Декани факултет

 Декан – муаллими калон Миршарипов Э.Қ.

ҲОЛНОМА

Миршарипов Эмомалӣ Қурбоналиевич 22-юми марти соли 1995 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 2016 Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит бо дипломи аъло, рӯзона хатм намудааст.

Соли 2018 шуъбаи магистратураи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро бо ихтисоси молия ва қарз бо дипломи аъло, рӯзона хатм кардааст.

Солҳои 2018-2019 ба ҳайси ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷменти факултети иқтисод ва идораи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, солҳои 2019-2022 мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷмент, аз соли 2020 то инҷониб муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷмент, солҳои 2022-2024 муовини декан оид ба таълими факултети иқтисод ва идора, аз санаи 9-уми феврали соли 2024 то инҷониб ҳамчун декани факултети Иқтисод ва идора кору фаъолият намуда истодааст.

Муаллифи беш аз 50 маводи таълими-методӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад, аз ҷумла 4 воситаи таълимӣ, 3 барномаи таълимӣ ва 43 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ (аз он 11 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон). Ҳамзамон, дар конференсияҳои сатҳи гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва донишгоҳӣ вобаста ба масоили мубрами иқтисодӣ, иштирок ва суханронӣ намудааст.

Аз соли 2021 то инҷониб унвонҷӯйи кафедраи молияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон буда, дар масоили қарздиҳии низоми бонкӣ ба бахши саноат, хусусан саноати сабуки кишвар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодааст.

Барои хизматҳои шоён дар таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ чандин маротиба аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахши кор ва ҷавонони МИМҲД-и н. Рашт ва роҳбарияти Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо ифтихорнома ва сипосномаҳо (аз ҷумла 5 ифтихорнома ва 3 сипоснома) қадрдонӣ гардидааст.

Оиладор, соҳиби 2 фарзанд. Аз соли 2018 аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошад.

ДАР БОРАИ ФАКУЛТЕТ

Факултети Иқтисод ва идораи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт соли 2015 дар асоси қарори Шурои олимони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи факултети “Табиӣ-риёзӣ” ташкил шудааст.

Сарварони факултет:

  • аввалин декани факултет дар соли ташкилшавӣ, муаллими калон Шохоҷаев Ҳайётхоҷа (солҳои 2015-2016) буданд, ки пештар дар вазифаи мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷмент (солҳои 2013-2015) фаъолият менамуданд;

  • роҳбарии факултетро дар соли 2016 Сайфиддинов Ғиёсиддин, номзади илмҳои техникӣ ба уҳда доштанд. Ӯ пештар дар ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур фаъолияти омӯзгорӣ намудааст;

  • солҳои 2016-2018 декани факултет Маҳмадуллоев Аҳмадҷон буданд. Пештар дар вазифаи мутасадии маркази тестии донишкада, муовини декан оид ба таълими факултети иқтисод ва идора кор кардааст;

  • декании факултетро дар соли 2019 номзади илмҳои техникӣ, дотсент Қаюмов Акмалиддин бар дӯш дошт. Номбурда қаблан дар вазифаи дотсенти кафедраи химия-биологияи донишкада ва сардори Раёсати таълими донишкада кор кардаанд;

  • солҳои 2021-2023 декани факултет муаллими калон Деҳқонов Соҳибназар буданд. Ӯ қаблан дар вазифаҳои мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва менеҷмент (солҳои 2017-2018) ва муовини декан оид ба таълим (2018-2019) фаъолият менамуданд;

  • дар соли 2023 роҳбарии факултет ба зиммаи Идибеков Абдулҳамид гузошта шуда буд. Он қаблан дар вазифаҳои муовини декан оид ба тарбияи факултети таърих ва ҳуқуқ, декани факултети география ва ҳифзи табиат (солҳои 2021-2023) кору фаъолият менамуд.

Ҳамаи роҳбарони факултети Иқтисод ва идора дар замони роҳбарии худ дар рушду нумӯи факултет ва корҳои таълимӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва иҷтимоӣ тарбиявӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Ҳамин тариқ, аз 9-уми феврали соли 2024 то инҷониб роҳбарии факултети Иқтисод ва идораи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро муаллими калон Миршарипов Эмомалӣ Қурбоналиевич ба зима доранд. Бо ташаббуси декани факултет Миршарипов Э.Қ., дар як муддати кутоҳи роҳбарӣ ва бо дастгирии ректори донишкада дотсент Раҷабзода М.Н. дар факултети Иқтисод ва идора 3 ихтисоси ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнат ва бисёр лозима барои минтақаи Рашт дар зинаи бакалавр ҳам дар шуъбаи рӯзона ва ҳам фосилавӣ (ғоибона) ва 1 ихтисос дар зинаи магистратура кушода шуданд, аз қабили:

  • 1-250104-02 – Кори бонкӣ;

  • 1-250102-02 – Иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ;

  • 1-250111 – Аудит ва ревизия.

Инчунин, аввалин маротиба аст, ки дар таърихи факултет ихтисоси равияи иқтисодӣ дар зинаи магистратура кушода шуд, ки ин барои идомаи таҳсили нафарони дар зинаи бакалавр хатм намуда, ва олӣ намудани маълумоти онҳо пас аз таҳсили ин ихтисос, заминаи фароху мусоид ва нақши бузург мебозад. Ихтисоси мазкур бо номи:

  • 1-250104 – Молия ва қарз,

кушода шуда, имкон медиҳад, ки пас аз таҳсил дар ин хатмкунандагони он дар сохторҳои молия, андоз ва низоми бонкӣ фаъолияти босамари худро роҳандозӣ намоянд ва ҳамчунин ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул шуда, фаъолияти илмӣ-омӯзгорӣ кунанд.

Факултети иқтисод ва идора айни ҳол дорои се синфхонаи фаннӣ аст, ки дар онҳо донишҷӯёни ба таълим фаро гирифта мешаванд. Дар факултети мазкур то имрӯз аз ҷониби ҳайати омӯзгорон зиёда аз 64 барномаҳои таълимӣ, 1 китоби дарсӣ ва 8 воситаи таълимӣ таҳия ва нашр гардидааст, ки дар раванди таълим мавриди истифода қарор гирифта истодаанд. Ҳамчунин, дар ин давра 3 конференсияи байналмилалӣ ва 3 конференсияи ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, маводҳои он рӯйи чоп оварда шудаанд. Ҳамзамон, дар факултет 13 нафар омӯзгорон фаъолият намуда, аз онҳо 3  нафар номзади илми иқтисод, дотсент, 4 нафар муаллими калон ва 6 нафар ассистент мебошанд, ки омӯзгорони беунвон ҳамагӣ мавзуи кори илмӣ гирифта, ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва навиштани диссертатсия машғул мебошанд.

Факултет дорои ду кафедраи тахассусӣ буда, дар онҳо 6 ихтисос амал менамоянд. Факултети Иқтисод ва идора яке аз факултетҳои намоён дар донишкада ба ҳисоб рафта, мутахассисонро аз рӯйи ихтисосҳои зерин дар зинаи бакалавр:

  • 1-250104 – Молия ва қарз;

  • 1-250104-02 – Кори бонкӣ;

  • 1-250102-02 – Иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ;

  • 1-250111– Аудит ва ревизия;

  • 1-250108-03 – Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ”

  • 1-260202-21 – Менеҷменти молиявӣ дар соҳаи маориф;

Ва дар зинаи магистратура аз рӯйи ихтисоси зерин омода месозад:

  • 1-250104 – Молия ва қарз;

         Дар назди факултет ҳармоҳа маҳфилҳо, ҳамоишҳо ва семинарҳои илмию назариявии назди  кафедраҳо гузаронида мешавад, ки дар онҳо корҳои илмию таҳқиқотии устодон пайваста мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд. Дар факултет маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Иқтисодчиёни навовар» амал намуда, дар асоси нақша мавзуҳои актуалии замони муосир аз ҷониби устодон ва донишҷӯён мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешавад.

Барои мустаҳкамнамоии дониши амалии донишҷӯён дар асоси шартнома аз соли 2022 бо Шуъбаи минтақавии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ғарм, мутахассисони варзидаи соҳаи бонкдорӣ ба фаъолияти омӯзгорӣ ҷалб гардидаанд, ки ба донишҷӯён аз фанҳои фаъолияти бонкӣ, аудит дар бонкҳо, молия ва қарз, менеҷменти молиявӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ дар бонкҳо таълим медиҳанд. Инчунин, факултет бо Намояндагии муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар минтақаи Рашт дар соли 2024 шартнома бастааст, ки дар асоси шартномаи мазкур донишҷӯёни факултет ҳамасола дар филилал ва марказҳои хизматрасонии бонкию ташкилотҳои хурди қарзии дар минтақа буда, ва дар Намояндагии муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар минтақаи Рашт ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ сафарбар карда мешаванд, ки ин ба сатҳу сифати дониши амалии онҳо таъсири мусбӣ гузошта, таҷрибаи амалии бонкиро дар онҳо мустаҳкам менамояд.

Факултет бо факултети “Баҳисобгирӣ ва иқтисодиёти рақамӣ”-и  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон”, факултетҳои “Молия ва иқтисод” ва “Иқтисодиёт ва менеҷмент”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултетҳои “Ҳисобдорӣ ва омор”, “Молия ва қарз”ва “Муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ”-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва факултети “Баҳисобгирӣ ва молия”-и  Донишгоҳи агарарии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ҳамкориҳои судманди илмиву татқиқотӣ ва таълимиро ба роҳ мондааст.