ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — НИГОҲДОРАНДАИ ФАРҲАНГ ВА АСОЛАТИ МИЛЛӢ
Партов Н.З.
И.в. декани факултети педагогика ва варзиш,
ДОТ дар н. Рашт
ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — НИГОҲДОРАНДАИ ФАРҲАНГ ВА АСОЛАТИ МИЛЛ
Забон яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллӣ ва давомияти таърихии ҳар миллат ба шумор меравад. Забони модарӣ ҳамчун оинаи шуури ҷомеа ва таҷассумгари асолати маънавӣ ва фарҳангии мардум хизмат мекунад. Забони тоҷикӣ, ки яке аз куҳантарин ва ғановтмандтарин забонҳои олам аст, дар тӯли асрҳо на танҳо воситаи муошират, балки воситаи ҳифзи мероси фарҳангӣ, таърихӣ ва арзишҳои миллӣ будааст.
Фарҳанги миллати тоҷик беш аз ҳама тавассути забон ба наслҳои оянда интиқол ёфтааст. Осори бузургони адабу фарҳанг, аз қабили Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ ва дигарон, бо забони тоҷикӣ эҷод шуда, то имрӯз чароғи маънавият ва илму ҳикматро равшан нигоҳ доштааст. Забони тоҷикӣ бо қудрати бадеӣ ва илмиаш на танҳо ҷомеаи тоҷиконро муттаҳид кардааст, балки ба фарҳанги ҷаҳонӣ низ ҳиссаи арзанда гузоштааст.
Нақши забон ҳамчун нигоҳдорандаи асолати миллӣ дар он зоҳир мегардад, ки он рамзи ҳувият ва ҳастии миллат аст. Миллатҳое, ки забони модарии худро аз даст додаанд, тадриҷан фарҳанг ва арзишҳои худро низ гум кардаанд. Аз ин рӯ, ҳифзу рушди забони тоҷикӣ ба маънои ҳифзи худшиносӣ ва давлатдории миллӣ мебошад.
Дар давраи истиқлолият мақоми забони тоҷикӣ ба таври қонунӣ таҳким ёфт. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» заминаи мустаҳкам барои рушди он гузошт. Ҳамзамон, сиёсати фарҳангии давлат ва Пешвои миллат ба ҳифзи покизагии забон, тавсеаи истилоҳоти илмӣ ва мутобиқ сохтани он ба талаботи замони муосир нигаронида шудааст. Ин тадбирҳо имконият медиҳанд, ки забони тоҷикӣ ҳамчунон ба ҳайси забони илму фарҳанг, сиёсат ва муносибатҳои байналмилалӣ рушд кунад.
Аз дидгоҳи илмӣ, забон дорои хусусияти гӯё ва рамзӣ аст: он на танҳо василаи муошират, балки низоми маърифати иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошад. Маҳз тавассути забон ҷаҳонбинии мардум, ормонҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ шакл мегиранд ва ба оянда интиқол меёбанд. Дар ин замина забони тоҷикӣ василаи бунёдии муттаҳидсозандаи ҷомеа ва пойдории ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад.
Бо назардошти таҳаввулоти ҷаҳони муосир, ки бисёр миллатҳо бо хатарҳои аз даст додани забони модарии худ рӯбарӯянд, масъулияти тоҷикон дар ҳифзи забони тоҷикӣ боз ҳам бештар мегардад. Забон бояд аз таъсири бегона, аз ифлосшавии лексикӣ ва аз бетаваҷҷӯҳии иҷтимоӣ эмин нигоҳ дошта шавад. Тақвияти омӯзиши забони тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимӣ, корбурди он дар илм ва техника, инчунин густариши нақши забон дар шабакаҳои иттилоотӣ ва ҷаҳонии рақамӣ вазифаи муҳим ва таърихист.
Хулоса, забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтор ва навиштор, балки нигоҳдорандаи фарҳанг, рамзи миллӣ ва пояи худшиносии мардум аст. Миллати тоҷик то он даме, ки забони худро пос медорад ва бо ифтихор онро меомӯзад ва ба наслҳои оянда мерос мегузорад, фарҳангу ҳувияти худро ҳифз хоҳад кард. Аз ин рӯ, ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа ва пояи устувории давлатдории миллӣ мебошад.