ШУЪБАИ ИЛМИ ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ
Давлатов Насимҷон Маҳмадҷонович – мудири шуъбаи илми Донишкадаи омӯзгорииТоҷикистон дар ноҳияи Рашт, муаллими калон.
Давлатов Насимҷон Маҳмадҷонович – 25 уми ноябри соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи ихтисоси муносибатҳои байналхалқӣ (ҳуқуқ)-и факултети ҳуқуқшиносии ДМТ (2017), мутахассиси шуъбаи қонунгузории кишоварзӣ, истифодаи сарватҳои табии ва ҳифзи муҳити зисти ММҚ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018), мутахасиси шуъбаи илм ва робитаҳои байналмилалии ДОТ дар ноҳияи Рашт солҳои (2018-2021), котиби масъули маҷаллаи илмии “Паёми ДОТ дар ноҳияи Рашт” солҳои (2018-2024), ассистенти кафедраи ҳуқуқ ва методикаи таълими ДОТ дар ноҳияи Рашт солҳои (2018-2022), унвонҷӯи шуъбаи қонунгузории гражданӣ, соҳибкорӣ ва оилавии ММҚ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021), муаллими калони кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии ДОТ дар ноҳияи Рашт (2022), мудири шуъбаи илм ва робитаҳои байналмилалии ДОТ дар ноҳияи Рашт солҳои 2021-2023, мудири шуъбаи илми ДОТ дар ноҳияи Рашт 2023 мебошад. Рисолаи номзадияшро дар мавзуи “Танзими ҳуқуқии шартномаи хариду фурӯши байналмилалии мол” зери роҳбарии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент М.Н. Раҷабзода ба таҳқиқ гирифтааст. Самтҳои асосии таҳқиқоти Давлатов Н.М., асосан ба масъалаҳои мубрами танзими ҳуқуқии шартномаи хариду фурӯши байналмилалии мол дар қонунгузории миллӣ, санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва қонунгузории давлатҳои хориҷӣ; ҳуқуқи маданӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; масъалаҳои глобалии сайёра; ҷавонон пайрави Пешвои миллат бахшида шудааст. Ӯ дар ин самтҳо 72 маводи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ ба нашр расонидааст. Аз ҷумла, 1 маҷмӯи мақолаҳо, 4 воситаи таълимӣ, 1 монография, 2 барномаи таълимӣ, 11 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 мақолаи илмӣ дар дигар маҷаллаҳои илмӣ, 11 мақола дар конференсияҳои сатҳи донишкадавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, 22 мақолаи илмӣ-оммавӣ.
ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБА
Шуъбаи илми Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028”, Барномаи давлатии омӯзиши забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030, Барномаи давлатии омӯзиши забонҳои рӯси ва англисӣ барои солҳои 2020-2030, Барномаи давлатии бист солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040, қарорҳои мушовара ва фармоишҳои Вазири маориф ва илм, фармоишҳои Ректори Донишкада, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва низомномаи шуъба амалӣ менамояд.
Шуъбаи илми Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт аз соли 2014 то соли 2023 бо номи (шуъбаи илм ва робитаҳои байналмилалӣ) фаъолият намудааст. Самти фаъолияти шуъбаи илми донишкада иборат аст аз ташкил ва назорати баргузории чорабиниҳои илмӣ — конференсияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, донишкадавӣ, семинарҳои илмӣ-назариявии кафедраҳо, маҳфилҳои илмии донишҷȳён, (МИД), озмунҳои ҷумҳуриявӣ, гуруҳҳои олимпӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотии олимони донишкада, фаъолияти корҳои илмии магистрантон, аспирантон, доктор PhD аз рӯи ихтисос ва назорати иҷроиши барномаҳои давлатӣ дар самти маориф ва илм, нақшаи дурнамои коромӯзӣ ва баландбардории ихтисоси кормандон ва ғайраро назорат мекунад. Ҷиҳати пешрафти фаъолият Шуъбаи илм робитаи зичро ба садорати факултетҳо ва кафедраҳои донишкада бароҳ мондааст. Ҳамзамон ба фаъолияти китобхона, китобхонаи электронӣ, парки технологии донишкада назорат намуда, ҷиҳати пешрафти кори ин соҳа намоиши китоб, рӯнамоии китобҳои нав, озмуни “Беҳтарин китобхон ё ихтирокор” ва амсоли инро баргузор менамояд. Шуъбаи мазкурро Пиров М., Шодиев М. роҳбарӣ намудаанд. Аз соли 2023 инҷониб шуъбаи мазкурро муаллими калон Давлатов Н.М., роҳбарӣ менамояд.
Дар шуъба ду воҳиди корӣ ташкил шудааст: мудири шуъбаи илм; мутахассиси шуъбаи илм.
Мақсади асосии Шуъба:
Мақсади асосии Шуъба рушди илм, назорати иҷрои корҳоӣ илмӣ-тадқиқотӣ, ташкил ва гузаронидани тадқиқотҳои бунёдӣ, амалӣ, тайёр кардани кадрдҳои илмию педагогӣ, дар истеҳсолот татбиқ намудани натиҷаҳои корҳои илмии устодон, ба пажуҳиши корҳоӣ илмӣ- тадқиқотӣ ҷалб намудани донишҷӯён, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён ва устодон мебошад.
Вазифаҳои асосии Шуъба:
— самарабахш истифода бурдани иқтидори илмӣ ва неруи зеҳнии ҳайати кормандони Шуъба ва Донишкада барои ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаҳои гуногуни илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, гуманитарию иҷтимоӣ;
— назорат намудани иҷрои корҳоӣ илмӣ, ки ба уҳдаи ҳайати професоорону устодони Донишкада мебошад;
— назорати сарбории бахши илмии устодону профессорони Донишкада;
— назорати иҷрои нақшаҳои инфиродии устодон ва профессорони Донишкада дар бахши илм;
— таҳияи гузориш, хисобот, маълумотнома, гузаронидани мониторинг дар бахши илм;
— ташкил ва баргузории семинарҳо, конфронсҳо дар бораи рушди илм ва проблемаи илмӣ дар Донишкада;
— таҳияи диаграммаҳо вобаста ба рушди илм ва инноватсия дар Донишкада;
— амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ, ки ба рушди илм алоқаманд мебошад;
— назорат ва иҷрои барномаҳои давлатии соҳавии дар бахши илм татбиқшаванда;
— рушди инноватсия ва таблиғи ғояҳои инноватсионӣ дар Донишкада миёни устодон ва донишҷӯён;
— мустаҳкам намудани алоқаи илм бо раванди таълим ва бо ин роҳ ҷалб намудани ҳайати устодон, докторантон, аспирантон ва донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
— татбиқ намудани натиҷаҳои илмии бадастовардаи устодон ва олимони Донишкада дар истеҳсолот;
— гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ, семинарҳо, мизҳои мудаввар, конференсияҳо, симпозиумҳо дар ҳамкорӣ бо муссисаҳои таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмии кишвар ва донишгоҳҳои хориҷӣ, ки бо муассисаи мо шартномаи дуҷониба бастаанд;
— ташкил намудани корҳои патентӣ, литсензионӣ, ихтироотӣ ва навоварӣ дар шуъба;
— таъмин намудани заминаи моддию техникии бахшҳои илмӣ- инноватсионии Шуъба ва саҳмгузорӣ дар иҷрои барномаи иҷтимоию иқтисодӣ;
— татбиқӣ талаботи барномаҳои давлатӣ, қарору қонунҳои марбут ба илми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— барои таъмини маводи нав оид ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотҳои донишҷӯён, аспирантон ва устодон ҷиҳати ҷой додан дар сайт (сомона) — и Донишкада ихтироъкорони ҷавонро сафарбар намуда, фаъолияти онҳоро зери назорат мегирад;
— таҳия ва нашри маҷаллаи илмии Паёми ДОТ дар ноҳзияи Рашт.
Дурнамои фаъолияти шуъба:
— ба қайд гирифтани маҷаллаи илмии Паёми ДОТ дар ноҳияи Рашт дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— ҷоннок кардани ҳимояи рисолаи номзадӣ ва докторӣ дар донишкада ва баланд бардоштани заминаи кадрӣ;
— бахши илми донишкада, дар доираи имкониятҳо тамоми чораҳоро роҳандозӣ намояд, то донишҷӯёни донишкада ба озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», “Илм — фурӯғи маърифат”, олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ роҳхат ва соҳиби мақом гарданд;
— мудирони кафедраҳо дар ҳамкорӣ бо қисми илми Донишкада дар соли таҳсили 2024 лоиҳаи илмӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришавандаро ба роҳ монанд;
— устодон донишкада Деҳқонов С.А., Одинаев Б., Алиев И., Саидҷаҳфаров А.И., Мудаббиров З., Шодизода Н.М., Давлатов Н.М., тибқи нақша, дар соли 2024 рисолаҳои номзадии хешро дифоъ намоянд.