Маҷмааи варзишӣ

Директори Маҷмааи варзишӣ  Абдурасулов З.С.

ҲОЛНОМА

     Абдурасулов Зинатулло Саъдуллоевич 17- декабри соли 1982 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

    Соли 1999 Омӯзишгоҳи Ҷумҳуриявии захираҳои олимпии ш.Душанберо хатм намудааст.

     Соли 1999-2004 ДДОТ ба номи Қандил Ҷураев бо ихтисоси муаллими забони англисӣ хатм намудааст.

    Соли 2004 ба ҳайси мураббии гуштинӣ Ҷудо дар мактаби варзишии н.Рашт фаъолияти кориашро оғоз намудааст.

     Соли 2005-2006 раиси кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзишӣ назди мақомоти иҷроияи ноҳияи Рашт.

  Соли 2015-2018 мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ Донишкадаи Омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

     Соли 2019-2022  ассистенти кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мурабии гуштини Ҷудо Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

     Аз 8 июни соли 2022 то ин ҷониб директори Маҷмааи варзишии  Донишкадаи Омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт кору фаъолият намуда истодааст.

     Оиладор соҳиби 5 фарзанд. Аз соли 2000 аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошад.

Маҷмааи варзишии Донишкадаи Омӯзгории Тоҷикистон  дар ноҳияи Рашт

    Саннаи 27- уми сентябри соли 2016 дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи варзишии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд.

     Пешвои миллат бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти ин Маҷмааи варзишӣ оғози расмӣ бахшида, ба шароиту имкониятҳои фароҳамоварда шинос шуданд.

Бинои Маҷмааи варзишӣ аз ду қисм иборат мебошад:

   Бинои якум аз толори варзишӣ бо 1,800 ҷои нишаст ва пешайвон дорои 40 ҷои нишаст барои шореҳон ва кормандони матбуот пшбини шудааст, бинои 2- юм аз 3 ошёна иборат аст.

Дар ошёнаи 1-ум утоқи посбон, ҳамшираи шафқат ва утоқҳои либосовезонкуни занона ва мардона, синфхонаи дарси.

     Дар ошёнаи  2 юм ва 3-юм утоқи кори барои роҳбарият, утоқи шоҳмот ва шашка, тенниси рӯи миз, гуштингирӣ, фитнес зал мардона ва занона   ва утоқҳои либосовезонкуни.

     Маҳз бо шарофияти соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба соҳаи варзиш ва варзишгарони кишвар дар риштаҳои гуногуни варзиш Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва номи давлати соҳибистиқлолро баланд мебардоранд.

     Бояд тазаккур дод, ки сексияҳои варзишӣ риштаи волейбол, футболи хурд, шоҳмот, тенниси рӯи миз, бадминтон, гуштини миллӣ, гуштини Ҷудо, вазнбардорӣ, ва карате-до фаъолият менамоянд.

  Тамоми сексияҳои варзишии маҷмаа бо таҷҳизот ва лавозимотҳои варзишӣ аз ҷониби раёсати донишкада сари вақт таъмин карда мешаванд.

Дар риштаҳои варзишии донишкада донишҷӯён, ҷавонону наврасон ҷалб гардида тамрин менамоянд.

  Роҳбарият ва мураббиёни Маҷмааи варзишӣ кушиш менамоянд,ки донишҷӯён ва ҷавонони ноҳияи Рашт вақти худро беҳуда нагузаронида , баҳри саломатии худ ва иштирок намудан дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он ба машқу тамрин машғул шуда, ҳамеша номбардори давлату миллат бошанд.

   Дастпарварони Маҷмааи варзишӣ дар чорабиниҳои варзишии ноҳиявӣ, минтакавӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда  сазовори медалу ифтихорномаҳо гардидаанд.

    Дар Маҷмааи варзишии Донишкадаи Омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт  чорабиниҳои варзишии сатҳи ноҳия, минтақа ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ  баргузор мегарданд.

Маҷмааи варзиширо то имрӯз сарвари мекарданд.   

Шарипов Раҳмонали (2017-2020)

Носиров Ҳалим (2020-2021)

Ҷомиев Муртазо (2021-2022)

     Абдурасулов Зинатулло Саъдуллоевич, аз 8 июни соли 2022 то ин ҷониб ба ҳайси директори Маҷмааи варзишии  Донишкадаи Омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт кору фаъолият намуда истодааст.