Пирзода Баҳодур Гулмаҳмад ‒ мудири кафедраи физикаи факултети табиӣ-риёзӣ Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт.
Пирзода Баҳодур Гулмаҳмад ‒ 20 уми декабри соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи ихтисоси математика-физикаи факултети табиӣ-риёзӣ ДОТ дар н.Рашт (2017), зинаи магистратураи факултети физикаи ДДОТ ба номи С.Айни дар солҳои 2017-2019 ва унвонҷӯи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ дар солҳои 2019 то инҷониб мебошад. Самтҳои асосии таҳқиқоти Пирзода Б.Г асосан ба масъалаҳои мубрами назария солитонҳо ва масъалаҳои мубарми физикаи амалӣ ва назарияви кор ва фаъолият намуда истодааст бахшида шудааст. Ӯ дар ин самтҳо 35 маводи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ ба нашр расонидааст. Аз ҷумла, 4 воситаи таълимӣ, 6 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда, 10 мақолаи илмӣ, 8 маъруза дар конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалии дохилӣ ва хориҷӣ, 7 барномаи таълимӣ.
ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРА
Кафедраи физикаи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт яке аз кафедраҳои навтаъсиси донишкада ба ҳисоб рафта, дар омода намудани кадрҳои омӯзгории соҳаи физики ва техника , баланд бардоштани иқтидори илмию таълимӣ ва иҷтимоии донишкада нақши калонро иҷро менамояд.
Дар ибтидо таълими фанҳои физика дар донишкада аз ҷониби кафедраи муттаҳидаи “Математика-физика ва методикаи таълими онҳо” кафедраи “Физика”, ки соли таҳсили 2022-2023 ташкил гардид. Дар кафедраи мазкур устодон Ҳакимов Ш, Мирзоқурбонов М, Пирзода Б., Фозилов Р, Исмонов З, Муқимов И кор ва фаъолият менамоянд. Ҳамин тавр, дар донишкада кафедраи мустақили “Физика” ташкил гардид, ки то кунун фаъолият намуда истодааст. Масъулияти мудирии кафедра аз 1-уми сентябри соли 2022 ба зиммаи Пирзода Б.Г. вогузор карда шуд роҳбарӣ менамояд.
Дар кафедра ҳамагӣ 4 омӯзгор фаъолият менамоянд: 1 нафар муаллими калон, 1 нафар унвонҷу ва 2 нафар ассистентон.
Кафедра дорои 2 ихтисос – 1-020503-01 –(математика-физика) ва 1-31040309 (электроникаи тиббӣ) мебошад.
Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Физикони ҷавон” фаъолият менамояд.
Ҳамзамон, дар кафедра семинарҳои илмӣ-назариявӣ, конференсияҳо ва дарсҳои кушод баргузор карда мешаванд.
Дар кафедра аз рӯйи фанҳои зерин дарс гуфта мешавад: физикаи умуми; физикаи назариявӣ; методикаи таълими физика, практикуми ҳалли масъалаҳои физики; электротехника ва радиотехника; асосҳои микроэлектроника; астрономия; назарияи занҷирҳои барқи; бехатари барқ дар асбобҳои барқи; асосҳои рентгенологӣ; манзараҳои физикии олам; физикаи таҷрибавӣ, лоиҳакаши дар асоси микроконтроллерҳо;воситаҳои электронии ташхиси лаборатори;таҳия ватехнологияи электроникаи тиббӣ;консепсияи табиатшиноси муосир;дасгоҳои электронии тиббӣ системаҳо ва комплексҳо.
Ҳадафи кафедраи омӯзиши донишҳои физики ва техники ба донишҷӯён, омода намудани кадрҳои тахассусӣ, бартараф намудани норасоии кадрӣ-омӯзгорӣ дар минтақа, мусоидат намудан ҷиҳати ҳалли мушкилоти минтақа ва монанди инҳо ташкил медиҳад.
Вазифаҳои кафедра аз инҳо иборат мебошанд:
1) омӯзиши донишҳои табиатшиноси ва техникии физикави ба донишҷӯён ва баланд бардоштани малакаи касбии онҳо;
2) бо ташкилу баргузор намудани конференсия, ҳамоишҳо, мизҳои мудавар, семинарҳои илмӣ ва маҳфилҳо сайқал додани донишҳои физикии донишҷӯён ва баланд бардоштани сифати таълим дар муассиса;
3) гузаронидани таҳқиқотҳои илмию амалӣ дар самти мушкилоти касби, дарёфт ва муайян намудани роҳу воситаҳои бартараф намудани онҳо;
Дурнамои фаъолияти кафедра:
‒ анҷом додани фаъолияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
‒ таҳия ва нашри воситаҳои таълимӣ аз рӯйи фанҳои тадрисшавандаи кафедра;
‒ баргузор намудани конференсия ва семинарҳои илмю амалӣ оид ба масъалаҳои гуногуни физики;
‒ соҳибунвон гардонидани омӯзгорони кафедра;
‒ таҳия ва нашри монография ва дигар адабиётҳои илмию таълимӣ дар самти физика;
‒ баланд бардоштани сифати таълим аз рӯйи фанҳои физики;
‒ омода намудани кадрҳои дорои касбияти баланд дар самти физика ва техника;
‒ таъсис додани ихтисосҳои нави ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй ва ғайра.
ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА
№ | Ному насаб | Вазифа | Суроға |
1. | Пирзода Баҳодур Гулмаҳмад | мудири кафедра | Љумњурии Тољикистон, н.Рашт д,Ғовосиён.
E-mail: bahodur.pirov@mail.ru Тел.: + 992 988-089-006 |
2. | Ҳакимов Шодихуҷа | муаллими калон | Љумњурии Тољикистон, н.Рашт д,Деҳқонобод.
Тел.: + 992 98-749-29-33 |
3. | Фозилов Раҳматшо Маҳмадович | ассистент | Љумњурии Тољикистон, ш
Душанбе кучаи Н. Қарабоевк Тел.: + 992 988-18-01-20 |
4. | Исмонов Зоиршо Раҳматшоевич | ассистент | Љумњурии Тољикистон, ш. Ғарм, к. Э.Муҳиддин – 63.
Тел.: + 992 985-72-90-74 |