ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН КУШОЯНДАИ МАРЗҲО ВА ПАЙВАНДГАРИ ХАЛҚҲОСТ
Бо ташаббуси Пешвои сулҳҷую сулҳпарварамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муносибати халқҳои тоҷику қирғиз ҳамаҷониба густариш ёфтанд.
Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамеша ҷонибдори сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон буда, роҳи ҳалли ҳама мушкилотҳоро бо роҳи гуфтушунид ва ҳамкорӣ мебинад, бо сиёсати хирадмандона ва иродаи қавӣ барои таҳкими сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон ҳамеша кӯшиш менамояд.
Ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешниҳоди «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар Созмони Милали Муттаҳид барои тамоми мардуми сайёра худ далели ин гуфтаҳост.
Мо ҷавонон аз сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, ҷонибдори ва пайрави намуда, дар пешрафти кишвари азизамон саҳми худро мегузорем.
Поянда бод расми хуби тоҷикон гарм дар оғӯш гирифтани дусту ҳамсоягон.