РИСОЛАТИ ОМӮЗГОРӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Омӯзгорӣ аз замонҳои қадим то имрӯз ҳамчун яке аз муқаддастарин ва масъулиятноктарин пешаҳо шинохта шудааст. Омӯзгорон таҳкурсии маърифат, ахлоқ ва ҷаҳонбинии наслҳоро мегузоранд ва ҳамчун асосгузорони пешрафти ҷомеа эътироф мешаванд. Дар даврони муосир, ки ҷаҳоният ба сӯйи рақобати зеҳнӣ ва навоварӣ ҳаракат дорад, рисолати омӯзгор беш аз пеш муҳим ва сарнавиштсоз гардидааст.
Таърих гувоҳи он аст, ки дар ҳар ҷомеае, ки илму маърифат рушд кардааст, нақши омӯзгорон ҳалкунанда будааст. Чунонки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намудаанд: «Омӯзгор сарчашмаи нур ва раҳнамои роҳи дурусти зиндагист. Ҳама бурду бохти ҷомеа ба донишу маърифати омӯзгор ва садоқати ӯ ба касб вобастагӣ дорад.» (Суханронӣ ба муносибати Рӯзи омӯзгор, 5 октябри 2022).
Ин суханони Пешвои миллат нишон медиҳанд, ки омӯзгор танҳо нақши омӯзиши фаннӣ надорад, балки ӯ поягузори маънавияти миллӣ ва инсоният мебошад.
Яке аз хислатҳои хоси омӯзгор ин аст, ки ӯ на танҳо дониш медиҳад, балки шахсият месозад. Ӯ бо ҳар сухан, ҳар амалу рафтор ва ҳар тасмим ба тарбияи ахлоқӣ, ватандӯстӣ ва маънавии шогирдон таъсир мерасонад. Саъдии бузург мефармояд:
«Ба дониш гар андар ҷаҳон кор нест,
Хирадмандро беҳтар аз мор нест.»
Ин байт таъкиди он аст, ки бе дониш ва омӯзгор ҷомеа дар зулмати ҷаҳолат мемонад.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (моддаи 18) омадааст: «Омӯзгор шахсест, ки дорои таҳсилоти тахассусии касбӣ буда, фаъолияти таълимӣ ва тарбиявиро амалӣ менамояд ва барои ташаккули маърифат, ҷаҳонбинӣ ва ахлоқи хонандагон масъул аст.»
Аз ин нукта бармеояд, ки омӯзгор танҳо интиқолдиҳандаи дониш нест, балки ӯ масъул ва кафили ташаккули шахсияти инсони навин мебошад.
Бидуни омӯзгор, дигар касбу ҳунарҳо, аз ҷумла муҳандис, табиб, иқтисоддон ва ҳатто худи омӯзгори дигар, наметавонанд ташаккул ёбанд. Яъне омӯзгор пояи тамоми касбу кори ҷомеа мебошад. Ин фикрро мутафаккири Юнони Қадим, Арасту низ дастгирӣ мекунад: «Касоне, ки ба кӯдакон таълим медиҳанд, сазовортар аз онҳоянд, ки онҳоро ба дунё овардаанд, зеро онҳо ба онҳо зиндагии воқеӣ медиҳанд.» (Арасту).
Бо вуҷуди ин, на дар ҳама ҳолат мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа он гуна, ки зарур аст, баҳо дода мешавад. Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ки беҳтар гардидани сифати таҳсилот ва рушди нерӯи зеҳнии миллат бе боло бурдани мақоми омӯзгор имконнопазир аст.
Омӯзгорӣ пешаи оддӣ нест, балки ин як рисолати муқаддас аст, ки ба тақдири миллат, рушди маърифат ва устувории иҷтимоӣ алоқаманд аст. Аз ин рӯ, ҷомеа бояд ба омӯзгор на танҳо эҳтиром гузорад, балки шароити муносиб барои фаъолияти босамари ӯро фароҳам созад. Мақоми омӯзгор бояд на фақат дар қонун, балки дар тафаккур ва амали ҷомеа баланд ва муқаддас нигоҳ дошта шавад.
Ба ибораи дигар, ҳар куҷое омӯзгор арҷманд бошад, он ҷо миллат соҳибмаърифат ва дорои фардои дурахшон хоҳад буд.
Рӯзи иди касбӣ муборак устодони азиз!
Миршарифзода Эмомалӣ Қурбоналӣ — сардори Раёсати таълими Донишкада