Технология (соҳибкорӣ)

  • Сайдалиев Сайфулло Сайқосимович – мудири кафедра технология (соҳибкорӣ) Донишкадаи  омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт.Сайдалиев Сайфулло Сайқосимович – мудири кафедра технология (соҳибкорӣ) Донишкадаи  омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт. 13-юми марти соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.

    Сайдалиев С.С. хатмкардаи ихтисосӣ шабакаҳои алоқа ва тақсимоти итилоот-и факултети технологияи итилооти ва комуникатсионии  ДТТ (2014) ва  ба ҳайси унвонҷӯ дар Пажуҳишгоҳи рушди маорифи назди Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Арзёбии педагогӣ дар муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногуни таҳсилот” корҳои илмӣ таҳқиқоти бурдаистодааст. Ӯ аз давраи фаъолияташ то ин давра 3 воситаи таълимию дастури методӣ ва зиёда аз 50 мақолаи илмию фишурдамақолаҳоро ба нашр расонидааст.

    ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ КАФЕДРА

    Кафедраи технология яке аз падидаҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Кафедра ҳамчун ҷузъи таълимию илмӣ ва тарбиявии факултети иқтисод ва идораи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт баҳри хоҷагии халқи мамлакат даҳо нафар мутахассисони баландихтисосро тайёр намуда, дар пешрафти иқтисодиёт ва илму фарҳанги кишвар саҳми муносиб гузоштааст.

    Кафедра соли 2012 тар таҳти факултети табии риёзи таъсис ёфта буд ва соли 2014 бинобар сабаби таъсиси шудани факултети иҷтисод ва идора кафедра ба ин факултет шомил шуд. Кафедра аз рӯи ихтисоси «Технология (соҳибкорӣ)» – 1-020601 мутахассис тайёр мекунад . Дар кафедра имрӯз 4 нафар омӯзгор ба фаъолияти илмию педагогӣ фаро гирифта шудаанд.

    Тайи солҳои 2012-2014 роҳбарии кафедраро Шеров Қ. ба уҳда дошт. Аз соли 2014 то 2015 кафедраро Ҳоҷиев Н. роҳбарӣ кардааст. Аз соли 2015 то 2021 роҳбарии кафедра ба дӯши муаллими калон Ҳомидов Ҳ.М. вогузор гардида буд. Аз соли 2021 то инҷониб кафедраро Сайдалиев Сайфулло Сайқосимович роҳбарӣ мекунад.

  • Дар кафедра семинари илмии устодон ва маҳфилҳои илмӣ донишҷӯён амал мекунанд, ки дар онҳо ба ғайр аз устодони соҳибтаҷриба, инчунин мутахассисони ҷавон ва донишҷӯён фаоъолона иштирок мекунанд. Шогирдони пешқадами кафедра ҳар сол дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ, озмунҳои илмии донишҷӯён ва барномаҳои таҳқиқотӣ-озмунӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.

    Кафедра аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш ҳамкориҳои илмию таълимиро бо кафедраҳои ҳамсони мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва ҷаҳон ба роҳ мондааст.

    Тайёр намудани мутахассисони дараҷаи илмидошта яке аз самтҳои афзалиятноки кафедра ба ҳисоб меравад.

    Аз ҷониби устодони кафедра қариб 120 мақолаю фишурдамақолаҳои илмӣ ва зиёда аз 3  васоити таълимӣ, дастурҳои методӣ ва барномаю стандартҳои таълимӣ ба нашр расонида шудаанд.

     

    ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА

    Ному насаб Вазифа Дараҷаи илмӣ Унвони илмӣ
    Сайдалиев Сайфулло Сайқосимович мудири кафедра
    Атоев Нусратулло Файзалиевич Муаллими калон
    Наҷбуддинов Амонхоҷа Шарифович ассистен
    Ҷомиев Аҳлиддин Маҳмадазимович ассистен

    Тибқи барномаи рушди кафедра барои солҳои 2020-2025 фаъолияти он бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки ҳамчун маркази асосии таълимӣ, методӣ, илмӣ, эҷодӣ ва фарҳангии самтҳои истеҳсолот ваихтироот дар соҳаи технология дар ҷумҳурӣ бояд дар тамоми соҳаҳои илму дониш, коркарди консепсияҳо, назарияҳои илмӣ ва эҷоди технологияҳои муосир нақши муассир дошта бошад.

    Самтҳои афзалиятноки фаъолияти кафедра дар солҳои 2020-2025:

    • таълимӣ– омода сохтани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯй ба тақозои замон ва талаботи бозори ҷаҳонӣ;
    • илмӣ– дар асоси беҳтарин анъанаҳои ватанӣ ва хориҷӣ, бо назардошти талаботу хусусиятҳои ҷумҳурӣ, нигоҳ доштан ва васеъ гардонидани потенсиали илмӣ дар самти техникаву технология;
    • инноватсионӣ– табдил додани кафедра ба маркази рушди навгониҳо дар соҳаҳои технология, истеҳсолот ва навоварӣ;
    • фарҳангӣ– бо роҳи фароҳам овардани муҳити маънавӣ, ба яке аз марказҳои иттилоотию фарҳангӣ табдил додани кафедра.