КАФЕДРАИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ РУСИ ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ
Шарифов Фирдавсӣ Сафархоҷаевич -мудири кафедраи забон ва адабиёти руси факултети забонҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт.
Шарифов Фирдавсӣ Сафархоҷаевич — 26 феврали соли 1993 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи ихтисоси забон ва адабиёти рус факултети забонҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт (2015) ва зинаи магистратураи факултети филология рус, журналистика ва медиатехнологияи Донишгоҳи (славянии) Россия-Тоҷикистон мебошад. Самтҳои асосии фаъолияти Шарифов Ф.С. ташкили раванди таълим, тартиб додани курсхо ва дарсҳои забон ва адабиёти рус, ҳамкорӣ ва рушди забони русӣ дар минтақа равона шудааст.
ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРА
Кафедраи забон ва адабиёти рус факултети забонҳо Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт фаъолияташро ҷиҳати иҷрои талоботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ” дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ оид ба омӯзиши фанҳои забони руси ва англисӣ барои солҳои 2014 – 2020 ва солҳои 2019- 2030 ва қарорҳои мушовара, фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Донишкада равона намудааст.
Кафедраи забон ва адабиёти рус бо қарори Шӯрои Олимони филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айни дар ноҳияи Рашт аз 24 – уми апрели соли 2011 таъсис ёфтааст.
Фаъолияти кафедра аз рӯи фанҳои зерин ба роҳ монда шудааст: забони муосири рус, практикуми забони руси, практикуми адабиёти рус, таърихи адабиёти рус, методикаи таълимӣ забони русӣ,методикаи таълимӣ адабиёти рус, муқаддимаи забоншиносӣ ва забоншиносии умуми, муқаддимаи адабиётшиносӣ, типологияи муқоисави, риторика, забони руси аз руи ихтисос, таърихи забони руси.
Бахши фанҳои интихобӣ: матншиносӣ, хониши ифоданок, курси махсус аз методикаи таълимӣ забони руси, луғатшиноси, орфографияи забони руси, пунктуатсияи забони руси, шевашиносӣ, адабиёти шифоҳии халқ, таърихи педагогика, технологияи муосири таълим.
Дар кафедра 7 нафар устодон аз ин шумора 2 нафар муаллими калон, 1 нафар номзади илмҳои филологӣ, дотсент, 1 нафар доктори илмҳои фалсафа, профессор ва 3 нафар ассистентон кору фаъолият менамоянд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, ки сиёсати дарҳои кушодро роҳандозӣ менамоянд дар кафедра ду нафар омӯзгор аз Федератсияи Русия Маҷидов Сабоҳиддин Рауфович, Белобородов Дмитрий Владимирович, кор ва фаъолият намуда истодааст.
Омӯзгорони кафедра: Шавел Диана Ивановна муаллими калон, Маҷидов Сабоҳиддин Рауфович номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Белобородов Дмитрий Владимирович доктори илмҳои фалсафа, професссор, Қосимов Муҳаммад Нуралиевич муаллими калон, Шарифов Фирдавс Сафархоҷаевич ассистент, Назирова Нилуфар Маҳмадмуродовна ассистент. , Маҳмадизода умеда Шаҳиддин ассистент.
Мақсади кафедраи забон ва адабиёти рус:
— омӯзиши забон ва адабиёти рус бо мақсади инкишоф додани дониши адабиёт, забон ва маданияти рус, инчунин дар ин соҳаҳо ташаккул додани маҳорати касбӣ.
— тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисос, ки ба таълими забон ва адабиёти рус қодиранд, дар соҳаи адабиётшиносӣ тадқиқот ва фаъолияти илмӣ мегузоранд.
— дастгирӣ ва инкишоф додани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи забон ва адабиёти рус, аз ҷумла нашри асарҳои илмӣ ва ташкили конференсияю семинарҳо.
— мусоидат ба ҳифз ва тарғиби маданият ва адабиёти рус дар ҷамъият, аз ҷумла гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, ташкили хониш ва суҳбатҳо.
Вазифаҳои кафедраи забон ва адабиёти рус:
— Таълими забони русӣ ба донишҷӯён ҳамчун забони хориҷӣ, аз ҷумла рушди малакаҳои хондан, навиштан, гуфтор ва гӯш кардан.
— омӯзиш ва таҳлили адабиёти руси давраҳо ва самтҳои гуногун, аз ҷумла омӯзиши осори адабиёти классикӣ, муосир ва хориҷӣ.
— омӯзиши асосҳои танқиди адабӣ, аз ҷумла усулҳои таҳлил ва тафсири осори адабӣ, таҳқиқи жанрҳо ва ҷараёнҳои адабӣ.
— ташкили дарсҳои амалӣ ва семинарҳо барои рушди малакаҳои тафаккури интиқодӣ, таҳлили матн ва навиштани мақолаҳои илмӣ.
— гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи забоншиносии рус, адабиётшиносӣ, нашри корҳои илмӣ ва иштирок дар конфронсу симпозиумҳо.
— иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалӣ ва табодули академӣ, ҳамкорӣ бо донишгоҳҳо ва марказҳои илмии хориҷӣ.
Дурнамои кафедра:
— омӯзиш ва рушди забони русӣ;
— ташаккули маҳорати омӯзгорӣ ва илмӣ;
— ҳифз ва тарғиби адабиёт ва фарҳанги рус;
-амалисозии барномаи давлатии омӯзиши забонҳои хориҷи то соли 2030;
— тарбияи мутахассисони баландихтисос дар соҳаи забони русӣ;
ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА
№ |
Ному насаб |
Вазифа |
Унвон ва дараҷаи илмӣ |
Суроға |
1 |
Шарифов Фирдавсӣ Сафархоҷаевич |
мудири кафедра |
Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.Рашт, ҷ/д Н. Махсум д.ҚазноқE-mail:firdavs_sharifov93@mail.ruТел: +992 908 44 17 48 |
|
2 |
Қосимов Муҳаммад Нуралиевич |
муаллими калон |
Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.Нуробод, ҷ/д. ХумдонE-mail:muhamad_muminov@mail.ruТел: +992 009 222 998 |
|
3 |
Шавел Диана Ивановна |
муаллими калон |
Ҷумҳурии Тоҷикистон,Н.Рашт.Тел: +992 918 12 50 21 |
|
4 |
Белобородов Дмитрий Владимирович |
профессор |
доктори илмҳои фалсафа, |
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Ғарм, к.Э.Муҳиддин-63. |
5 |
Маҷидов Сабоҳиддин Рауфович |
дотсент |
номзади илмҳои филологӣ |
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Ғарм, к.Э.Муҳиддин-63.E-mail: sabokhiddin@mail.ruТел: +992 883 52 77 878 |
6 |
Назирова Нилуфар Маҳмадмуродовна |
ассистент |
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Ғарм, к.Э.Муҳиддин-63.Тел: +992 005 11 46 98 |
|
7 |
Маҳмадизода Умеда Шоҳиддин |
ассистент |
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Ғарм, к.Э.Муҳиддин-63.Тел: +992 009 22 45 37 |