ПАЁМ ВА САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР
(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Соҳаи саноат дар сатҳи иқтисодиёти кишвар ҳамчун соҳаи асосӣ ва калидӣ дар бробари соҳаи кишоварзӣ маҳсуб меёбад ва он ҳамеша дар макази диққати ҳукумату давлат қарор дорад. Ҷиҳати расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат саноатикунонии босуръати кишвар ва дарёфти роҳҳои рушди он як қатор барномаву стратегияҳои соҳавӣ қабул шудааст. Вобаста ба ин, қайд кардан зарур аст, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 якчанд вазифаҳои калидиро ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои стратегӣ барои солҳои оянда муайян мекунад, ки дар ин масъала соҳаи саноат ҳамчун соҳаи афзалиятнок пешбинӣ шудааст.
Соҳаи саноат яке аз муҳимтарин соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба ҳисоб меравад ва он дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии кишвар нақши калидӣ дорад. Аз омӯзиши таърихи рушди кишварҳои гуногуни олам мушоҳида мегардад, ки аксар давлатҳои мутараққӣ ба рушди саноат ва саноатикунонӣ, барои аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил додани мамлакат диққати махсус додаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно набуда, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди заминасозии иқтисоди миллӣ ва фароҳамоварии шароити мусоид барои таҳкурсии мустаҳками рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар, хусусан рушди соҳаи саноат ҳадафҳои стратегӣ қабул карда истодааст.
Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар кишвар сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноати кишвар куллан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шуда истодааст.
Барои рушди соҳаи саноат дар мамлакат бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 21 декабри соли 2021 доир ба масъалаи татбиқи амалии ҳадафҳои стратегӣ диққати махсус зоҳир намуданд, ки дар заминаи ҳадафҳои стратегии қаблан қабулгардида, ҳадафи чоруми стратегӣ бинобар аҳамияти бузург доштанаш дар рушди минбаъдаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат ва ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, инчунин, таъмини ин ҳадаф, ки ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар замина мегузорад, пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон карда шаванд. Ин ташаббус боиси он мегардад, ки соҳаи мазкур дар ин муддат, яъне дар муддати 5 соли эълон гардидани солҳои рушди саноат тақвият ёфта, барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар ва ташкили ҷойҳои нави корӣ заминаи мусоид гузорад. Ҳамин тавр ҳам аллакай шуда истодааст.
Ҳамчунин, бинобар аҳамияти бузург доштани соҳаи саноат дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар Паёми қаблӣ (21.12.2021) Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар супориш доданд, ки дар 5 соли минбаъда дар мамлакат зиёда аз 870 адад корхонаи саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида ва содироти он 2 баробар афзоиш дода шавад ва дар баробари ин ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 26 фоиз расонида шавад. Зеро захираҳои бузурги ашёи хоми ватанӣ имкон медиҳад, ки тавассути коркарди пурраи маъдан, аз ҷумла: металлҳои рангаву қиматбаҳо, инчунин, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш соҳаҳои саноати металургия, сабуку хӯрокворӣ ва дорусозӣ рушд намуда, дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот афзоиш ёбад ва саноатикунонии босуръати мамллакат таъмин карда шавад. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар 5 соли минбаъда барои таъмин кардани рушди саноати сабук доир ба таъсиси 5 маҷмааи коркарди ниҳоии нахи пахта бо ҷалби беш аз 11 миллиард сомонӣ чораҳои амалӣ андешида шавад.
Ин супоришҳои Пешвои муаззами миллат зина ба зина иҷро гардида, рушди соҳаи саноат дар соли ҷорӣ аллакай мушоҳида гардида истодааст, ки дар Паёми навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ рақамҳои амиқи рушди соҳаи мазкур ироа гардиданд.
Тавре, ки дар Паёми имсолаи хеш Пешвои миллат дар санаи 28 декабри соли 2023 қайд намуданд, дар замони соҳибистиқлолӣ, хусусан дар соли 2023 шумораи корхонаҳои саноатӣ дар кишвар ба зиёда аз 3000 адад расида ва бо 54 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият намуда истодаанд. Дар соли 2023 бошад, беш аз 715 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд ва барои 46 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2023 мусоидат намуданд. Барои рушди ин соҳа, яъне соҳаи саноат аз ҳисоби сармояи мустақими хориҷӣ ва маблағи корхонаҳо дар соли 2023 зиёда аз 7 миллиард сомонӣ ҷалб гардидааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 1,5 баробар зиёд мебошад.
Агар шумораи корхонаҳои саноатиро дар соли 2023 нисбат ба соли 1991 бо таъсиси ҷойи корӣ қиёс намоем маълум мегардад, ки дар соли 1991 ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошт ва ин шумора дар соли 2023 ба 3000 адад ва шумораи ҷойи корӣ ба 54 ҳазор расонида шуд, яъне шумораи корхонаҳои саноатӣ дар ин давра 2642 адад ва шумораи ҷойҳои корӣ 21 ҳазор зиёд гардидаанд.
Бояд зикр намуд, ки Пешвои миллат дар рафти Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишондиҳандаҳоро бо дарназардошти захираву имкониятҳои кишвар нокифоя ҳисобида, ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои марбута ҷиҳати таъсиси корхонаҳои саноатӣ бо ҷалби технологияҳои муосир ва муҳайё намудани ҷойҳои кории нав ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳали рушди умумиқтисодӣ қарор дошта, ҳамавақт ба масъалаҳои муҳими соҳавӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Ин аст, ки ҳамасола тамоили тағйрёбии ҳиссаи соҳаи саноат дар таркиби ММД ба назар мерасад. Аз таҳлили маълумотҳои омори саноати кишвар бар меояд, ки ҳиссаи соҳаи саноат дар ММД дар соли 2017 17%, 2018 34,70% ва дар соли 2022 17%-ро ташкил намудааст, ки дар муқоиса ба соли 2017 ин ҳиссаи бетағйир буда, аммо дар алоҳидагӣ ин соҳа тамоили рушдро касб намудааст. Илова бар ин, қайд кардан ба маврид аст, ки новобаста аз гузаштан аз модели аграрӣ-саноатӣ рушди иқтисодиёт ба модели идустриалӣ-агаррӣ ҳамоно ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар ММД назаррас ва дорои афзалияяти баланд мебошад. Аз ин хотир, дар айни замон гуфтан ба маврид аст, ки рушди соҳаҳои асосӣ ва ёрирасон дар сатҳи дохила ва беруна аҳамияти макроиқтисодӣ доранд ва ба дастгирии ин соҳаҳо пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Нақши назарраси сохторҳои соҳаи саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси он мегардад, ки ин соҳа дар рушди иқтисодиёт нақши калидӣ дорад.
Тибқи маълумотҳои омори саноат агар дар соли 2017 суръати рушди соҳаи саноат 20%-ро ташкил намуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2022 ба сатҳи 43% афзоиш ёфтааст, ки дар муқоиса ба соли таҳлилшаванда 23% ва ба ҳисоби миёна ҳамасола 30,6% афзоиш меёбад. Бояд гуфт, ки сатҳи самараноки рушди соҳаи саноатро дар шароити имрӯза пеш аз ҳама аз тамини мустақилияти фаъолияти ташкилӣ, додани имтиёзҳои давлатӣ ва маблағгузорию сармоягузорӣ таъмин намудан имконпазир мебошад. Дар айни замон таъмини соҳаҳои алоҳидаи саноатро бо қарз ва сармоя метавон аз ҳисоби низоми бонкӣ ва сармоягузорони хориҷӣ таъмин кард. Беҳуда нест, ки дастрасӣ ба қарзҳоро яке аз воситаҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодӣ, вусъат додани истеҳсолоти ватанӣ, устувор намудани иқтидори содиротӣ ва бунёди ҷойҳои нави корӣ мегӯянд.
Дар охир қайд кардан ба маврид аст, ки дар натиҷаи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳо ва сохторҳои дахлдор, ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар амалӣ гардида, барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сатҳи некуаҳволии аҳолии кишвар заминаи мусоид мегузорад.
Миршарипов Эмомалӣ Қурбоналиевич,
Муовини декан оид ба таълими факултети
иқтисод ва идораи ДОТ дар н. Рашт, муаллими калон