
АҚНАЗАРОВ ҲАМЗАЛӢ МУБОРАКҚАДАМОВИЧ
Ёвари ректори ДОТ дар н. Рашт
Ақназаров Ҳамзалӣ Муборакқадамович соли 2008 мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №9-и ноҳияи Рӯшонро хатм намуда, ба факултети Таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хоруғ ба номи академик М. Назаршоев дохил гардид. Соли 2012 бакалавр ва соли 2014 шуъбаи магистратураи ҳамон донишгоҳро бо ихтисоси таърихи ватанӣ хатм кардааст.
Соли 2015–2016 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмати ҳарбӣ намудааст. Муддате ҳамчун омӯзгор дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Қубодиён, Данғара ва Роғун фаъолият кардааст.
Аз соли 2018 ба сифати ассистент ба кафедраи “Таърих ва методикаи таълими он”-и Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт қабул гардида, вазифаҳои гуногуни маъмурӣ ва академӣ бар дӯш доштааст. Аз ҷумла:
— 2018–2020: ассистенти кафедраи таърих ва методикаи таълими он;
— 2020–2022: нозири раёсати таълими донишкада;
— 2022–2024: муовини декан оид ба корҳои тарбия дар факултети география ва ҳифзи табиат;
— аз соли 2024: нозири шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва ҳамзамон вазифаҳои котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва котиби матбуоти донишкада;
— сентябри 2025: ёвари ректори донишкада.
Муаллифи зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ, барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои методӣ мебошад. Аз асарҳои асосии илмии ӯ метавон ном бурд:
- Шӯришҳо дар масири таърихи халқи тоҷик (2021)
- Услуби таълими таърих (ҳаммуаллифӣ, 2022)
- Сотсиология (ҳаммуаллифӣ, 2022)
- Захмҳои таърих (Маҷмуаи мақолаҳо, 2023)
- Фарҳангшиносӣ (2024)
Аз моҳи январи соли 2024 унвонҷӯи Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мебошад ва таҳти роҳбарии н.и.т., дотсент Сайнаков С.П., таҳти мавзӯи “Таърих ва фарҳанги волости Рошорв (охири асри XIX ва аввали асри XX)” таҳқиқоти илмӣ мебарад.