АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ УСТУВОРИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАКТАБИ ВАТАНДӮСТӢ


АРТИШИ МИЛЛӢ – СИПАРИ УСТУВОРИ ИСТИҚЛОЛ ВА МАКТАБИ ВАТАНДӮСТӢ
Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз саҳифаҳои дурахшони тақвими давлатдории навини мо ба шумор меравад. Ин рӯз на танҳо санаи ҷашнӣ, балки рамзи қудрати давлат, таҷассумгари иродаи миллӣ ва нишони масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан аст.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993, дар айёме, ки давлатдории миллӣ дар марҳилаи ҳассоси ташаккул қарор дошт, таъсис дода шуданд. Ин иқдоми таърихӣ дар шароити бисёр мураккаби сиёсиву ҳарбӣ сурат гирифта, барои ҳифзи истиқлол, таъмини якпорчагии кишвар ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ заминаи боэътимод фароҳам овард.
Бо ташаббус ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва моддиву техникии артиш гузошта шуда, сохтори муназзами низомӣ таъсис ёфт.
Дар муддати нисбатан кӯтоҳ Артиши миллӣ ба неруи муназзам, боинтизом ва қобили эътимоди мудофиавӣ табдил ёфт. Дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ хизматчиёни ҳарбӣ бо садоқат ба савганди ҳарбӣ дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва барқарорсозии сулҳу субот саҳми арзанда гузоштанд. Шуҷоат, фидокорӣ ва ҳисси баланди масъулияти онҳо барои наслҳои имрӯз ва фардо намунаи ибрат мебошад.
Имрӯз Артиши миллии Тоҷикистон ба як ниҳоди пурқувват ва касбӣ мубаддал гардидааст. Таҷдиди сохтор, такмили низоми омодагии ҷангӣ, муҷаҳҳазгардонӣ бо техникаву технологияҳои муосир ва баланд бардоштани сатҳи касбияти ҳайати шахсӣ гувоҳи онанд, ки масъалаи амнияти миллӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад.
Дар шароити ҷаҳони пуртазод ва вазъи зудтағйирёбандаи геополитикӣ таҳдидҳои нав аз қабили терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти хатарзо тақозо менамоянд, ки иқтидори мудофиавии давлат пайваста таҳким ёбад. Артиши миллӣ дар ин раванд ҳамчун сипари боэътимоди давлат амал намуда, кафили сулҳу оромӣ ва суботи ҷомеа мебошад.
Бо вуҷуди он ки Артиши миллӣ неруи ҳарбӣ аст, рисолати он танҳо ба ҳифзи марзу бум маҳдуд намешавад. Он мактаби бузурги тарбияи ҷавонон мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷавонписарон ҳисси ватандӯстӣ, интизом, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатиро таҳким мебахшад.
Дар ин раванд нақши муассисаҳои таълимӣ низ муҳим аст. Аз ҷумла, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ҳамчун маркази маърифат ва тарбияи кадрҳои ҷавон дар ташаккули рӯҳияи ватандӯстии донишҷӯён саҳми арзанда мегузорад. Баргузории чорабиниҳои тарбиявию маърифатӣ ва вохӯриҳо бо хизматчиёни ҳарбӣ ба таҳкими худшиносии миллӣ мусоидат менамояд.
Дар фарҷоми ин суханон бо камоли эҳтиром ва сипосгузорӣ ба ҳамаи сарбозони шуҷоъ, афсарону командирони далери Ватан муроҷиат менамоем. Шумо посдорони марзу буми муқаддаси кишвар, ҳомиёни сулҳу субот ва кафилони амнияти ҷомеа мебошед. Хизматҳои содиқона, шабзиндадориҳо, омодабошии ҳамешагӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстонаи шумо мояи ифтихори миллат аст.
Бигзор дар қалби ҳар як сарбоз шуҷоат, дар нияти ҳар як афсар масъулиятшиносӣ ва дар фаъолияти ҳар як командир адолату инсоф роҳнамо бошад. Ба шумо тансиҳатӣ, иродаи матин, сарбаландӣ дар иҷрои вазифаи муқаддас ва саодати рӯзгор таманно дорем.
Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Бигзор неруи мусаллаҳи кишвар ҳамеша сипари устувори истиқлол, рамзи қудрати давлат ва мояи ифтихори ҳар як тоҷикистонӣ боқӣ монад!
Бо эҳтиром,
Камолов Мирзомуддин,
мудири кафедраи химия-биологияи
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт,
унвонҷӯи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ.