13.09.2025

РОҲҲОИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

0

Ҳамасола дар Паёмҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ҳама ҷанбаҳои сиёсии дохиливу хориҷии мамлакатамонро ироа менамоянд. Гар дар умум ба умқи ҳама нуктаҳои дарҷгардида дар Паём диққат намоем соросар ҳама гуфтаҳо метавонанд роҳҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро марбут ба касбияту мақоми ишғолнамуда ё новобаста аз инҳо фарогир бошанд. Рушду нумӯи давлат дар пешрафти сиёсати дохиливу хориҷӣ, ғамхорӣ ба ҳама аҳли ҷомеа, бунёдкориву сулҳу субот ин худ доштани нерӯи бузурги беохири  ванатдӯстӣ ва дили бузургест, ки меҳри халқу миллаташ дар он ҷой дорад ва ҳар нафаре метавонад тарбияи ватандӯстиву ватандориро аз  амалҳои Пешвои миллат ва ҳар як нуктаи  Паём бархурд намояд.

   Менигарем ба оммафаҳмтарин нукта. Ҳамасола дар Паёмҳо аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати тарбияи дурусти насли ҷавон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад, ки асоси пешрафти ояндаи мамлакатамонро дар омода кардани мутахассисони  соҳибкасб, аз донишҳои замони муосир бархӯрдору тарбияи дурустдошта меҳисобанд. Дар Паёми навбатӣ  масоили мазкур таҳлилу баррасӣ гардида ва аз ҷумла омадааст: “Сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангори кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид  барои таълиму тарбия мебошад” .

    Имрӯз ҷомеа, волидайн ва омӯзгорон бояд дарки амиқ аз он дошта бошанд, ки тарбия ҷараёни васеъу мураккаб буда, бо насле сару кор доранд, ки ҳамчун шахсияти эътирофгашта дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар илму маърифат ва бо тарбияи баланди фарҳангии аз аҷдодонамон меросмонда, шинохтаву эътироф гарданд. Президенти кишвар дар Паём қайд намуданд : “Мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем”.

     Аз ҷумла мо омӯзгорон вазифадорем мунтазам маҳорату малакаи касбии худро рушд диҳем, зеро омӯзгор аз омӯхтан боз монад чеҳраи омӯзгорияшро гум месозад. Аммо бо ин рисолати мо анҷом намепазирад, дониши доштаро истифода бурдан ва насли наврасу ҷавонро хубтар тарбият кардан ин вазифаи касбӣ ва изҳори ватандӯстии мо пеши миллату давлат аст.

     Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтаанд:

    Илм чу донӣ, зи амал сар мапеч,

Дониши бекор наарзад ба ҳеҷ.

    Маҳаки асосии расидан ба дарки мафҳуми Ватан ва дӯст доштани он аз доштани дониши мукаммали устод  ва додани таълиму тарбияи дуруст ба насли имрӯзи мо сарчашма мегирад, зеро танҳо шахси босавод ба камол расида, метавонад мавқеи шахсии худро пайдо созад ва Ватанро ободу аз бегонагон ҳифз намояд.

Тақозои  ҷаҳони муосир насли ҷавону ихтироъкоро сол то сол бештар талаб намудан аст. Ҷомеаи имрӯзаи мо барои боз ҳам дурустар тарбия намудани насли ҷавон бояд бештар ғамхор бошад. Ғамхорӣ намудан ба фарзанд ва дар замири онҳо бедор сохтани ҳисси ватандӯстӣ ва дарки сохтани ояндаи шоиста бояд аз овони тифли оғоз ёбад. Оила вазифадор аст, ки фарзандро тарбияи дурусти ахлоқӣ намуда, барои аз худкунии донишҳои замони муосир  дар баробари муассисаҳои таълимӣ масъулиятӣ ҷиддӣ зоҳир намояд, зеро маҳз тарбияи дурусту ҳамаҷониба аз оила маншаъ мегирад. Ҷавони хуб тарбият ёфта метавонад ба ҳамаи масъалаҳои сиёсии ҷаҳони имрӯз аз даричаи ақлу хирад дуруст баҳогузорӣ карда тавонад. Амният ва суботи кишвар ҳадафи асосии давлат ва миллат буда, уҳдадории амиқро дар назди ҷавонон мегузорад. Ҷавони имрӯза бояд дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ, ватандӯсту ватанпарвар  ба камол расида, аз таърихи ниёгони худ бархӯрдор бошад. Пешвои миллат бо самимияти хоса дар Паём дарҷ намудаанд : “ Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд”. Ба ин бовариҳо бояд сазовор бошем. Дуруст тарбия  намудани ҷавонон, ки як қишри бузурги ҷомеаи моро ташкил медиҳанд ва ояндаи миллату давлат маҳз аз донишу ахлоқи ҳамида, ҷасорату матонати онҳо дар ҳифзи марзу буми Ватан, ифтихору ғурури баланди тоҷикона доштан, маҳсуб мегардад.

        Бояд тазаккур дод, ки варзиш низ дар баробари дигар самтҳо   дар тарбияи ташаккулёбии худшиносии  ҷавонон нақши калидӣ мебозад. Пешвои миллат Президенти Ҷурҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳман  дар Паёми соли 2023 қайд намуда буданд: “Танҳо соли 2023 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобикаҳои сатҳи байналмилалӣ 343 медал, аз ҷумла 108 тилло, 76 нукра ва 159 биринчӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2022 226 медал зиёд мебошад”.   Дар Паёми навбатии соли 2024 дар ин самт қайд гардид:  “Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10 ҳазор иншооти соҳаи варзиш бунёд карда шуд, ки нисбат ба 70 соли сохти гузашта даҳҳо баробар зиёд мебошад”.     

Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим пайваста чораандешӣ намудааст. Аз ҷумла дар ноҳияи Рашт 158 иншооти гуногуни варзишӣ, ки аз ин 98 адад майдонҳои варзишӣ,  18 адад майдончаҳои варзишии  замонавӣ, 25 адад толори варзишӣ, 3 адад клуби варзиши калон, 3 адад ҳавзҳои шиноварии мавсимӣ ва 2  мактаби варзишӣ  мебошад, ки бо самар фаъолият доранд. Бо ташаббуси  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 Маҷмааи варзишӣ дар назди  Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо тамоми таҷҳизотҳои варзиши муҷаҳҳаз гардида, сохта ба истифода дода шуд, ки дар он на танҳо донишҷӯёну омӯзгорон балки сокинони маҳал низ тамрин менамоянд. Маҷмааи маскур дорои сексияҳои тамрини гуштини ҶУДО, футбол, волебол, боскетбол, батмингтон, тениси рӯи миз, шоҳмот, ва шашка буда, дар майдони варзишгоҳ барои 1600 нафар ҷой нишаст муҳайё гардида аст. Ҳамаи ин ғамхории ҳукумати кишвар барои мардуми маҳал мебошад.

        Албата боиси сарфарозист, ки мардуми  Тоҷикистон зери фазои муътадили сиёсӣ ва ормиву сулҳу субот зиндагӣ доранд ва қиёс ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мардуми кишвар моҳияти худшиносии миллӣ ва самараи сулҳу оромиро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти кишвар дида хуб дарк намуданд. Маҳз ҳамин маданияти баланди сиёсӣ доштани мардуми кишвар имкон дод, ки дар раддабандии соли 2023 Тоҷикистон дар Шохиси ҷаҳони тартибот ва ҳуқуқ миёни 141 давлат бо касби 96 имтиёз амнтарин давлати ҷаҳон дониста шуд. Барои пойдор мондани ин раванд соли «Маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 низ ба маврид буд.

Новобаста аз ин мунтазам мо дар суханрониҳои Пешвои миллат аз ҷумла дар паёмҳо мешунавем, ки бояд ҳушёрии зиракиву сиёсиро аз даст надиҳем, ба ҷаҳони пур аз ҳаводис бохирадона баҳогузорӣ карданро хубтар омӯзем, зеро ин барои амнияти ҳар як оила, маҳалл ва аз ин бузург миллату давлат тақозои замонаст. Дар Паёми навбати низ қайд гардид: “Ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии  сарзамини  аҷдодӣ,  сулҳу оромӣ,  суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд”.

Ҳодиса ва воқеаҳое, ки солҳои охир дар минтақа ва ҷаҳон боиси нооромӣ ва ноамнӣ гашта истодааст, ташвишовар буда, метавонад дар ҳолати беаҳаммиятии баъзе нафарони ноогоҳ ба оромиву осоиштагии кишвар хатар эҷод кунад. Яроқнокшавии бошитоб дар ҷаҳон ҳамарӯза метавонад ба амнияти ҷаҳонӣ монеа пеш орад. Дар баробари яроқнокшавии бошитоб ҷанги сард ва терроризм низ сол то сол мутаассифона авҷ гирифта истодааст.

Ҷавонони моро зарур аст, ки аз ин гуна падидаҳои хатарзо канорагирӣ намуда, зиракии сиёсиро хубтар дарк намоянд. Вазифаи комил ва солим тарбият намудани наврасону ҷавононро волидон, омӯзгорон ва муҳити ҷомеа бояд  дар мадди аввал гузоранд, зеро ояндаи давлат ва ҷомеаи мо бевосита аз ҷавонони солимфикр, таълиму тарбияи дурустёфта, ватандӯст ва худогоҳ вобастагӣ дорад.

      Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон яке аз ҳадафҳои бевоситаи ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Албата бедор намудани хотираи таърихии халқу миллати тоҷик, бештар рӯ овардан ба таърихи аҷдодонамон ҷанбаҳои зиёде дорад.  Яке аз ин ҷанбаҳо баланд бардоштани ифтихори миллӣ аз доштани таърихи пурғановат аз қадим ва мустаҳкамтар намудани ҳиси ватандориву ватандӯстии шаҳрвандон мебошад, ки бевосита дарк месозанд, ки идомадиҳанда ва ҳифзкунандаи фарҳангу тамаддун ва аҷдодони бузурги мо ҳастанд.

       Вакте  ба саҳфаи таърих назар меандозем, дар симои халқи тоҷик як миллати кӯҳантамаддуну  фарҳангофаро мешиносем, ки бо ақлу ирода ва қалами маърифатии хеш тавонистааст қарнҳо чеҳраи тоҷиконро новобаста аз шебу фарозҳо дар таърихи ҷаҳонӣ муаррифӣ созад. Чархи таърих дар ҳаракат ҳаст, аммо он ба василаи фаъолияти зубдагони миллат пеши назари мо ҷилвагар мешавад, ки бо рисолаташон зиндагонии башариятро дар ҳассостарин лаҳзаҳо аз торикиҳо ба суи рушаниҳо раҳнамун сохтан будааст.

Ҳaмa хaлқу миллaтҳои дунё, вaтaни   aҷдодии ниёгон вa тaърихи пурпечутоби худро дорaнд. Дaр aсоси бозёфтҳову сaрчaшмaҳои тaърихӣ, aсaрҳои олимону нaвисaндaгони пешин вa муҳaққиқони имрӯзaи мо тaърихи пaйдоиш вa зaминҳои aҷдодии ҳaр як хaлқу миллaтро мaвриди омӯзиш қaрор медиҳем вa эҳтиром гузоштaнро бa ниёгону фaрҳaнг, муқaддaсот, мaрзу бум вa хоку оби он aз рӯйи aдолaт  меҳисобем. Тaърих худ гувоҳ ҳaст, ки тули қaрнҳо aз низоъҳову ҷaнгҳои хaлқиятҳо, одамон дар aсорaти ғуломӣ гирифтор, шaҳрҳо бa хок яксон вa тaмaддунҳо aз бaйн рaфтaaнд.  Шояд гӯшаи зaмине нест, ки дaр он хун нaрехтa бошaд. Бо мурури зaмон вa гaрдиши чaрхи тaърих хaлқи тоҷик низ нишебу фaрози зиёдеро пaси сaр нaмудa, новобaстa aз зулму истибдод  тaвонист зaбону фaрҳaнги худро ҳифз намояд ва тамаддуни боеро дар мисоли бузургтарин чеҳраҳои илмӣ-адабӣ Сино, Берунӣ, Ал-Хоразмӣ, Закариёи Розӣ ва амсоли инҳо бузургони зиёде ба ҷаҳониён эҳдо намояд.

    Таърихи солҳои соҳибистиқлолии мо боз ҳам ҷолибтару мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён мебошад ва танҳо як расидан ба ваҳдати миллӣ ва ба эътидол овардани вазъи ноороми ҷумҳурӣ дар як мудати кӯтоҳро сиёсатмадорону донишмандони зиёди дохиливу хориҷӣ,  баррасӣ намудаанд ва то ҳол мавриди таҳқиқот қарор медиҳанд.

    Дар Паёми навбатӣ Президенти маҳбубамон низ сари ин масоилҳо таъкид намудаанд: “Моро зарур аст, ки ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати худ ва муаррифии боз ҳам бештари онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем”.

Аз ин нуктаҳои Паём бар меояд, ки уҳдадории мо омӯзгорон дар тарбияи насли ҷавон ва ояндасоз дучанд зиёд бошад. Ҷавононро  аз таъриху фарҳанги аҷдодӣ бештар бохабар созем. Волидайнро зарур аст, ки нисбати фароҳам овардани шароити мусоид барои фарзандони худ, бештар кӯшиш намоянд. Таълиму тарбияи насли ҷавони ҷомеа чун ба души омӯзгор аст, тақозо аз он менамояд, ки  барои тарбият намудани мутахассисони ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аҳли зиё  масъулияти баланди касбӣ ҳис намоянд, зеро ҷомеаи моро ба ҷуз мо дигаре обод намесозад.

                                                             н.и.т., дотсент  Шарифова М.Қ.

                                                             Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон

                                                             дар ноҳияи Рашт

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *