ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ИСТИҚЛОЛ ВА АМНИЯТИ ТОҶИКИСТОН

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ИСТИҚЛОЛ ВА АМНИЯТИ ТОҶИКИСТОН
Қувваҳои мусаллаҳ яке аз рукнҳои муҳими давлатдории миллӣ ба шумор рафта, ҳамчун сипари боэътимоди истиқлол, тамомияти арзӣ ва амнияти кишвар хизмат менамоянд. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои сиёсӣ ва геополитикӣ бо суръати баланд тағйир меёбанд, нақши неруҳои ҳарбӣ дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини суботу оромӣ аҳамияти хосса касб намудааст.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ вазифаи муҳим – таъсиси артиши миллӣ ва ташкили низоми мудофиавии мустақилро гузошт. Қувваҳои Мусаллаҳ як мақоми муҳим дар таърихи давлатдорӣ ва амниятӣ кишвар буда, бо мақсади ҳифзи сарҳадҳо, ҳимояи сулҳ ва истиқлолият, ҳамчунин иҷрои вазифаҳои маъруфи амниятӣ ва ҳарбӣ таъсис ёфтааст. Қувваҳои Мусаллаҳ нақши муҳим дар таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ дошта дар шароити ҷуғрофӣ давлат ва миллатро аз ҳар гуна таҳдидҳои террористӣ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ муҳофизат менамоянд. Ҳамчунин дар рушди иқтисодии кишвар нақши муҳим дорад, зеро амният ва субот заминаи асосии рушди иқтисодӣ мебошад.
Ҳамасола яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ, ва сипари боэътимоди Ватан мебошад, дар кишвар бо шукуҳи хоса таҷлил мегардад. Ёдовар мешавем, ки Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳақиқат зодаи даврони истиқлол мебошад, ки ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти он таҳти хатари нобуди қарор дошт.
Нахустин кӯшиш дар ин замина фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми декабри соли 1991 “Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ” буд. Баъдтар 4-уми январи соли 1992 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкил намудани Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 10-уми июни соли 1992 Фармон дар бораи таъсиси “Фронти халқӣ” ва 17-уми сентябри соли 1992 Фармон дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расида бошанд, ҳам вале вобаста ба авзои носолими сиёсӣ ва мураккаби оғози истиқлоли давлатӣ имконият ва шароити таъсиси яке аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол, яъне Қувваҳои Мусаллаҳ ба Тоҷикистон муяссар нагардид. Зеро кишвар дар шароити басо душвор ва мураккаби сиёсию иҷтимоӣ қарор дошт. Зеро дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ идома дошту нарасидани озуқаворӣ, сару либос, техникаю муҳимоти ҷангӣ ва амсоли онҳо дар ҳар қадам эҳсос мешуд.
Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ 9 сентябри соли 1991, Тоҷикистон бо мушкилоти зиёде дар соҳаи мудофиа ва таъмини амнияти кишвар рӯ ба рӯ гардид. Дар чунин шароит зарурати ташкили нерӯҳои низомии миллӣ ба миён омад. 23 феврали соли 1993 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар расман таъсис дода шуд ва ҳамасола 23 феврал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Артиши миллии Тоҷикистон як неъмати муҳим барои амнияти давлат ва бунёди сулҳу субот дар кишвар мебошад. Бо таваҷҷуҳ ба таҳдидҳои амниятӣ ва вазъияти мураккаби минтақавӣ, артиш вазифаҳои муҳими худро ба иҷро мерасонад ва барои ҳифзи истиқлолият ва суботи Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Дар оянда, ҷиҳати таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, артиши Тоҷикистон бояд ба таври мунтазам таҷҳизот ва маърифатҳои навро қабул кунад.
Ин рӯз яке аз санаҳои муҳими таърихӣ ва рамзи ифтихори миллӣ ба шумор меравад. Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун ниҳоди муҳими давлатдорӣ, кафили амнияти миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбанд. Ҷашни мазкур на танҳо барои низомиён, балки барои тамоми шаҳрвандони кишвар муҳим мебошад, зеро он ҳифзи марзу буми Ватан ва оромии ҷомеаро таҷассум мекунад. Боиси зикр аст, ки таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон дар шароити мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон омили устувори худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳувияти миллӣ ва бақои миллату давлат ба шумор меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28-уми декабри соли 2023 ироа гардид, воқеъбинона таъкид намуданд, ки новобаста аз “вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир — терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем.
Бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд. Ҳукумати мамлакат дар ин самт, аз ҷумла доир ба навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи чораҳои заруриро андешида истодааст ва ин равандро минбаъд низ идома хоҳад дод. Ҳадафи мо аз навсозии имкониятҳои Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам беҳтар таъмин намудани амният ва суботи кишварамон мебошад. Сиддқан метавон иброз намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ бо шарофати хизмати содиқонаи афсарону сарбозон ва риояи волоияти қонун аз рӯзи таъсис то имрӯз рушду такомул ёфта истодааст.
Инак, 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифта, барои ояндаи дурахшону созанда ва боз ҳам дар сатҳи байналмилалӣ омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусии онҳо, баланд бардоштани сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар замони пурошубу вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молиявию иқтисодӣ қарзи фарзандию номуси ватандории ҳар як афроди худшиносу худогоҳи ҷомеаи тоҷикистонӣ ва шахсони мутасаддии ин соҳа маҳсуб меёбад.
Умеди бузург дорем, ки минбаъд низ зери дастгириҳои ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти хеш дар роҳи ба эътидол овардани вазъи мамлакат, пуштибонии сулҳу субот, фурӯ нишондани ошӯбҳои исёнгарона ва зарбаи қатъи задан ба ҳамлаҳои берунӣ, несту нобуд сохтани гурӯҳ ва дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор, пешгирии табаддулотҳои ҳарбӣ ва қочоқи маводи мухаддир хизмати беназири хешро барои суботу амнияти Ватани маҳбуб дареғ нахоҳанд дошт. Мардуми сулҳпарвари тоҷик дар симои Кувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони содиқи Ватанро мебинад ва дилпурона дар роҳи бунёдкориву созандагӣ бо азму талош кору зиндагӣ мекунад. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”.
Дар ҷаҳони пуртазоди имрӯз, ки хатари терроризм, экстремизм ва дигар таҳдидҳои фаромиллӣ мавҷуданд, нақши Қувваҳои мусаллаҳ боз ҳам бештар мегардад. Онҳо на танҳо марзҳои давлатро ҳифз мекунанд, балки ҳамчун омили муҳими суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар баромад менамоянд. Ҳамин тариқ, Қувваҳои мусаллаҳ ифодагари қудрат, ирода ва ваҳдати миллӣ мебошанд. Ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд буда, эҳтиром ба сарбозону афсарони артиш эҳтиром ба истиқлол ва давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Танҳо бо неруи артиши қавӣ ва муттаҳид метавон сулҳ, амният ва рушди устувори кишварро таъмин намуд.
Мояи ифтихор аст, ки имрӯз бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар баробари мардон занону бонувон низ хизмати содиқона намуда истодаанд. Бешубҳа, саҳми занону бонувони тоҷик дар рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандӣ назаррас аст.
Аз фурсати муносиб истифода намуда, тамоми хизматчиёни ҷузъу томҳои ҳарбиро ба ифтихори истиқболи ҷашни 33-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, осмони софу беғубор, зиндагии шоиста, хизмати сидқан бовафоро ба халқу миллати тоҷику тоҷикистониён орзу менамоям. Ҳамеша сарбаланду шоистаи таҳсин бимонед, зеро масъулиятшиносию ватандӯстию ватанпарастии Шумо афсарону сарбозони далери миллати тоҷбарсари тоҷик кафили амну суботи кишвар аст.
Кулли афсарону сарбозони шуҷоъи миллати тоҷик ва тоҷикистониёнро бо ин ҷашни фархунда муборакбод мегӯям!
Ҷамолов Нурмуҳамад Маҳмаҷонович
н.и.х., дотсенти кафедраи химия-биология.