13.09.2025

САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

0


«Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣпайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки санаи 9-уми сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст, барои мо, тоҷикон, эҳёи давлатдории миллӣ ва оғози ислоҳоти бузурги иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангиву маърифатӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.
Истиқлол — волотарин ва арзишмандтарин дастоварди давлат ва миллати тоҷик маҳсуб мешавад. Маҳз 34 сол қабл, як санаи сарнавиштсоз дар таърихи миллати тоҷик ба вуқуъ пайваст — Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман эълон гардид. Ин санаи фараҳбахш ибтидои моҳи сентябри соли 1991 ба амал омад ва рӯзи 9-уми сентябр ҳамчун Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон рӯз то имрӯз, ин санаи муборак барои тамоми тоҷикон чун ид ва рамзи муқаддаси давлатдориву ватандорӣ арҷгузорӣ ва таҷлил мегардад. Истиқлолият барои ҳар як давлату миллат арзиши бузург аст, ки бо чизе баробар намешавад. Он нишонаи озодӣ, худшиносӣ ва оғози роҳи нави таърихии миллат ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад.
Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистони дар давоми 34 соли Истиқлол дар партави сиёсати сулҳҷуёна ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои наҷиби ҷаҳонии ин шахсияти нотакрори тавоно тавонист ҷойгоҳи шоистае, дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони имрӯза чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар муаррифӣ шудааст. Соҳибистиқлолӣ барои мардуми шарафманди тоҷик ба осонӣ ба даст наомад. Гумроҳию нодонии мардум ва ҳирсу ҷаҳолатпарасти баъзе хоҷагони беруна ба сари мо ҷанги хонмонсӯзро бор намуданд, тоҷик бо ҷангу хунрезӣ, шикасту парешонӣ ва дарду аламҳои бешумор рӯ ба рӯ гашт. Ба таъбири устод Айнӣ «мо, тоҷикон… шамшери зангзадаи ҷаҳлу ҷаҳолати аз бобоён мерос мондаро боз аз нодонӣ ба сари якдигар бардоштем» ва ёд овардан талх ҳам бошад, харобкориву хунрезӣ кардем. Ва хуб шуд, ки ақли солим боло гирифту тоҷик Пешвои ҳақиқии худро дарёфт кард ва бо роҳбарии ӯ ба қуллаи мурод то имрӯз расидем.
Бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат омӯхтани таърихи Ватан, эҳё ва рушди худшиносии миллӣ ва бедории сиёсӣ дар ҷомеа рӯ ба афзоиш ниҳод. Имрӯз ҳар як шаҳрванд ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёзманд гардида, ҷиҳати пайравӣ аз сиёсати Роҳбари раиятпарвар дар татбиқи сиёсати давлатӣ сайъу кушиш дорад.
Соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ неъмати нотакроре мебошад, ки барои ҳифзу бақои он масъулияти хеле баланд ва ҷиддӣ талаб карда мешавад. Чунин масъулияти баланд дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид ва бо шарофати сиёсати оқилонаю дурандешонаи Сарвари давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намуд.
Пешвои миллат имкониятҳои даврони соҳибистиқлолии давлатро ба манфиати рушди ояндаи миллату давлат истифода карда тавонистанд.
Барои ба даст овардани истиқлолият агар мушкил бошад, нигоҳ доштану ҳифз кардани он аз ин ҳам мушкилтар аст. Нигоҳдошти истиқлолият ва ваҳдати миллӣ вазифи ҷавонони бонангу номуси миллат мебошанд.
Яке аз бузургтарин сармояи давлат ин ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мебошад. Бо шарофати Истиқлол, як қатор иқдоми созанда аз ҷониби Пешвои миллат рӯи кор омаданд, ки яке аз ин иқдомҳои нек қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳони имрӯза дар 192 давлати дунё эътироф менамояд. Қайд кардан зарур аст, ки бо қабул намудани Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаҳониён ҳамчну давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ шудаст. Махсусан, бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёди низоми нави давлатдорӣ ибтидо гузошта, барои такмили марҳила ба марҳилаи низоми идоракунии давлатӣ ва ислоҳоти идораи давлатӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Ин аст, ки имрӯзҳо моро бо номи «Тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «Забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф менамоянд.
Қайд карда зурур аст, ки дар моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми «соҳибихтиёрӣ» истифода бурда шудааст. Соҳибихтиёрӣ пурра муаррификунанда ва ифодагари Истиқлоли давлатӣ аст. Чунин ҳолат барои миллатсозӣ ва давлатсозӣ аҳамияти бениҳоят зиёд дорад. Бисёре аз олимон бар он назаранд, ки вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат, бахусус эҳсоси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва дарки рисолати таърихӣ аз шуури одамон вобаста мебошад. Равандҳои бунёдкорию созандагӣ, ободонӣ ва ислоҳоте, ки бо ташаббуси Пешвои миллат ва давлат дар ҷомеа анҷом пазируфтаанд, ҳамагӣ барои тағйири муҳити кишвар буд, то ки ба шуури миллии сокинони кишвар таъсири мусбат расонида шавад.
Имрӯз мардуми тоҷик ба хидматҳои фарзандони барӯманди хеш бо нигоҳи амиқ ва бо умед менигарад. Барои мардуми тоҷик чунин шахсият дар замони муосир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки бо корномаи беназирашон шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд. Яке аз хидматҳои таърихию мондагор ва ватандӯстонаи ин сиёсатмадори бузург гирифтани пеши роҳи хунрезиҳо дар кишвар ва ноил шудан ба сулҳу салоҳ мебошад.
Ба таври мухтасар хидматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба таври зайл метавон рақамзанӣ намуд:
Бо сарварии хирадмандона ва фидокорию ҷонбозиҳои Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони ҷангзада сулҳу осоиш ба даст омада, ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи сиёсӣ ҳукмфармо гардид.
Хатари аз байн рафтан ва пора шудани давлати Тоҷикистон бо кӯшишҳои Пешвои миллат бартараф карда шуд.
Пешвои миллат ба бедории тафаккури сиёсии мардум мусоидат карда, дурнамои ояндаи сохти давлатдориро тарҳрезӣ намуданд, ки бо номи давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона (унитарӣ) маълуму машҳур мебошад.
Ба ташаккул ва мустаҳкам гардидани сохтори ниҳодҳои интизомии мамлакат асос гузоштанд.
Президент ба инкишофи ҷомеаи мадании шаҳрвандӣ мусоидат карда, ваҳдату ягонагӣ ва ватандӯстиро шиори аҳли ҷомеа эълон намуданд.
Падидаи сулҳ дар кишвар бо номи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи қавӣ дошта, он ҳамчун модели сиёсии ба ҷанг нуқта гузоштан ва омили асосии таҳкими сулҳу ваҳдат барои кишварҳои ҷангзадаи дунё хидмат мекунад.
Шуҳрату нуфузи Тоҷикистон ба ҳайси як давлати мустақил дар ҷаҳон боло рафт ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки тарроҳаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, мавриди омӯзишу ибрати ҷаҳониён гашт.
Низоми нави давлатдорӣ ба миён омада, иқтисоду иҷтимоиёти кишвар рушду такомул ёфт ва некуаҳволии аҳли ҷомеа таъмин гардид.
Ин ҳама хидмат ва таъмини сулҳ дар кишвар, аз як тараф, заминаҳои асосии ваҳдати миллӣ, руҳияи созандагӣ, инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, эътибору нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва амсоли инҳо гардида
Ба таври хулоса, метавон зикр намуд, ки саҳми, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идоракунии давлат нақши марказӣ дорад ва пас аз ба даст овардани истиқлолият ба рушди кишвар таъсири назаррас гузоштааст. Аз ин рӯ, бо боварии комил гуфта метавонем, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асосгузори Тоҷикистони муосир буда дар таърихи тоҷикон абадӣ хоҳад монд.

Ализода И.И., дотсенти кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *