13.09.2025

Истиқлоли давлатӣ пуштибон ва муҳаррики маорифи миллӣ

0

Муродзода Бахтиёр, номзади илмҳои филологии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

Истилоҳи Истиқлол дар луғот ба маънои “худигардонӣ, озодӣ, адами вобастагӣ ба дигарон буда, ин мафҳум дар заминаҳои мухталиф монанди сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳато фардӣ” ба кор бурда мешавад. Яъне давлат, ниҳод ё фарди соҳибистиқлол бояд ба маънои томаш тавонад умури худро бо ирода ва ихтиёри худ идора кунад ва аз таассуроти ғайр вобаста набошад. Арз бояд кард, ки фард (шаҳрванд), ниҳод ва давлат – ҷавҳари бунёдии соҳибистиқлолии давлатӣ ба ҳам алоқамандии ногусастанӣ доранд. Вале, дар радабандӣ мавқаеи ҳар кадом бо фарқиятҳои ҷузъӣ тасниф мешаванд. Истиқлоли фардӣ тобеи истиқлоли ниҳодӣ ва истиқлоли ниҳодӣ тобеи истиқлолӣ давлатӣ мебошанд. Агар давлат ҳамчун ниҳоди сиёсӣ шомили маҷмуаи афрод, созмонҳо ва ниҳодҳои идоракунандаи як кишвар маҳсуб шавад, пас метавон хулоса намуд, ки Тоҷикистон бо назардошти онки дар заминаи силсилаи ҷумҳуриҳои мухтор бар асли тақсими нажодӣ дар ҳудуди Аморати Бухорои собиқ таъсис ёфтааст комилан давлати миллист.
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи асосии эҳё, рушд ва ҳифзи арзишҳо ва масоили миллиро дар замони муосир фароҳам кард. Ин масоил аз муҳимтарин ҷузъҳои ҳастии давлат ва миллат арзёбӣ мегарданд. Давраи соҳибистиқлолӣ шароити мусоиде барои густариши масъалаҳои марбут ба миллат фароҳам омад. Шояд чунин шароит дар муддати тулонии таърихи миллати тоҷик фароҳам наомада бошад. Ифтихоре баландтар аз он нест, ки фарде дорои истиқлоли фикрӣ бошад, чи ҷойи баҳс аз он ниҳод ё давлате, ки соҳиби Истиқлол бошад. Арзишҳои миллӣ хеле зиёданд, вале дар ин доира маориф ва илм мақоми марказиро касб менамояд. Дар меҳвари сиёсати Президенти мамлакат қарор гирифтани масъалаҳои илму маориф аз арзиши олӣ доштани ин масоил барои давлат ва миллат далолат мекунад. Дар иртибот ба масъалаи мавриди назар боис ба таъкид аст, ки зуҳури истиқлоли давлатӣ – зуҳури масъулияти миллиро тақозо менамояд. Омили мазкур таъкид бар он дорад, ки ҳар як фарди тоҷик бояд ба густариши масъалаҳои миллӣ пардозад. Дар ин ҷода масъулияти бузургтаре аз иштироки фард – фарди ҷомеа дар рушду инкишофи раванди маорифи миллӣ ба назар намерасад.
Дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 декабри соли 2021 дарҷ гардидааст: “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”. Дар ҷодаи хизмат ба миллат эҳтиром, ҳифз ва муаррифии манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ, ва тарди тафаккури маҳалгароӣ, ки ҳадафи бунёдии омӯзгор аст мавқеи омӯзгор дар мадди аввал меистад. Зимнан бояд қайд кард, ки эҳтиром, ҳифз ва муаррифии манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ набояд миллигароии ифротиро ба худ касб намояд. Миллатгароии ифротӣ як навъ ҷунбиши сиёсӣ аст, ки бартарӣ ва манфиатҳои миллати худро беш аз ҳар чизи дигаре қарор медиҳад ва бо танаффур, хусумат ва ҳатто хушунат нисбат ба миллатҳо ё гурӯҳҳои дигар ҳамроҳ аст.
Таваҷҷуҳи хос ба мактабу маориф дар андеша ва афкори ниёкони мо мушоҳида мешавад, вале чуноне болотар арзёбӣ гардид, он имконоте, ки дар заминаи Истиқлоли давлатӣ барои ташаккул ва рушди ин соҳа ба миён омадааст, масъулият ё “бори гарони меҳнат” – и омӯзгор (Албатта омӯзгори асил – М.Б.) – ро гаронтар менамояд. Имконот – ба маънои омезиши илму маърифат ва касбу ҳунар. Натиҷаи фаъолияти масъулини соҳаи илму маориф самараи ин меҳнати созанда дар фаъолияти даспарварони онҳо тавассути самти фаолияташон баҳогузорӣ мегардад. Ба андешаи Президенти мамлакат: “Ниёгони бузурги миллати тоҷик дар масири таърихи бостонии халқамон ба омехтани илму маърифат ва касбу ҳунар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути осори ҷовидонаи худ инсониятро ба роҳи фаро гирифтани илму дониш ҳамчун омили раҳоӣ аз нодониву ҷаҳолат ва расидан ба рушди тараққиёт ҳидоят кардаанд”. (Иқтибос аз матни суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш, 01. 09. 2023)
Дар пайравӣ аз ин сиёсат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имконот истифода намуда, дар ин давра тибқи гуфтаҳои Президенти мамлакат “… дар ҷумҳурӣ 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта ба истифода дода шуд. Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои типи нав фаъолият доранд.” (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, 28.12.2024, шаҳри Душанбе)
Дастовардҳо дар самти рушди инфрасохтори соҳаи маориф назаррас арзёбӣ мегарданд, ки иттилооти вобаста ба ин тавассути расонаҳои хабарӣ ҳамарӯза интишор мегардад ва аксар хутбагон то андозае дар доираи дарк ва фаҳми худ дар ин росто маълумот доранд.
Чуноне ки аз зуҳури масъулият ҳарф задем дар робита ба масъалаи мавриди таваҷҷуҳ суоле чанд ба миён меояд, ки тадқиқ ва таҳқиқи воқеъбинона ва ҷудогонаро аз нигоҳи мутахассисони соҳа тақозо менамоянд. Аз ҷумла, оё омӯзгорон давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ тавонистаанд ба натиҷаҳои мавриди ҳадаф расида бошанд? Барнома ва стратегияҳои қабулшуда, ки марбути соҳа мебошанд ба рушд, ташаккул ва густариши маорифи миллӣ чи алоқамандӣ доранд ва то кадом андоза ҳадафу мақсадҳои онҳо ба иҷро расонида шуданд? Агар мақсади асосии фаъолияти омӯзгорӣ маҷмуи масоили миллиро дар замири шаҳрвандон ҷой додан бошад, пас оё омӯзгорони замони Истиқлоли давлатӣ дар ин ҷода то кадом андоза комёб шудаанд? Мавзуоти баҳси ҷудогона мебошанд.
Дар зимн бояд иқрор шуд, ки натиҷаи ҳар амалкард аз рӯйи сифати он баҳогузорӣ мегардад, на аз рӯйи теъдод ё шумора. Арзиши амал дар беҳтарӣ на дар бештарии он арзёбӣ мегардад. Ҳамзамон, бояд иқрор шуд, ки он масъулияте, ки муаллим ва масъулини соҳаи маориф ва илм дар ҷодаи ватандорӣ ва тарбияи хештаншиносии аҳолӣ ба уҳда доранд, масъулини ягон сохтори дигар он уҳдадориро дар шароити кунунӣ надоранд. Меҳнати омӯзгор дар кадом давлат ё миллате набошад, холисона барои рушду нумуи кишвар ва тарбияи шаҳрвандони он равона мешавад.
Имрӯзҳо таввасути расонаҳои хабарӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи ҳирфаӣ баланд бардоштани мақоми омӯзгор роиҷ аст. Ба андшеаи ғолиб, дар баррасии масоили мухталиф бештар ба масълаҳои мавриди баҳс такя намудан ба манфиати кор аст. Мақоми омӯзгорро беҳ аз омӯзгор ягон ниҳод ва сохтори дигар баланд бардошта наметавонад. Омӯзгори воқеӣ, ки ҳаёти худро ба миллат бахшидааст, умри ҷовидона касб мекунад ва ҳамеша ба некӣ дар ёду фикри шогирдон ҳасту дар ҷомеа мақоми хос дорад. Баҳои омӯзгори воқеиро халқ медиҳад ва “ҳар ки боварии халқро арзанда мегардад…” умри ҷовидона касб мекунад.
Истиқлоли давлатӣ омили асосии танзимкунандаи унсурҳои манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ маҳсуб мешавад. Маорифи миллӣ ҷузъе аз он арзишҳое мебошад, ки дар замони соҳибистиқлолӣ густариш ёфт.
Ба андешаи ин ҷониб, мафҳуми маорифи миллӣ ифодакунандаи фаъолияти як ниҳоди иҷтимоӣ мебошад, ки барои миллат хизмат мекунад. Дар зимн ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ба истилоҳ аҳли маориф дар шароити кунунӣ бояд ҳатман ва ба маънои томаш, агар чунин иддао қобили пазириш бошад, шомили аъзои иттифоқи маорифчиёни миллӣ бошанд.
Ҳамин андеша ҳам ба тори хотир нохун мезанад, ки таърихи зуҳури ҷараёни маорифи миллӣ аз бунёди ҳаракати маорифпарварона бо сарварии Аҳмад махдуми Дониш оғоз ёфта, устод Айнӣ новобаста ба “иқтизои таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоъии маълум” ҷараёни мазкурро тақвият бахшид ва ин раванд дар замони Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Пешвои миллат дар сатҳи давлатӣ густариш ёфт.
Ин зуҳурот, чуноне ки арзёбӣ шуд аз се шохаи ба ҳам муттасил фард – (омӯзгор), ниҳод (маориф) ва давлат иборат буда, дар сатҳи давлат корҳои зиёде аз қабили қабули қонунҳо ва санаду меъёрҳои марбут ба мавзуъ, ки дарҷи онҳоро зарур намешуморем ба тасвиб расонида шуданд ва мавриди амал қарор гирифтанд. Ниҳоди лозима яъне соҳаи маориф (ҳамаи соҳаҳои идеологӣ – М.Б.) ҳамчун субекти танзимкунандаи ин қонунҳо таъсис дода шуд. Танҳо омӯзгоронро зарур аст, ки дар хусуси тақвият, рушд ва густариши маорифи миллӣ камари ҳимматро мустаҳкамтар банданд. Чунки ба ибораи маъруф вақт сари саманди рӯзҳоро, ба таъҷил, чун шамшер мебуррад ва омӯзгор аз таъхири вақт аз ҳуқуқи сабр бебаҳрааст.
Ғофил машав зи умр, ки чун киштӣ дар об,
Истода менамояду чун тир меравад.
(Мирзо Абудлқодири Бедил)
Агар ҳар як омӯзгор воқеан мафҳуми Истилоли давлатӣ, маорифи миллиро дарк намояд, ҷомеа аз ин мафҳумҳо бархурдор мегардад. Маориф мақоми решаро дар нуму ва рушди дарахти давлату ҳифзи арзишҳои миллӣ дорад, ба қавли шоир:
То реша дар об аст умеди самаре ҳаст.
Бошад, ки суботу оромӣ дар Тоҷистон пойдор бошаду шаҳрвандони он аз баракати Истиқлол баҳра баранд.
Рӯйхати адабиёт:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, 28.12.2024, шаҳри Душанбе
Айнӣ, Садриддин. Куллиёт. Ҷилди 1 [Матн]. / Садриддин Айнӣ. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1958.
Айнӣ, Садриддин. Куллиёт. Ҷилди 6 [Матн]. / Садриддин Айнӣ. – Душанбе: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1962.
Улуғзода, Сотим. Аҳмади Дониш [Матн]. / Сотим Улуғзода. – Сталинобод: Нашрдавтоҷ,1945.
Ваҳҳобниё, Рустам. Мирзо Бедил ва Аҳмади Дониш [Матн]. / Рустами Ваҳҳобниё // Фарҳанг. – 1992.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *