Декани факултет

 

 

Декан – Идибеков  А.А.

ҲОЛНОМА

Идибеков  Абдулҳамид Амирмусаябович  17-уми августи соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 2013 Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро бо ихтисоси таърих ва ҳуқуқ бо дипломи муқаррарӣ, рӯзона хатм намудааст.

         Соли 2015 шуъбаи магистратураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси  ҳуқуқшиноси  байналмилалӣ, рӯзона хатм кардааст.

     Солҳои 2016-2024 ба ҳайси ассистенти кафедраи таърих ва метотикаи таълими он факултети таърих ва ҳуқуқи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, солҳои 2015-2016  ба  вазифаи  сармутахассис дар шуъбаи  илм, аз соли 2016 то 2017 ба вазифаи мудири  шубаи тарбия  аз солҳои 2017-2021 муовини декан оид ба тарбияи факултети таърих ва ҳуқуқ, аз моҳи ноябри  соли 2021-2023  ба вазифаи  декани  факултети  география ва ҳифзи  табиат, аз 2023-2024 ба  вазифаи декани  факултети  иқтисод  ва идора ва аз соли 2024  то инҷониб ҳамчун декани факултети Таърих ва  ҳуқуқ кору фаъолият намуда истодааст.

      Муаллифи беш аз 21 маводи таълими-методӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад, аз ҷумла 4 воситаи таълимӣ, 1 барномаи таълимӣ ва 20 мақолаи илмӣ-оммавӣ (аз он 3 мақола дар маҷаллаҳои тақризшаванда). Ҳамзамон, дар конференсияҳои сатҳи гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намудааст.

      Аз соли 2022 то инҷониб унвонҷӯи кафедраи таърихи  фалсафа ва фалсафаи  иҷтимоии Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон буда, дар  нақши  институти Пешвои сиёсӣ дар таҳқими ҳокимият таҳқиқотӣ бурда истодааст.

     Барои хизматҳои шоён дар таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ чандин маротиба аз ҷониби роҳбарияти донишкада бо ифтихорнома ва сипосномаҳо (аз ҷумла 3 ифтихорнома ва 1 сипоснома) қадрдонӣ гардидааст. Ҳамзамон, бо сипосномаи    Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рашт (соли 2021) қадрдонӣ шудааст.

      Оиладор соҳиби 3 фарзанд. Аз соли 2010 аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошад.

ДАР БОРАИ ФАКУЛТЕТ

      Факултети  Таърих  ва ҳуқуқ  соли 2007 дар асоси қарори Шӯрои олимони   ФДДОТ ба номи С. Айнӣ    дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  факултети “Таърих  ва  филалогия” ташкил шудааст.  Соли  2015  ба  қарори  шӯрои  олимони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт    факултети  Таърих  филалогия ба  факултети  таърих  ва  педагогика    гузаронида шуд.  Аз  соли  2021   факултети  таърих  ва  педагогика ба   факултети Таърих ва ҳуқуқ гузаронида  шудааст.

Сарварони факултет:

      Аввалин декан дар факултет дар соли аввали ташкилшавӣ  муаллими калон Ёров Акбарҷон Аскаралиевич (солҳои 2007-2010) буданд, ки пештар дар вазифаи  муовини ректор  оид ба хочагӣ ва иқтисоди (солҳои 2011-2013) фаъолият менамуданд.

Роҳбарии факултетро дар соли 2010-2013 Ахмедов Нураҳмад, муалими калон ба уҳда доштанд. Ӯ пештар ба ҳайси  Мудири шубаи тарбия фаъолият намудааст.

      Солҳои 2013-2015 декани факултет Наврузов Ғолибшоҳ буданд. Бештар дар вазифаи мудири кафедари таърих ва ҳуқуқ (солҳои 2009-2012) ва сардори Раёсати таълими донишкада (солҳои 2012-2013),  кор кардааст.

      Декании факултетро дар соли 2015- 2023  Садиров Шарафҷон Аҳтамович  бар  душ  дошт. Номбурда  қаблан  ба ҳайси  мудири кафедраи  таърих ва ҳуқуқ (солҳои 2013-2015) донишкада   кор кардаанд.

     Ҳамин тариқ, аз соли 2024 то ин ҷониб декани  факултети Таърих ва ҳуқуқи  Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро Идибеков Абдулҳамид Амирмусаябович  ба зимма дорад.

     Факултети  Таърих ва ҳуқуқ  дорои ду синфхонаи фаннӣ (синфхонаи таърих ва ҳуқуқ)  буда, дар онҳо донишҷӯён ба таълим фаро гирифта мешаванд. Дар факултет зиёда аз 80 барномаҳои таълимӣ, 2  китоби дарсӣ ва  15 воситаи таълимӣ аз ҷониби омӯзгорони факултет чоп гардидааст. Дар факултет 2 конференсияи байналмилалӣ гузаронида шуда, маводҳои он рӯйи чоп оварда шуданд. Ҳамзамон, дар факултет 4 номзади илми таърих,  3 номзади илмҳои ҳуқушиносӣ ва 1 номзади сиёсатшиносӣ  фаъролият намуда, дигар омӯзгорони беунвон  мавзӯи кори илмӣ гирифта, ба навиштани рисолаи номзадӣ машғул мебошанд.

        Факултет дорои ду кафедраи тахассусӣ мебошад.

Аз ҷумла:

  1. Кафедраи «Таърих ва метотикаи таълими он».

  2. Кафедраи  «Ҳуқуқ ва идораи  давлатӣ »

  3. Кафедраи « Фанҳои ҷомеашиноси»

Факултети «Таърих ва ҳуқуқ» яке аз факултетҳои намоён дар донишкада ба ҳисоб рафта, мутахассисонро аз рӯйи ихтисосҳои зерин омода месозад:

1-210301-0114 – Таърих ва ҳуқуқ

1-020102-05 – Таърихи диншиносӣ

         1-240102-11– Танзими ҳуқуқии муносибатҳои  меҳнатӣ

Саҳми устодони кафедра дар навиштани тақриз ба рисолаҳои хатми бакалаврӣ, магистрӣ ва воситаҳои таълимию китобҳои дарсӣ назаррас аст.

         Дар назди факултет ҳармоҳа маҳфилҳо, ҳамоишҳо ва семинарҳои илмию назариявии назди  кафедраҳо гузаронида шуда, дар он корҳои илмию таҳқиқотии устодон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд. Дар факултет маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Муарихони ҷавон”, “Ҳуқуқшиносони ҷавон” ва “Сиёсатшиносони ҷавон” амал намуда, дар асоси нақша мавзӯҳои актуалии замони муосир аз ҷониби устодон ва донишҷӯён мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешавад.

        Факултети Таърих ва ҳуқуқ  бо  факултети  “ Таърих ва ҳуқуқи” –и  Донишгоҳи давлати омӯзгори  Тоҷикистон ба номи С. Айни”, факултети “Таърих”-и Донишгоҳи Милли Тоҷикистон, факултети “Ҳуқуқшиносӣ”-и ДМТ, факултети “Таърих ва мунуосибатҳои байналмилалӣ” ДСРТ,  факултети “Фалсафаи”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш, АМИТ   ҳамкориҳои  судманди  илмиву  таҳқиқотӣ ва таълимиро ба роҳ мондааст.