МАКТАБИ СУЛҲОФАРИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ВА РОБИТАҲОИ ДУҶОНИБАИ ТОҶИКИСТОН БО ҚИРҒИЗИСТОН

0

     

 (Дар ҳошияи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон)

      12 марти соли 2025 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон сурат гирифт. Ин сафар дар равобити ду кишвар саҳифаи наверо боз намуд. Зеро, муносибатҳои ин ду давлат пас аз барҳамхурии Иттиҳоди Шуравӣ ва соҳибистиқлол гардидани давлатҳо на ҳама вақт хуб роҳандозӣ гашта буданд.
      Равобити ҳамсоягии некро байни ин ду кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ номуайянӣ дар хати сарҳади давлатӣ, яъне делимитатсия ва демаркатсияи он дар солҳои зиёд хатчадор намуда буд. Ҳарчанд дар ибтидои Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон бо Қирғизистон равобити хуби ҳамсоягӣ барқарор намуда, дар ин замина муносибатҳои дипломатӣ байни онҳо 14 январи соли 1993 барқарор гардид. Ҷумҳурии Қирғизистон, ҳамзамон дар паст намудани шиддати ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон низ иштироки фаъол намуда, яке аз равандҳои мулоқот дар сатҳи олӣ дар таърихи 16-18 майи соли 1997 дар пойтахти ин кишвар сурат гирифт, ки шароитро барои имзои «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» муҳайё сохт.
      Бо гузашти айём, махсусан дар ибтидои асри ХХI ҳамкориҳои ин ду кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ тира шудан гирифтанд, ки ин боз аз номуайян будани сарҳади давлатӣ рабт дошт. Ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар талош меварзиданд, ки ҳарчи зудтар ҳалли ниҳоии онро дарёбанд, аммо дар давоми солҳои 2002-2021 ба натиҷаи зарурӣ дар заминаи омилҳои дохилӣ ва берунӣ дастёб намешуданд. Баъд аз соли 2021 ҷонибҳои ҳайати ҳукуматии давлатҳо талош намуданд, ки ба низои бисёрсолаи худ хотима бахшанд. Дар натиҷаи гузашткуниҳо ва ба назар гирифтани манфиатҳо аз ҳар ду ҷониб марҳила ба марҳила масъалаи сарҳади давлатӣ ҳалли ниҳоии худро ёфт.
     Барои мо, халқи Тоҷикистон, ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон, мояи ифтихор ва сарбаландӣ мебошад, ки баъзе нофаҳмиҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки як баҳси деринаи марзӣ буд ва давра ба давра ба даргириҳои мусаллаҳона табдил меёфт, ва бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат ва ҳамдигарфаҳмӣ бо роҳбарияти Ҷумҳурии Қирғизистон ба таври куллӣ ҳалли худро ёфт.
     Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992 дар ҳалли ин масъала пайваста талош менамуданд. Саҳмашонро дар ҳалли ин баҳс метавонем чун як амали стратегияи дарозмуддат ва талошҳои муваффақонаи дипломатӣ баррасӣ намоем. Чунки Пешвои миллат ба таҳдидҳо ба ҳаёт ва саломатӣ, фишори равонӣ, нобудшавии манзил, талафоти молу-мулкии шаҳрвандони Тоҷикиситон ва дигар мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии онҳое, ки дар муносибати мавзеи сарҳадӣ бо Қирғизистон иқомат менамоянд, инчунин ба шиддати носолими байни миллатҳо хотима гузоштанд.
      Мактаби сулҳофарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, як таҷрибаи фаромарзӣ аст, ки барои тамоми башарият намунаи ибрат ва як шакли сиёсии давлатдорӣ барои сохтани сулҳу амонӣ дар минтақа ва дар ҷаҳон мебошад. Сулҳ, ки на танҳо ба муносибатҳои байни давлатҳо, балки ба зиндагии одамон ва рушду равнақи ҷомеа низ таъсир мерасонад, дар сиёсати Пешвои миллат як ҷузъи асосӣ ва роҳнамоӣ мебошад. Ин мақсад, ки таъмини оромӣ ва субот дар тамоми минтақа ва ҷаҳон аст, ба ин манзур асолат ёфтааст, ки робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар марҳилаҳои мухталиф ва дар зинаи муосир ин масъаларо пурра нишон медиҳад.
Тавре Рустам Ваҳҳобзода дар порчаи шеърии хеш баён намудаанд:
Нест бартар ошён аз ошёни дӯстӣ,
Ин замин дорад шино бар осмони дӯстӣ.
Ҳар камоне дар ҷаҳон як ранг дорад – ранги марг,
Ҳафт ранги зиндагӣ – рангинкамони дӯстӣ.
Ҳамзабонон садзабон гарданд аз як ҳарфи ҷанг,
Гуфтугӯ дорад ҷаҳон бо як забони дӯстӣ.
Қаҳрамони ҷанг дар насли башар бисёр ҳаст,
Ормони халқ бошад қаҳрамони дӯстӣ.
Чун Сиёвуш дар дили оташ супорад имтиҳон,
Он ки охир мешавад соҳибқирони дӯстӣ.
Хандаи гул, тобиши хуршед, ҷавлони насим,
Зиндагӣ сад ранг бинмояд нишони дӯстӣ.
Бо тани хокӣ чу шуд ҷони самовӣ ошно,
Одамиро зинда медорад равони дӯстӣ.
      Дар ҷараёни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон, ба якчанд масъалаҳои ҳалталаб дар ҳамкориҳои дуҷониба диққат доданд, ки муҳимтарин онҳоро метавон дар рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, марз, таъмини амният ва ҳамоҳангсозии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ном бурд. Пешвои миллат бо интихоби созишномаю ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои маориф, нақлиёт ва иқтисодӣ робитаи дӯстона ва ба ҳам пайвасташударо тақвият бахшид. Воқеан, чунин ёдоварӣ дар муносибатҳо танҳо як рамзи сулҳ нест балки як навъ стратегияи байналмилалӣ аст, ки нишон медиҳад, ки сиёсати сулҳҷӯёна ва ҳамкории мутақобил метавонад барои рушди устувор ва амнияти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ фоидаовар бошад.
      Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти кишвари дӯсти мо Қирғизистон муҳтарам Садри Жапаров низ бо таъкид ба ҳуқуқи инсон, нигоҳдории суботи марзӣ ва ташкили ҳалли мусолиматомез барои мушкилоти марзи ду кишвар ба ҷаҳониён шодобӣ ва оромии мунтазами давлатҳоро нишон медиҳанд. Ҳамкориҳо ва робитаҳои дӯстона ва дуҷониба метавонанд шабакаи нав ва мустаҳкамии муҳими байналмилалӣ таъсис диҳанд, ки барои дигар кишварҳо дар масъалаи муносибатҳои байнидавлатӣ намунаи олӣ бошанд.
      Мактаби сулҳофарии Пешвои муаззами миллат ба ҷаҳониён нишон медиҳад, ки сулҳ ва амният на танҳо ба манфиати давлат, балки ба манфиати тамоми мардум ва башарият аст. Ин мактаб инъикоси равиши дуруст дар сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ буда, барпо кардани таҳкими робитаҳо ва ҳамкориҳои мутақобила байни кишварҳоро рафъи ягонаи мушкилоти ҷаҳони муосир мешуморад.
Чунончӣ Абдуллоҳи Раҳнамо дар порчаи шеърии худ мефармояд:
Бори дигар сулҳ кардӣ ҷангро,
Боз кардӣ ин гиреҳи тангро,
Эй мураббӣ, эй абарустоди сулҳ,
Бар ҷаҳон омӯз ин фарҳангро!
      Фаъолияти Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ходими намунавии сиёсии сатҳи байналмилалӣ бо чандин мукофотҳои байналмилалӣ қадрдонӣ шудааст. Аз ҷумла бо Ҷоизаи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид, Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои саҳми бузург дар таҳким ва рушди Иттиҳод, дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории судманд дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Медали тиллои Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият “Ба ифтихори таҳкими сулҳ ва ризоияти байни мардумон” ва бо орден, медал, нишонҳои зиёди давлатҳои алоҳидаву созмонҳои минтақавию байналмилалӣ.
      Робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон, бо ташаббусҳои сарони ду кишвари бо ҳам дӯст тавсеа ёфта, намунаи ибрати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ба назар мерасад, ки сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми кишварҳо як роҳнамоии муҳим аст, ки метавонад дар самти рушди осоишта ва амнияти тамоми кишварҳо кӯмак кунад.

Камолов Мирзомуддин Толибович,

мудири кафедраи химия-биологияи

Донишкадаи омӯзгории

Тоҷикистондар ноҳияи Рашт

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *