Роҳбари ММБНКТ – Азимов Ф.А.
ҲОЛНОМА
Азимов Фирдавс Акбаралиевич 28-юми марти соли 1984 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Соли 2007 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси Ҳуқуқшиноси байналмилалӣ бо дипломи аъло, рӯзона хатм намудааст.
Солҳои 2019-2020 ба ҳайси ассистенти кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлати факултети Таърих ва ҳуқуқи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, солҳои 2021-2022 муттассадии ММБНКТ, дар факултети Иқтисод ва идораи донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт , аз соли 2022 то соли 2023, муттассадии ММБНКТ, дар факултети Таърих ва ҳуқуқи донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва аз соли 2023 то инҷониб роҳбари Маркази машваратӣ-бақайдгирии низоми кредитии таҳсилоти Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт кору фаъолият намуда истодааст.
Муаллифи беш аз 25 маводи таълими-методӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад, аз ҷумла 3 воситаи таълимӣ ва 15 мақолаи илмӣ-оммавӣ (аз он 7 мақола дар маҷаллаҳои тақризшаванда). Ҳамзамон, дар конференсияҳои сатҳи гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намудааст.
Аз соли 2021 то инҷониб унвонҷӯи кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, дар мавзуи Ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ мувофиқи Вандидод корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодааст.
Барои хизматҳои шоён дар таълиму тарбия дар рӯҳияи ватандӯстӣ чандин маротиба аз ҷониби роҳбарияти донишкада бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардидааст.
Оиладор соҳиби 3 фарзанд. Аз соли 2021 аъзои ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошад.
ДАР БОРАИ МАРКАЗ
Маркази машваратию бақайдгирии низоми кредитии таҳсилоти Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт соли 2014 бо мақсади таъмини болоравии сифати таълим, омода намудани мутахасисони ба талаботи бозори дохилӣ ва берунии кишвар ҷавобгӯ, сафарбар намудани донишҷуён барои идомаи таҳсил дар муасисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатҳои хориҷӣ ва воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, дар бораи “таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ” ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Маркази машваратӣ, бақайдгирии низоми кредитии таҳсилот ҳамчун яке аз зерсохторҳои Раёсати таълими ДОТ дар ноҳияи Рашт ба ҳисоб рафта, ҳайати кормандон аз Роҳбари ММБНКТ ва 3 мутассадӣ иборат мебошад.
Сарварони маркази машваратию бақайдгирии низоми кредитии таҳсилот:
Аввалин роҳбари маркази машваратию бақайдгирии низоми кредитии таҳсилот дар соли аввали ташкилшавӣ (солҳои 2014-2015) Сафаров Шамсулло буданд, ки ҳамчун роҳбари маркази тестӣ муррифӣ гардида, барои ташкили сохтори маркази тестӣ саҳми беандоза гузоштаанд.
Аз соли 2016 то соли 2018 Роҳбарии ММБНКТ-ро Шамсиддинов Одинамаҳмад ба уҳда доштанд. Маҳз дар давраи роҳбарии Ӯ маркази тестӣ ба маркази машваратию бақайдгирии низоми кредитии таҳсилот ивази ном намудааст.
Солҳои 2018-2019 Маркази машваратию бақайдгирии низоми кредитии таҳсилотро Ҳаётов Давлаталӣ роҳбарӣ намудаанд, ки пештар дар вазифаи мутасадии ММБНКТ-и донишкада фаъолият доштанд.
Аз соли 2019 роҳбарии ММБНКТ-ро Сайҷаҳфаров Аҳлиддин ба уҳда гирифта, то соли 2020 адои вазифа намудааст.
Солҳои 2020-2021 ба ҳайси роҳбари ММБНКТ- Маҳмадов Достон таин гардид, ки пештар ҳамчун мутассадии факултети Иқтисод ва идора фаъолияти худро оғоз намудааст.
Дар соли 2022 роҳбарии ММБНКТ боз ба яке аз роҳбарони пештара Шамсиддинов Одинамаҳмад вогузор карда шуд. Номбурда то охири соли 2022 адои вазифа намудааст.
Дар аввали соли 2023 роҳбарии ММБНКТ ба зиммаи Муқимов Сафарбек гузошта шуда буд, ки номбурда қаблан дар вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлати факултети таърих ва ҳуқуқ, кору фаъолият менамуд.
Ҳамаи роҳбарони Маркази машваратӣ, бақайдгирии низоми кредитии таҳсилот дар замони роҳбарии худ дар раванди болоравии сифати таҳсилот, саривақт гузаронидани сессияҳои имтиҳонӣ, мусоидат намудан ба воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва корҳои таълимӣ, саҳми арзанда гузоштаанд.
Ҳамин тариқ, аз соли 2023 то инҷониб роҳбарии Маркази машваратӣ, бақайдгирии низоми кредитии таҳсилоти Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро Азимов Фирдавс Акбаралиевич ба зима дорад.