Перейти к содержимому
и.в. Декан –Ҷураев М.М.
ҲОЛНОМА
Ҷураев Маҳмадкарим Мадаминович 10-уми декабри соли 1989 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Соли 2013 Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро бо ихтисоси математика ва физика бо дипломи аъло, рӯзона хатм намудааст.
Соли 2016 шуъбаи магистратураи институти математикаи АМИТ-ро бо номи А.Ҷураев бо ихтисоси математика, рӯзона хатм кардааст.
Солҳои 2012-2014 ба ҳайси ассистенти математикаи олии факултети табиӣ-риёзӣ Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, солҳои 2015-2016 магистранти АМИТ , аз соли 2016 то инҷониб муаллими калони кафедраи МАТЕМАТИКА, солҳои 2020-2022 муовини декан оид ба таълими факултети ТАБИӢ-РИЁЗӢ, аз моҳи декабри соли 2022 мудири кафедраи математика ва аз 5-уми феврали соли 2024 то инҷониб ҳамчун декани факултети табиӣ-риёзӣ кору фаъолият намуда истодааст.
Муаллифи беш аз 45 маводи таълими-методӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад, аз ҷумла 4 воситаи таълимӣ, 3 барномаи таълимӣ ва 38 мақолаи илмӣ-оммавӣ (аз он 7 мақола дар маҷаллаҳои тақризшаванда). Ҳамзамон, дар конференсияҳои сатҳи гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намудааст.
Аз соли 2021 то инҷониб унвонҷӯи кафедраи молияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон буда, дар масоили қарздиҳии низоми бонкӣ ба бахши саноат, хусусан саноати сабуки кишвар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодааст.
Барои хизматҳои шоён дар таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ чандин маротиба аз ҷониби роҳбарияти донишкада бо ифтихорнома ва сипосномаҳо (аз ҷумла 3 ифтихорнома ва 2 сипоснома) қадрдонӣ гардидааст. Ҳамзамон, бо сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2021) ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рашт (соли 2021) қадрдонӣ шудааст.
Оиладор соҳиби 2 фарзанд. Аз соли 2018 аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошад.
ДАР БОРАИ ФАКУЛТЕТ
Дар асоси қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми ноябри соли 2006 дар ноҳияи Рашт филиали Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кушода шуд. Ҳамзамон дар ҳайати ин филал шуъбаҳои ғоибонаи математика-физика, география ва методикаи таълими ибтидоӣ таъсис дода шуд. Соли 2008-2009 дар заминаи ин шуъбаҳо факултети “Педагогика ва табиӣ-риёзӣ”ташкил карда шуд, ки яке аз факултетҳои асосии ин филиал ба ҳисоб рафта, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои водии Раштро бо мутахасисони соҳаҳои математика, физика ва педагогикаю психология таъмин менамуд.
Дар соли таҳсили 2008-2009 факултет аз се кафедра иборат буд: Табиӣ-риёзӣ, математикаи олӣ ва педагогика-психология.
Сарварони факултет:
Дар солҳои 2015-2018 роҳбари факултетро устоди собиқадору кордон Ҳакимов Шодихуҷа ба уҳда доштанд, ки пештар дар вазифаи муаллими калони кафедраи математика-физика фаъолият менамуданд.
Роҳбари факултет-ро аз моҳи феврали соли 2018 то моҳи апрели соли 2019 Назаров Исмоил ба уҳда дошт. Ӯ пештар дар вазифаи мудири кафедраи “Информатика-барномасозӣ” фаъолият намудааст.
Аз моҳи июни соли 2019 то моҳи августи 2020 номзади илмҳои техникӣ Қаюмов Акмалшо Муминҷонович декании факултетро ба уҳда дошт. Пештар дар вазифаи сардори раёсати таълим, декани факултети иқтисод ва идора кор кардааст.
Аз 04-уми сентябри соли 2020 то 04-уми феврали соли 2024 Саидҷаҳфаров Аҳлиддин Илёсович декани факултетро ба уҳда дошт. Номбурда қаблан дар вазифаи муовини декан оид ба корҳои таълими факултети табиӣ-риёзӣ, роҳбари ММБНКТ кор кардаанд.
Ҳамаи роҳбарони факултети “Табиӣ-риёзӣ” дар замони роҳбарии худ дар рушду нумӯи факултет ва корҳои таълимӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва иҷтимоӣ тарбиявӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Ҳамин тариқ, аз 05-уми феврали соли 2024 то инҷониб роҳбарии факултети “Табиӣ—риёзӣ”-и Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Раштро муаллими калон Ҷураев Маҳмадкарим Мадаминович ба зима дорад.
Факултети “Табиӣ-риёзӣ” дорои се озмоишгоҳ (химия, биология ва физика) ду синфхонаи фаннӣ буда, дар онҳо донишҷӯён ба таълим фаро гирифта мешаванд. Дар факултет зиёда аз 60 барномаҳои таълимӣ, 1 китоби дарсӣ ва 8 воситаи таълимӣ аз ҷониби омӯзгорони факултет чоп гардидааст. Дар факултет 3 конференсияи байналмилалӣ гузаронида шуда, маводҳои он рӯйи чоп оварда шуданд. Ҳамзамон, дар факултет 5 номзади илмҳои табиӣ-риёзӣ фаъролият намуда, дигар омӯзгорони беунвон ҳамагӣ мавзуи кори илмӣ гирифта, ба навиштани рисолаи номзадӣ машғул мебошанд.
Факултет дорои панҷ кафедраи тахассусӣ мебошад.
Аз ҷумла:
-
Кафедраи “Математика”
-
Кафедраи “Физика”
-
Кафедраи “Химия”
-
Кафедраи “Биология”
-
Кафедраи “Информатика-барномасозӣ”
Факултети «Табиӣ-риёзӣ» яке аз факултетҳои намоён дар донишкада ба ҳисоб рафта, мутахассисонро аз рӯйи ихтисосҳои зерин омода месозад:
-
1-020503-01-Математика-физика
-
1-020503-02-Математика-информатика
-
1-020406-01-Химия-биология
-
1-310304-Информатика-барномасозӣ
-
1-310304-09-Электроникаи тиббӣ
-
1-310101-0221-Биохимияи тиббӣ
Саҳми устодони кафедра дар навиштани тақриз ба рисолаҳои хатми бакалаврӣ, магистрӣ ва воситаҳои таълимию китобҳои дарсӣ назаррас аст.
Дар назди факултет ҳармоҳа маҳфилҳо, ҳамоишҳо ва семинарҳои илмию назариявии назди кафедраҳо гузаронида шуда, дар он корҳои илмию таҳқиқотии устодон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд. Дар факултет маҳфили илмии донишҷӯён бо номи химикони ҷавон, биологони ҷавон, физикони ҷавон ва математикони ҷавон амал намуда, дар асоси нақша мавзуҳои актуалии замони муосир аз ҷониби устодон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешавад.
Барои мустаҳкамнамоии дониши амалии донишҷӯён дар асоси шартнома аз соли 2022 бо “Беморхонаи марказӣ”-и ноҳияи Рашт мутахассисони варзидаи соҳаи тиббӣ, ки ба фаъолияти омӯзгорӣ ҷалб гардидаанд, ба донишҷӯён аз фанҳои бемориҳои дарунӣ, паталогия ва фармакология таълим медиҳанд.
Факултет бо факултетҳои механика-математика, химия, биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултетҳои химия, биология, математика, физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Институти физика, Институти химия ба номи В.И. Никитина, Институти математика, Институти масъалаҳои об ва сохтумони гидротехникии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо ҳамкориҳои судманди илмиву тадқиқотӣ ва таълимиро барқарор намудааст.