Шуъбаи бойгонӣ

 

Сардори шуъбаи  бойгонӣ- ассистент Ҷомиева Г. Қ.

ҲОЛНОМА

      Ҷомиева Гулафзо Қобилҷоновна-  12-уми июни соли 1977 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

 Соли 1997 Коллеҷи омӯзгории шаҳраки Навободи ноҳияи Раштро бо ихтисоси методикаи таълими ибтидоӣ,  рӯзона хатм намудааст.

Соли 2013  Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро бо ихтисоси методикаи таълими ибтидоӣ, ғоибона хатм намудааст.

      Солҳои 2014 ба ҳайси  мутахассиси шуъбаи дуюми Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, солҳои 2015 ассистенти кафедраи педагогика ва психологияи  Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, соли 2016 ба ҳайси  мутахассиси шуъбаи бойгонии  Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, аз моҳи марти  соли 2017 то инҷониб ҳамчун сардори шуъбаи бойгонӣ кору фаъолият намуда истодааст.

      Муаллифи беш аз 6-маводи таълими-методӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад, аз ҷумла  4-мақолаи илмӣ-оммавӣ.  Ҳамзамон, дар конференсияҳои сатҳи гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намудааст.

      Аз соли 2023 то инҷониб магистранти ихтисоси таърихи  Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт буда, доир ба таърих, заминаҳои таъсиси шуъбаи бойгонӣ ва фаъолияти он  корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодааст.

      Барои хизматҳои шоён дар таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ чандин маротиба аз ҷониби роҳбарияти донишкада бо ифтихорнома ва сипосномаҳо (аз ҷумла 3 ифтихорнома) қадрдонӣ гардидааст. Ҳамзамон, бо сипосномаи  Раиси ноҳияи Рашт Лоиқзода Қ, (соли 2016) ва  Раиси ноҳияи Рашт Набизода Р. М., (соли 2021) қадрдонӣ шудааст.

       Оиладор соҳиби 1 фарзанд. Аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Вакили Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошад.

ДАР БОРАИ ШУЪБАИ БОЙГОНӢ

       Шуъбаи бойгонӣ моҳи сентябри соли 2008 таъсис ёфта то  имрӯз фаъолият намуда истодааст. Фаъолияти кории шуъбаи бойгонӣ дар асоси Оиномаи донишкада, Низомномаи шуъба ва нақшаи кории шуъба амалӣ мегардад. Кори шуъбаро сардор ва мутахассис пеш мебаранд

Сарварони шуъбаи бойгонӣ:

       Аввалин сардори шуъбаи бойгонӣ дар соли аввали ташкилшавӣ     Сатторова Маълумбӣ (солҳои 2008-2010), Одинаева Сафармо (солҳои 2010-2012), Ахмедова Нигина (2012-2015), Бураков Одилҷон (солҳои 2015-2017) кору фаъолият намудаанд.

      Ҳамин тариқ, аз соли 2017 то инҷониб сардори шуъбаи бойгони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро Ҷомиева Гулафзо Қобилҷоновна ба зимма дорад.

САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБАИ БОЙГОНӢ

  • Сари вақт ҳисобот додан ба ректори Донишкада;

  • Таъмини низоми ҳуҷҷатҳо ва ҳифзи онҳо дар бойгонии Донишкада.