. Дар соли ҷорӣ низ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат” дар соли 2024 ба тасвиб расидааст.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо тақсимот ба ду гурӯҳ дар алоҳидагӣ — муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шакли нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.
Озмун аз рӯйи ҳафт номинатсия: математика (арифметика, алгебра, геометрия); физика ва астрономия; химия; биология (ботаника, зоология, анатомия); география; технологияи иттилоотӣ; ихтироъкорӣ ва навоварӣ гузаронида шуда, аз чор давр иборат мебошад.

Дар озмун донишу истеъдоди иштирокчиён аз рӯйи донишҳои назариявии донистани қонуну қоидаҳо, теоремаву аксиомаҳо, назарияҳо, дуруст фаҳмонида додани моҳияти ҳодисаҳо ва равандҳои табиат, ҳалли масъалаҳои амалӣ ва корҳои озмоишӣ, инчунин намоиши дастоварди илмӣ ва навовариҳо муайян мешавад.

Мушоҳидаҳо ва баррасиҳо маълум менамоянд, ки баргузории озмун тайи солҳои 2021-2024 нишон дод, ки дар байни ҷавонону наврасони ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бамаротиб зиёд гардида, барои дарёфт ва тарбияи мутахассисони баландихтисоси муҳандисию техникӣ замина гардидааст. Дар соли ҷорӣ низ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат” дар соли 2024 ба тасвиб расидааст. Даври ҷамъбастии озмун бошад санаи 28-уми ноябри соли 2024 ба анҷом расид.

Санаи 30-юми ноябри соли 2024 дар Муассисаи давлатии театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат», ки ҳамасола бо сарпарастии Пешвои муаззами миллат ташкил ва баргузор мегардад, пуршукӯҳ доир гардид.
Хушбахтона дар қатори ғолибон ду нафар донишҷӯёни факултети табиӣ-риёзии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, Юнусзода Нусратулло Маҳмадшариф донишҷӯи курси чоруми ихтисоси математика-физика аз рӯи номинатсияи «Математика» сазовори ҷойи 2- юм ва Ёрова Нигора донишҷӯи курси чоруми ихтисоси информатика аз рӯи наминатсияи технологияи иттилоотӣ сазовори ҷойи 3-юм гардиданд. Дар вазъияти тантанавӣ ба донишҷӯёни фаъоли донишкада, тӯҳфаҳои пулӣ ва диплом тақдим гардид, ки ин боиси ифтихори тамоми мардуми сарбаланди минтақаи Рашт, бахусус ҳайати кормандон ва омӯзгорони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт мебошад.

Мо ҳайати кормандон ва омӯзгорони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф хусусан таваҷуҳ нисбати илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ сидқан минатдор буда, аз Пешвои маорифпарвари худ ифтихор дорем.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва дигаргуншавии тамаддунҳо моро зарур аст, ки аз имкониятҳои фароҳамовардашуда сармаранок истифода намуда, барои боз ҳам бештар инкишоф додани илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ саҳмгузор бошем, зеро инкишофи миллат ба илму маорифи он сахт алоқаманд буда, ояндаи ҳар як миллати соҳибдавлат ба мардуми он вабастагии зич дорад. Мо омӯзгорон ва ҷавонон дар пайрави аз сиёсати маорифпарварони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар сохаи илму маориф» бо кӯшишу талошҳои хеш метавонем саҳми босазои хешро гузорем ва зарае ҳам бошад ба халқу миллати худ хизмат намоем.

Дар ниҳоят, бояд гуфт, ки истиқлол ҳадяи бебаҳост, аммо ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат аст. Ҳар як фарди огоҳи тоҷик бояд дарк кунад, ки ояндаи Ватан дар дасти мост ва танҳо бо ваҳдат, заҳмат, садоқат ба Ватан ва худшиносии баланди миллӣ метавон ба қуллаҳои баланд расид. Шоиста ба зикри хос аст, ки танҳо ба шарофату истиқлолият ва пойдории ваҳдат имкон фароҳам омад, ки соҳаи маориф, илм, фарҳанг, иқтисод ва дигар бахшҳои ҳаёт рӯ ба рушд оварданд. Дар воқеъ баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бо суръати баланд рушд намуда, заминаҳои устувори илмӣ ва амалиро барои пешрафти ҷомеа ба амал оварданд.

Камолов Мирзомуддин,
Мудири кафедраи химия-биологияи
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон
дар ноҳияи Рашт

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *