АРТИШИ МИЛЛӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

0
АРТИШИ МИЛЛӢ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ
Дар охири асри ХХ низоми сиёсии ҷаҳон ба дигаргуниҳои амиқ рӯ ба рӯ гардид. Пароканда шудани Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ на танҳо ба барҳам хӯрдани як абарқудрати ҷаҳонӣ, балки ба ташаккули давлатҳои мустақили миллӣ замина гузошт. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуда, ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид. Ин рӯйдод барои миллати тоҷик оғози бунёди низоми мустақили давлатдорӣ, иқтисоди миллӣ ва сиёсати амниятӣ ба шумор мерафт. Аммо истиқлолият дар баробари имкониятҳо, масъулияти бузурги таъмини субот ва ҳифзи тамомияти арзии кишварро низ ба миён гузошт.
Дар шароити солҳои аввали истиқлолият Тоҷикистон бо мушкилоти ҷиддии сиёсӣ ва низомӣ рӯ ба рӯ гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба пояҳои давлатдории навбунёд зарбаи сахт зад, зарурати таъсиси сохтори муназзами ҳарбиро ба масъалаи сарнавиштсоз табдил дод. Маҳз дар чунин шароит 18 декабри соли 1992 бо фармони Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуданд. 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он ҳамчун санаи расмии таъсиси Артиши миллӣ пазируфта шуд.
Хусусияти ташаккули Артиши миллӣ аз он иборат буд, ки ҷумҳурӣ аз инфрасохтори мукаммали ҳарбӣ, техникаи муосир ва кадрҳои кофии касбӣ қариб маҳрум буд. Бар хилофи баъзе ҷумҳуриҳои дигар, Тоҷикистон аз Артиши собиқ Шуравӣ мероси ҷиддии низомӣ нагирифт. Норасоии афсарони соҳибтаҷриба, генералҳо ва мутахассисони баландрутба раванди ташкили сохторҳои мудофиавиро мушкил мегардонд. Бо вуҷуди ин, бо такя ба иродаи сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстии ҷавонон, Артиши миллӣ тадриҷан ташаккул ёфт ва ба як ниҳоди муҳими давлатдорӣ табдил гардид.
Марҳилаи аввалини ташаккул (1992–1997) ба бунёди пояҳои ҳуқуқӣ ва сохтории Қувваҳои Мусаллаҳ равона шуда буд. Дар ин давра қонунҳои асосӣ, аз ҷумла «Дар бораи мудофиа» ва «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардиданд. Ҳадафи асосӣ таъсиси сохторе буд, ки тавонад истиқлолият, тамомияти арзӣ ва оромии ҳаёти осоиштаро таъмин намояд.
Марҳилаи дуюм (1997–2005) баъди имзои Созишномаи сулҳ оғоз гардид. 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҷанги бародаркуш хотима бахшид. Дар ин давра азнавташкилдиҳии сохтории Артиш, таъсиси Қӯшунҳои хушкигард, ҳарбию ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ амалӣ гардид. Ин марҳила ба касбияти бештар ва мутамарказсозии идоракунӣ замина гузошт.
Марҳилаи сеюм, ки аз соли 2005 то имрӯз идома дорад, давраи ислоҳот ва муосирсозии Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳисоб меравад. Татбиқи барномаҳои давлатии рушди Артиш, таҳкими базаи моддиву техникӣ, ворид намудани таҷҳизоти муосир ва такмили омодагии ҷангӣ аз самтҳои асосии ин давра мебошанд.
Дар масъалаи тайёр намудани кадрҳои касбӣ таъсиси Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва Коллеҷи ҳарбӣ аҳамияти калидӣ дорад. Ин муассисаҳо дар тӯли солҳои истиқлолият ҳазорҳо афсарони соҳибихтисосро омода намуда, сафи Қувваҳои Мусаллаҳро бо мутахассисони миллӣ пурра карданд. Ҳамзамон, ҳамкориҳои байналмилалӣ бо давлатҳои гуногун ва иштирок дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва дигар созмонҳои бонуфуз ба баланд бардоштани сатҳи касбият ва таҷрибаи ҷангӣ мусоидат намуданд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои гуногун дар шароити мураккаб, аз ҷумла дар минтақаи Рашт (2010), Хоруғ (2012) ва ҳодисаҳои соли 2015, садоқат ва омодагии худро дар ҳифзи сохти конститутсионӣ нишон доданд. Ҷонфидоии афсарону сарбозон гувоҳи он аст, ки Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлат хизмат мекунад.
Дар баробари вазифаҳои мудофиавӣ, Артиши миллӣ дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ нақши муҳим мебозад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби ҷасорат, интизом ва масъулиятшиносӣ мебошад. Татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ ва таъмини шароити муносиби хизмат низ ба болоравии нуфузи Артиш мусоидат мекунад.
Дар маҷмӯъ, таҷрибаи зиёда аз си соли рушди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки Артиши миллӣ яке аз пояҳои асосии давлатдории соҳибистиқлол ба шумор меравад. Он ҳамчун кафили сулҳу субот, ҳифзи тамомияти арзӣ ва амнияти миллӣ хизмат намуда, дар шароити муосири геополитикӣ нақши стратегии муҳим дорад.
Хулоса, таҳкими минбаъдаи иқтидори мудофиавӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва мутобиқсозии Артиш ба таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ вазифаи доимии давлат ва ҷомеа мебошад. Артиши миллӣ на танҳо нерӯи ҳарбӣ, балки рамзи истиқлолият, ягонагӣ ва пойдории давлатдории тоҷикон аст.
Абдуназар ТАҒДИРОВ,
Муовини декан оид ба таълими факултети педагогика ва варзиш, муаллими калони кафедраи таърих ва методикаи таълими он, ДОТ дар ноҳияи Рашт

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *