Геоэкология

КАФЕДРАИ ГЕОЭКОЛОГИЯ

 

Шарифов Фирдавс Далерович – мудири кафедраи геоэкологияи факултети география ва ҳифзи табиати Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

Шарифов Фирдавс Далерович – мудири кафедраи     геоэкологияи факултети география ва ҳифзи табиати   Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, 11-уми апрели соли 1997 дар д.Қазноқи ҷамоати деҳоти         Нусратулло Махсум ба дунё омадааст.

Шарифов Ф. Д., хатмкардаи ихтисоси география ва ҳифзи табиати факултети географияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ ҳамчун бакалавр ва хатмкардаи шуъбаи магистратураи Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология дар ихтисоси экология мебошад. Айни замон ҳамчун унвонҷӯ дар институти зикргардида корҳои илмӣ-тадқиқотӣ  бурда истодааст. Ӯ аз давраи фаъолияташ дар кафедра то ин давра дорандаи 4 воситаи таълимию дастури методӣ, 4-барномаи таълимӣ, зиёда аз 35 мақолаи илмию фишурдаи мақола ва зиёда 10 мақолаи оммавӣ ба нашр расонидааст.

       Кафедраи геоэкологияи  факултети география ва ҳифзи табиати Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт фаъолияташро ҷиҳати иҷрои талоботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ” дастуру супоришҳои Асосгузори сулњу вањдати миллї — Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон мўњтарам Эмомалї Рањмон, Ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон, Барномањо ва консепсияњои давлатӣ,  ќарорњои мушовара, фармоишњои Вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ва Оинномаи Донишкада равона намудааст.

      Кафедра яке аз падидаҳои муҳими давлат ба ҳисоб рафта, бо мақсади тайёр намудани мутахассисони соҳаи геология ва экология аз рӯи равияи педагогӣ, баланд бардоштани сифати дониш, маҳорат, малака, инкишофдиҳии маълумотнокӣ ва маърифатнокии экологии аҳолӣ ҳамчунин ҷузъи таълимию илмӣ, тарбиявии факултети география ва ҳифзи табиати Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба роҳ монда шудааст.

       Кафедраи геоэкологияи факултети география ва ҳифзи табиати Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт навтаъсис буда давоми 2 сол мешавад, ки фаъолият намуда истодааст. Аввалин мудири кафедраи мазкур Шарифов Ф.Д. буда аз рӯзи таъсисёби то имрӯз кафедраро роҳбари намуда истодааст.

       Дар кафедра тибқи нақша доимо семинари илмӣ-назариявии устодон, ҳамоишҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва фарҳангӣ семинарҳои илмии устодон ва маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Дустдорони табиат”, ки дар он на танҳо устодони соҳибтаҷриба, инчунин мутахассисони ҷавон ва донишҷӯён фаъолона ширкат меварзанд. Дар баробари ин аз кафедра бо роҳбарии устодон донишҷӯёнро барои олимпиадаҳои фанни ва озмӯнҳои ҷумҳуриявӣ “Илф-фурӯғи маърифат” тайёр менамоянд. Ва дар натиҷа шогирдон сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

      Кафедраи геоэкологияи факултети география ва ҳифзи табиати Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ҳамкориҳои илмӣ-таълимиро бо кафедраҳои муассисаҳои олии ҷумҳурӣ  ва хориҷӣ ба роҳ мондааст.

Аз ҷониби омӯзгорони кафедра зиёда аз 70 мақолаи илмӣ, фишурдаи мақолаҳои илмӣ ва 4 воситаи таълимӣ ба нашр расонида шудааст.

ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА

Ному насаби омӯзгорон

Вазифа

Дараҷаи илмӣ

Унвони илмӣ

Шарифов Фирдавс, Далерович

Мудири кафедра

 

 

Қосимов Рабони Шамсулоевич

ассистент

 

 

Юсуфов Ҷомӣ Ҷамшедович

ассистент

 

 

Ҷурабеков Сомон Исмоилович

ассистент

 

 

Назриев Абдулшахир Маҳмадюсуфович

ассистент