#ЭҶОД: МОДАРОН БЕНИҲОЯТ БУЗУРГАНД! (АЗ ХИРАДНОМАИ ФАРОДИЛӢ)
#ЭҶОД: МОДАРОН БЕНИҲОЯТ БУЗУРГАНД!(АЗ ХИРАДНОМАИ ФАРОДИЛӢ)
Вақте ки ту ба дунё омадӣ, модарат аз дидани ту чунон хурсанд буд, ки ҳатто ашки шодӣ мерезонд. Гуё орзуи деринтизораш ҷомаи амал пушида бошад, туро чунон навозишу дустдорӣ мекард, ки ногуфтанӣ. Туро ба касе додану лаҳзае аз канораш дур сохтан намехост. Бо ту рузашро шаб мекарду шабашро рӯз. Бо гузашти моҳу солҳо ба ту сухан кардан ва роҳгардиро омӯхт, ҳарчанд ки аз омӯхтани ин меҳаросид. Ниҳоят ту сухан карданро омӯхтию роҳгардон шудӣ. Ҳарчанд модаратро оғуш мекардию дусташ медорӣ мегуфтӣ, вале новобаста аз ин, он тарсе ки дар дили модарат буд, ба воқеият табдил ёфт. Зеро акнун ту худ ки роҳ мерафтӣ, ба куча мебаромадию ба қавли худ дустони зиёд пайдо карда будӣ ва бо онҳо ғарқи бозӣ шуда, аз оғушу чашми модарат дур будӣ. Модарат низ аз ҳамин метарсид, ки ту яке роҳгардон шавию ба корҳои кудакии худ банд шуда, аз ӯ дур гардӣ. Вале ин ҳоло ҳам он қадар ташвишовар набуд.
Бо мурури замон ту калон шудию худро ҷавон ва мустақил пиндоштӣ ва ташвишу парешонии модарат барои ту зиёд шуд, вале инро ту намедонистӣ. Зеро бо ҷавони банд будӣ. Минбаъд ба модарат зиёд аҳамият намедодӣ. Он навозишу дустдорӣ ва меҳрубонии кудаконаи ту ва модарат ба афсона табдил ёфтанд.
Бо гузашти замон ту хонда соҳиби ҷои кор шудӣ. Агар дар кудаки бозии кудакона ва баъди калон шуданат ҷавонӣ муҳабати туро аз модарат каме рабурда буд, пас айни ҳол бошад, ҷои муҳабати модаратро мансабу молу мулк гирифтааст. Ту акнун ба мансабу ба ҷамъоварии молу мулк дода шуда будӣ. Баъдан барои худ хонаи нав гирифтию дур аз модарат зиндагӣ карданро қарор додӣ. Модаратро бошад, дер-дер хабар мегирифтӣ. Вале худат бошад, ба қавли худ зиндагии осуда доштию худро хушбахт низ меҳисобидӣ.
Хушбахтиат дер давом накард. Туро аз вазифаат гирифтанд. Қарзҳоят зиёд шуд. Дар охир хонаатро фурухтию қарзҳоятро додӣ. Дар ниҳоят ту бе хонаю бе мансабу бе молу мулк мондӣ. Медони барои чӣ? Барои он ки ту ҳеҷ гоҳ дуои модаратро нагирифта будӣ. Зеро барои ӯ коре накарда будӣ, ки ба ту дуои нек диҳад. Имрӯз бошад, ночор ба хонаи модарат баргаштанро қарор додӣ. Ҳангоме ки ту аз дари хонаи модарат медаромадӣ, дар он фикр будӣ, ки туро чи гуна қабул мекарда бошанд. Вале аз он ҳодисае, ки рух дод ту бовар карда натавонистӣ. Чун бо дидани ту модарат аз чашмонаш ашкҳои шодӣ мерехтанду бачаҷонгӯён ба пешвози ту медавид. Ин бузургии модарат туро низ ба гиря овард. Ту низ дигар тоқат накардию ба сӯи ӯ давидӣ ва якбора ба пеши пояш худро партофтию пойҳояшро бусидӣ. Модарат бошад, туро аз замин бардошту бо тамоми қуваташ оғуш кард. Ту низ ӯро сахт оғуш кардию аз амали хеш бениҳоят пушаймон буданатро иброз кардӣ ва бахшишу узри зиёд хостӣ. Аммо модарат дар ҷавоб гуфт, ки не писарам. Ту ҳеҷ хатое накардаӣ ва гуё ҳама гуноҳро ба зиммаи худ гирифта гуфт, ки фарзандон ҳар қадаре, ки хато кунанд ҳам, боз дар назди модарон софу бегуноҳанд. Зеро ки муҳабати модарон ба фарзандон аз хотоҳои онҳо дида, ҳазорҳо маротиб бузург аст.
АЛАМШОЗОДА ФАРИДУН АЛАМШО ‒ муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДОТ дар ноҳияи Рашт, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент