13.09.2025

ИСТИҚЛОЛИЯТ: ҶАНБАҲОИ СИЁСИИ ОН

0
    Дар замони муосир оид ба сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи миллӣ, махсусан истиқлолияти миллӣ аз тарафи олимон ва муҳақиқони дохилӣ ва хориҷӣ китобу мақолаҳои зиёде нашр гардиданд. Дар асл истиқлолият ва озодӣ ин нематҳои худовандие мебошанд, ки онҳоро ба ҳеҷ ягон сарвати дигар иваз кардан мумкин нест ва он дар айни ҳол насиби на ҳама миллату қавмҳо буда метавонад.
    Дар давоми ҳазорсолаҳо ин арзишҳо барои бисёр мардумон, қавму миллатҳо ҳамчун ормони дастнорас боқӣ монд ва дар роҳи ба даст овардани он, садҳо ҳазор ҷавонмардон ҷон додаанд ва ҳазорҳо миллату қавмҳо бар асари надоштани он бо дигар халқҳо махлут шуда аз арсаи таърихи инсоният бе ному нишон гум шудаанд. Истиқлолият ин на фақат гарави дар арсаи таърих зинда мондани қавму миллатҳо, балки шарти ягонаи нигоҳ доштани асолати миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, фарҳанг, забон, расму русум ва урфу одатҳои ниёгон мебошад, ки хушбахтона ба туфайли ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи тоҷик аз насл ба насл ба мо расидааст.
    Худатон як қазоват намоед, баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ қавму миллатҳои дигар аз як гиребон сар бароварда, барои бунёду мустаҳкам кардани пояҳои давлатдорӣ ва истиқлолияти миллии худ, аз сарвату моликияти фаровони ин давлати абарқудрат чизе ба даст овардан талош кардаанд. Вале дар Тоҷикистон мубориза барои ҳокимият, ташкили ҳизбу созмонҳои маҳаллию минтақавӣ сар шуд, ки ҳамаи ин дар ниҳояти кор ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Воқеаҳои аз ҷониби қисме аз қувваҳои сиёсӣ дар “муҳосираи иқтисодӣ” қарор додани аҳолии минтақаи алоҳидаи ҷумҳурӣ, ба ҷурми мансубият ба минтақаҳои дигар танг карда баровардани тоҷикон аз ноҳияҳои дигар, фаъолона истифода бурда шудани “қартаи узбекӣ” аз он далолат мекунанд, ки раванди ҳамчун миллат ташаккул ёфтани тоҷикон алҳол ба нуқтаи ниҳоии худ нарасидааст ва шуури худшиносии миллӣ ва худогоҳии тоҷикон дар марҳилаи ибтидоии ташаккули худ қарор дорад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки истиқлолияти давлатӣ, сулҳу оромӣ ва низому тартиботе, ки имрӯз дар ҷомеаи тоҷик бебозгашт ҳукмфармост, ба осонӣ ба даст наомадааст.
    Шубҳае нест, ки дар ин кор саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми хоса дорад. Маҳз ба туфайли ҷасорати шахсӣ, таҳаммулу дурандешӣ ва талошҳои пайгиронаи ин абармарди сиёсат муяссар шуд, ки дар кӯтоҳтарин мӯҳлат сулҳи байни тоҷикон ба даст расида, фаъолияти мақомотҳои қудратию ҳуқуқӣ дар саросари мамлакат барқарор карда шуд, ҳокимияти сиёсӣ барои бартараф кардани оқибатҳои ҷанг ва фароҳам овардани шароит баҳри гузаронидани ислоҳот дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шурӯъ намояд.
    Чи тавре дар боло зикр шуд, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият ҳама сайъу кушиши Сарвари давлат маҳз ба ҳалли ҳамин масъалаҳо равона гардида буд ва дар ин роҳ нитиҷаҳои назаррас ҳам ба даст омадааст.
    Вале бақои дастовардҳои дар тӯли 34-сол ҳосилшуда ва худи истиқлолияти давлатии мо боз ҳалли як қатор масъалаҳоро тақозо мекунад, ки онҳоро Пешвои муаззами миллат-Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати самтҳои стратегии рушди ҷомеаи тоҷик муайян кардааст.
    Дар ин миён ҳалли чунин масъалаҳо – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди технологияҳои итиллотӣ ва воситаҳои ахбори электронӣ ва саноатикунонии мамлакат.
    Ҳалли масалаҳои мазкур бошад, омилҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, алалхусус раҳои ёфтан аз дастнигарӣ, дастрасии мардум ба неъматҳои модию маънавӣ, ба таҳсилот, хизматрасонии баландсифати тиббӣ, маишию коммуналӣ, эмин нигоҳ доштани мустақилияти давлати тоҷикон аз таъсири қувваҳои дохилию берунӣ мебошад.
    Ҳукумати кишвар бо пешниҳоду ибтикороти сатҳи байналмилалӣ, дар давраҳои гуногун тавонист кишвари моро ба сифати як кишвари пешоҳангу пештоз дар ҳалли масоили умдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ номвару намбардор гардонид. Дар ин масир Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳидоятҳои фарзанди абармарди раҳнамунсоз, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи миллату давлати мо ба набзи сайёра баробару ҳамсадо карда шуд. Ногуфта намонад, ки дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташабускори 4 эъломияи марбут ба масъалаҳои об, ки аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ қабулу шинохта шуд, эътирофи оламиён гардид. Боиси ифтихор ва сарфарозии махсуси миллати тоҷик аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣ карда, ӯро аз миёни роҳбарони 193 кишвари аъзои СММ ба Панели сатҳи баланд, ки тамоми онҳо давлатҳои ташаббускор дар масъалаи об мебошанд, интихоб намуд.
    Воқеан ҳам дар масири давлатсозии навинамон Истиқлолияти давлатӣ нақш ва мақоми арзишманду нодир дорад, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикору ҷонбозиҳои ҳамешагии Пешвои муаззами хеш ба ҷомеаи ҷаҳон бо чеҳраву симои хоси миллӣ, ҳамзамон бо дастоварду комёбиҳои навини фарогири фарҳанги башарӣ ворид гардид. Муҳимтар аз ҳама, дар ин муддат як насли нави озоду дорои тафаккуру ҷаҳонбинии нав ба камол расида, руйи саҳнаи зиндагӣ омада, бо эътимоду боварии қавӣ метавон афзуд, ки дар оянда низ парчамбардори давлати соҳибистиқлоламон хоҳанд гардид.
    Бо дарки моҳияти аслии ин наъмати бебаҳои миллӣ тарѓибу таблиѓ, васфу сифот ва тараннуми ин санаи муборакро дар миёни ҷомеа ва тору пуди ин насли ватандӯсту ватанпарвар мебояд аз ҳарвақтаи дигар бештару зиёдтар ба роҳ монем, зеро Истиқлол ҳамчун шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқи тоҷикон, рамзи саодату шарти бақои миллат, падидаи бемислу боазамати таърихӣ, ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ, санаи сарнавиштсозу муқаддас, амалисозии ҳадафҳои муҳими миллӣ ва ҳамчунин, василаи омӯзиши таҷрибаи пешқадами аксари кишварҳои олам шинохта шудааст.
Дар ҳақиқати ҳол, рушду пешвафти сураътноки бахшҳои муҳими хоҷагии халқ ва фароҳамсозии чунин як имконияту шароити мусоиду арзанда, рисолати дилхоҳ шаҳрванди диёрамонро дар самти расидан ба суйи ояндаи ободу осуда ва қуллаҳои боз ҳам баланди созандагӣ бештару зиёдтар менамояд.
    Чи хеле, ки дар зиндагии рӯзмара, мебинем ва мушоҳида менамоем новобаста аз мушкилиҳои мавҷуда иқтосодиёти мамлакат бо маром рушд карда истодааст. Албатта, заминаю захираҳо барои боз бо суръати баландтар рушд додани иқтисодиёт вуҷуд доранд ва дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ пайваста таъкид мекунанд. Моро зарур аст, ки аз имкониятҳои мавҷуда истифода карда, рушди босуръати иқтисодиёти мамлакатро таъмин намоем.
    Мардуми тоҷик дар тӯли таърихи начандон тӯлонии даврони соҳибистиқлолӣ аз уҳдаи иҷрои бисёр корҳои ҷиддиву сарнавиштсоз бо сарбаландӣ баромаданд ва эътимод дорам, ки ба хотири таҳкими пояҳои давлати миллии худ мибаъд низ содиқона ва софдилона заҳмат мекашанд. Қайд кардан зарур аст, ки имсол мардуми шарафманди тоҷик 34- солагии ба даст овардани Истиқлолияти миллии худро ҷашн мегирад, ки дар таърихи тоҷикон як давраи нав ва сарнавиштсоз дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.
Исроилов И.Н.,
муовини ректор
оид ба корҳои илм,
ДОТ дар н. Рашт

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *