26.01.2026

ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ

0

Камолов М.Т.
Мудири кафедраи химия-биологияи
ДОТ дар н. Рашт

ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛА

«Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳу поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад. Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳиси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забон пайванд медонам»
Эмомалӣ Раҳмон

Забон яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳастии миллат мебошад. Ҳар миллате, ки забони худро ҳифз мекунад, воқеан арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии худро нигоҳ медорад. Забон на танҳо воситаи муошират аст, балки рамзи ҳастии миллат ва воситаи худшиносии миллӣ мебошад.

Дар тӯли таърих забон ҳамчун оинаи миллат хизмат кардааст. Маҳз тавассути забон наслҳои гузашта дониш, таҷриба ва фарҳанги худро ба наслҳои оянда интиқол додаанд. Агар забон аз байн равад, бисёр арзишҳо ва мероси маънавӣ низ нобуд мешаванд.

Забони модарӣ яке аз нишонаҳои аввалини мансубияти этикӣ ва миллии ҳар шахс маҳсуб мешавад. Яке аз вазифаҳои забон ин аст, ки шахсро бо ниёгонаш пайванд мекунад ва маҳсули маънавии ӯ асоси худшиносии миллӣ мегардад. Забони модарӣ лафзи ширину муқаддас барои ҳар як инсон аст. Тифле, ки нав ба олами ҳастӣ чашм боз мекунад, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ суръат мегирад, ниёз дорад ва таҳти навои фораму дилнишини он худро бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад, сазовори навои баландмазмуни модар гардад. Чунки он азиз аст, шево садо медиҳад ва аз лаҳни форамаш дилу дида, қалбу ҷон ором мегирад, зеро он лафзи модарист. Инсон забони модарии худро аз хурдӣ дарк мекунад. Ҳанӯз дар батни модар кӯдак каломи модарро мешунавад. Вақте ки ба дунё меояд тадриҷан ба гуфтугуи забоне шурӯъ мекунад, ки дар оила бо он гуфтугӯ мекунанд.

Аҷаб гуворост лафзи модар, суфтаю ба дил қарин аст забони модарӣ. Забони баландҳиммате, ки Саъдию Ҳофиз, Синою Хайём, Бедилу Низомӣ бо он ҳарф мегуфтанд. Забони ширину шоиронае, ки Айниву Лоҳутӣ, Мирсаиду Турсунзода, Бозор Собиру Лоиқ Шералӣ, Муъмин Каноату Гулрухсор номдораш гардонидаанд, ки имрӯз аз ҳастияш ифтихор дорем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26.12.2019) барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ рисолати модаронро хотирнишон сохтанд: «Бонувону модарони мо бояд муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзанд». Барҳақ, таълимдиҳандаи аввалини забон модаронанд ва беҳуда онро забони модарӣ нагуфтаанд. Аз ин рӯ, одоби сухан ва фарҳанги гуфторро кӯдакон аз модарон меомӯзанд.
Мардум дар маҷлису маъракаҳо ва матбуот андешаҳои худро вобаста ба мақоми забони тоҷикӣ иброз менамуданд. Пас аз саршавии раванди демократикунонии ҷомеа дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар нимаи дуюми солҳои 80-уми асри ХХ мардум ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, пешниҳод намуданд, ки дар ҶШС Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ мақоми забони давлатӣ дода шавад.

Ҳамин тавр, санаи 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)” қабул карда шуд. Ин қонун заминаи мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ гардид. Аз ҳамин рӯз сар карда то соли 2009 дар саросари ҷумҳурӣ санаи 22 июл ҳамчун рӯзи “Рӯзи забон” таҷлил мегардид.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати муқаррар намудани низоми нави давлатдорӣ ва асосҳои сохтори конститутсионӣ санаи 06 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Мувофиқи моддаи 2-и ин санади олии ҳуқуқӣ забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад.

Рушди илму фарҳанг дар замони соҳибистиқлолӣ зарурати таҳия ва қабули қонуни нав дар бораи забонро тақозо намуд. Ҳамин тавр, санаи 05 октябри соли 2009 “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд. Ин қонун истифодаи забони давлатиро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони инфиродӣ танзим менамояд.
Аз соли 2009 сар карда мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” санаи 05 октябр ҳамчун “Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Забони тоҷикӣ имрӯз ба забони илму фарҳанг табдил ёфта, чорабиниҳои илмӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд, олимони мо асарҳо ва мақолаҳояшонро бо риояи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ таҳия карда, ҷиҳати инкишофи забон сайъу кӯшиши зиёд менамоянд».

Дар ин забон осори ҷовидонаи устод Рӯдакӣ падари адабиёти классикии тоҷик, «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, «Гулистон»-у «Бӯстон»-и Саъдӣ, ғазалҳои пурҳикмати Ҳофиз, асарҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Абулмаонӣ Бедил ва садҳо шоиру олими барҷастаи дигар офарида шудаанд. Ин мероси ғанӣ собит месозад, ки забони тоҷикӣ яке аз ганҷинаҳои нодири фарҳанги башарист.
Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ мебошад. Тавассути забони давлатӣ муносибатҳои расмӣ, санадҳои ҳуқуқӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ ба роҳ монда мешаванд. Бо ҳамин забон қонунҳо қабул мегарданд, илму фарҳанг рушд меёбад ва ҷомеа ба сӯи пешрафт қадам мегузорад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд: «Забон рукни давлатдорӣ ва ҳастии миллат аст».

Дар ҳақиқат, маҳз тавассути забони модарӣ миллати тоҷик тавонист, ки дар тӯли садсолаҳо фарҳангу тамаддуни худро нигоҳ дошта, то ба даврони истиқлолият бирасонад.

Забони тоҷикӣ, ки мероси чандинҳазорсолаи ниёгони мо мебошад, дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи наву шоиста пайдо кард. Дар ин ҷода саҳми Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург ва таърихист. Маҳз бо ташаббус ва сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат забони тоҷикӣ ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ эҳё ва рушд ёфт.
Бо сиёсати забондӯстонаи Сарвари давлат, имрӯз забони тоҷикӣ дар тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, расонаҳои омма ва дигар сохторҳо ҳамчун воситаи асосии муошират истифода мешавад. Бо дастгирии Пешвои миллат, ҳамасола бахшида ба Рӯзи забон конфронсҳои илмӣ, озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ҳамоишҳои фарҳангӣ ва нашри китобҳои илмӣ-оммавӣ доир мегарданд. Ҳадафи ин ҳама чорабиниҳо баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ дар ҷомеа мебошад.

Президенти мамлакат ба ҷавонон ҳамеша таъкид мекунанд, ки бояд забони модариро бо эҳтиром омӯзанд ва онро поку фасеҳ истифода баранд. Дар баробари забонҳои хориҷӣ, ки воситаи дастрасӣ ба илмҳои муосир мебошанд, истифодаи дуруст ва ифтихор аз забони модарӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҷавонони тоҷик дониста мешавад.

Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки забони тоҷикӣ ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ ва омили ваҳдати миллӣ бо сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат рушд ва такомули бесобиқа ёфтааст.

Ифтихори забондорӣ, масъалаи омӯзиши забону адабиёт ва таъриху фарҳанги миллати тоҷик ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Таълифоти таърихиву адабӣ ва забоншиносии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба нашр расидан ва ба забонҳои русӣ, арабӣ ва англисӣ тарҷума гардидани асари «Забони миллат – ҳастии миллат» ба вуҷуд омадааст. Эҷоди ин асар на танҳо мавриди омӯзиш ва баррасии забоншиносон қарор дорад, балки диққати ховаршиносону таърихнигорон ва адабиётшиносони сатҳи ҷаҳониро низ фарогир мебошад.

Асари Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» аз зумраи он асарҳоест, ки на танҳо сарчашмаи илҳомбахши дӯстдорони забони тоҷик ба ҳисоб меравад, балки дар он муҳимтарин масъалаҳои забониву таърихӣ аз дидгоҳи нави илмӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд. Ҳарчанд дар самти забоншиносии тоҷик барои омӯзиши таърихи забони тоҷикӣ донишмандони тоҷик корҳои судманде анҷом додаанд, аммо китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» аввалин китоби фарогирест, ки таърихи тайкардаи забони тоҷикиро аз қаъри таърих то қарни мо бо ҳама нокомиву бурдбориҳояш дарбар мегирад. Асари мазкур аз муқаддима, шаш боб, зерфаслҳо ва хулосаву китобнома иборат буда, масъалаҳои зиёди илмӣ, махсусан забоншиносиро дар бар мегирад.
Мо соҳибзабонон аз ин ифтихор намуда, барои поку беолоиш нигоҳ доштани он пайваста ҷаҳд хоҳем кард. Беҳуда нест, ки дар яке аз суханрониҳои хеш Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин маънӣ фармудаанд: «Мо ифтихор аз он дошта бошем, ки соҳиби чунин забони ширину гӯшнавози қадимӣ ва пурғановат, забони илм ва шеъру адаби оламгир ҳастем. Бояд ба қадри он расем, меҳрашро дар қалби фарзандонамон ҷо кунем ва ин анъанаро аз насл ба насл диҳем».

Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.
То ҳарф занад ба тоҷики тифли шумо,
Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *