ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ КИШВАР
Бояд ёдовар гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафти сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодии худро пас аз пойдор гардидани Ваҳдати миллӣ ба даст овард. Чунки дар он солҳо аллакай низоми иҷтимоию иқтисодии кишвар нисбат ба давраи солҳои аввали ҷангӣ рӯ ба эътидол оварда буд. Сабаби ҳама ин бенизомиҳо аз қабили паст гардидани сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодии аҳолии кишвар ва ба ҷанги шаҳрвандӣ мубтало гардидан дар солҳои парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ ва солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ буд. Аз ин хотир, таҳлили рушди иқтисодиёт дар давраи аввали ҷангӣ шаҳрвандӣ ва давраи баъди он, яъне замони пойдории Ваҳдати миллиро дар мақолаи мазкур зарур донистем.
Бояд зикр намуд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо таъсири омилҳои сиёсии ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ фазои сиёсии кишвар ба буҳрони сиёсиву иқтисодӣ дучор гардид, ки ин ба рушди соҳаҳои гуногуни кишвар, хусусан соҳаи иқтисодиёти минтақаҳо таъсири манфӣ гузошта, дар маҷмӯъ ба касодии кули иқтисодиёти мамлакат оварда расонид ва мувофиқи маълумотҳои расмии оморӣ хисороти дар ин давра ба вуқуъ пайваста 10 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медод.
Гузариш аз иқтисоди нақшавӣ-директивӣ ба иқтисоди бозоргонӣ барои давлати навини мо, ки аз собиқ давлати Шуравӣ ба дараҷае, ки қариб чизе мерос нагирифта буд, бисёр мушкил ба назар мерасид. Дар ин давраи мушкил маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) –и кишвар сол то сол паст мегардид. Масалан, дар соли 1991 истеҳсоли ММД нисбат ба соли 1990 агар 6% кам гашта бошад, дар соли 1992 он якбора ба 40% поён рафта ва истеҳсолот дар самти маҳсулотҳои соҳаҳои кишоварзӣ, саноатӣ ва истеъмолӣ на зиёда аз 68% -и соли 1991-ро ташкил медод.
Инчунин бояд қайд намуд, ки тамоми нишондиҳандаҳои иқтисодии соли 1992 якбора ба поён майл карда, боиси сар задани таварруми шадид дар кишвар гардид, ки мувофиқи маълумотҳои расмии оморӣ сатҳи таваррум бо асъори миллии ҳамонвақта то 2000% расида буд ва коҳишёбии ММД дар солҳои 1991-1996 ба 46% мерасид, ки ин аз таъсири ҷанги шаҳрвандӣ маҳсуб меёфт. Барои бартараф намудани мушкилоти зикргардида, давлати мо тоҷиконро он вақт зарур буд, ки Ваҳдати миллиро барпо намуда, муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва дипломатиро бо кишварҳои аъзои собиқ Шӯравӣ барои ҳаллӣ муноқишаҳои дохилӣ барқарор намояд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд.
Бо заҳмату талошҳои зиёди Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Россияи Федералӣ Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ин амал барои бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон як таккони ҷиддие гардид ва аз ҷониби ҷомеаи башарӣ бо хушнудӣ пазируфта шуд ва инчунин тамоми ташкилотҳои байналмиллалӣ ин иқдомро дастгирӣ намуданд. Хусусан, аз ҷониби Созмони миллали мутаҳид (СММ) барои ин амали неки Пешвои миллат баҳои баланд гузошта шуд, ки шаҳодати онро навиштаи Котиби Генералии замони СММ Кофи Аннан дар маҷаллаи махсуси русии «Огонёк» соли 2001 медиҳад, ки чунин қайд карданд: «Тоҷикистон намунаи хоси ҳалли муноқишаи дохилиро пешниҳод намуд. Фикр мекунам, ки ин ҳиссаи Тоҷикистон дар таърихи истиқрори сулҳ ба ҳисоб меравад».
Албатта Пешвои миллат ҳамеша ба рушди тамоми соҳаҳои кишвар, хусусан рушди иқтисодиёти мамлакат ва рушди иқтисоди дохилӣ ва хориҷии кишвар, инчунин афзалиятҳои он таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Аз ин ҷост, ки рушди пайвастаи иқтисодиёти миллӣ аз замони соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ то имрӯз ба таври чашмрас мушоҳида гардида истодааст. Чунончи маълумотҳои оморӣ шаҳодат медиҳанд соли 2023 барои Тоҷикистон соли бобарор гардида, ММД-и кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва он ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Бевосита ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба пешравиҳои назаррас сол аз сол ноил гардида истодааст. Ва дар ин замина, самтҳои Стратегияи рушди иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ батадриҷ амалӣ гардида истодаанд.
Боиси зикр аст, ки дар дар замони соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 3000 адад (дар соли 2023) расонида шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 46 млрд. сомонӣ расид, ки он нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта аст. Танҳо дар соли 2023 беш аз 715 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд. Барои рушди соҳаи саноат аз ҳисоби сармояи мустақими хориҷӣ ва маблағи корхонаҳо дар соли 2023 зиёда аз 7 миллиард сомонӣ ҷалб гардидааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 1,5 баробар зиёд мебошад. Агар шумораи корхонаҳои саноатиро дар соли 2023 нисбат ба соли 1991 бо таъсиси ҷойи корӣ қиёс намоем маълум мегардад, ки дар соли 1991 ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошт ва ин шумора дар соли 2023 ба 3000 адад ва шумораи ҷойи корӣ ба 54 ҳазор расонида шуд, яъне шумораи корхонаҳои саноатӣ дар ин давра 2642 адад ва шумораи ҷойҳои корӣ 21 ҳазор зиёд гардидаанд.
Қисми даромади буҷети давлатӣ бошад, дар соли 2023 дар сатҳи 102,5 фоиз таъмин гардид, ки ин аз рушди бомайлони иқтисоди миллӣ ва ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ шаҳодат медиҳад ва ин боиси боло рафтани музди меҳнат ва баланд гардидани некуаҳволии мардум мегардад. Қисми даромади буҷети давлатӣ дар ҳафт соли охир зиёд гардида, дар соли 2023 он нисбат ба соли 2017-ум 1,6 баробар афзоиш ёфтааст.
Танҳо дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон, даромади пулии аҳолӣ дар ҳафт соли охир 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид. Дар ин давра музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид.
Агар мувофиқи маълумотҳои оморӣ ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ танҳо солҳои 2010-2022 -ро муқоиса намоем тағйиротҳои назаррасро дидан мумкин аст, аз ҷумла даромадҳои пулии аҳолӣ 7,18 маротиба (718%), хароҷотҳои пулӣ ва пасандозҳо 6,75 маротиба (675%), музди миёнаи кормандон 4,97 маротиба (497%), ММД 4,68 маротиба (468%), маҳсулоти саноатӣ 5,26 маротиба (526%), маҳсулоти кишоварзӣ 3,77 маротиба (377%), сармоягӯзориҳо 3,57 маротиба (357%), ба кор андохтани фондҳои асосӣ 2,74 маротиба (274%), хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 3,06 маротиба (306%), гардиши савдои хориҷӣ 190%, содирот 179%, воридот 194% зиёд гардидаанд, ки бевосита ба дастовардҳои замони Ваҳдати миллӣ, вобастагии зич дорад.
Дар давоми солҳои 2017-2023 суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми ММД 1,5 баробар зиёд гардидааст. Ва пешбинӣ гардидааст, ки суръати рушди иқтисоди миллӣ дар соли 2024 дар сатҳи на кам аз 8 фоиз бояд таъмин шавад. Дар ин раванд, сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2023-юм 3,8 фоизро ташкил намуд, ки нисбати дигар давлатҳои ҳамсоя нисбатан муътадил буда, барои дар сатҳи муайян нигоҳ доштани нархи молу маҳсулот мусоидат намуд.
Инчунин, сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуда, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст шуд. ва тибқи СМР – 2030 дар ҳафт соли минбаъда сатҳи камбизоатӣ бояд то ба 10 фоиз паст карда шавад. Дар чунин ҳолат, барои баромадан ба сатҳи давлатҳои даромади миёнаи аҳолиашон дар сатҳи миёна имконияти мусоид фароҳам меорад.
Масоили дигаре, ки дар замони Ваҳдати миллӣ ва хусусан дар ҳафт соли охир ба он таваҷҷуҳи бештар дода шуд ин хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аст, ки ҳаҷми хароҷоти буҷети давлатӣ ба ин соҳа аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид. Барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2023 4 миллиард сомонӣ равона шуд. Ҷиҳати пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат ва кӯдакони маъюб, инчунин ҷубронпулии яквақта ба шаҳрвандони аз фалокатҳо зарардида 2 милларду 70 миллион сомонӣ равона шудааст.
Ҷиҳати афзоиш додани маошу нафақа дар шароити ногувори имрӯза, ки иқтисоди кишвари моро ҳам таҳти таъсир қарор додааст, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: аз 1 июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда мешавад; аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилоти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 40 фоиз зиёд мегардад; аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шуд; аз 1 июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад, ки ҳамаи ин аз шарофати соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ аст.
Дар санаи 28-уми декабри соли 2023 ҳангоми ироаи Паём Пешвои миллат қайд намуданд, ки мо бояд зудтар ба кишвари саноатӣ табдил ёбем. Ҷиҳати ба кишвари саноатӣ табдил шудан мо бояд пеш аз ҳама соҳаҳои иқтисоди миллиро ба саноат наздик омода созем, яъне рушди низоми қарздиҳӣ, сармоягӯзории мусоид, заминаҳои рушди соҳаҳои саноатро гузорем. Ҳамзамон, зимни Паём қайд гардид, ки шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардида, дар ин раванд аз ҷониби соҳибкорони мамлакат беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду навсозӣ шуданд. Танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд, инчунин аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону навсозии 139 иншоот анҷом дода шуд.
Вобаста ба самти дигари рушди иқтисодӣ дар раванди Паём таъкид гардид, ки барои рушди иқтисоди миллӣ омили асосӣ ин ҷалби сармоягӯзорӣ ба иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад ва дар ҳафт соли охир ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 95 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад. Дар ин давра ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ шуд. Ҳамчунин дар ин раванд 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Таъкид гардид, ки ҳаҷми сармояи мустақим то соли 2026 нисбат ба ММД ба 10 фоиз расонида шуда, дар панҷ сол бояд ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоя ҷалб шавад.
Зимни Паёми Пешвои миллат қайд гардид, ки дороии сохторҳои молиявӣ, қарзии ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта 22 фоиз зиёд гардида, 39,6 миллиард сомониро ташкил дод. Ҳаҷми пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби низоми бонкӣ дар соли 2023 дар муқоиса бо соли 2022-юм 31,1 фоиз афзоиш ёфта, ба 18,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда бошад, 32,1 фоиз зиёд гардида, 13,3 миллиард сомониро ташкил дод. Ҳамчунин қарзҳои ба занони соҳибкор пешниҳодшуда 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 4,8 миллиард сомонӣ расонида шуд. Бақияи умумии пасандозҳои аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар ташкилоти қарзии ватанӣ дар соли 2023 нисбат ба соли 2022-юм 32 фоиз зиёд гардида, ба 18,6 миллиард сомонӣ расид. Дар ин давом, барои зиёд намудани қарзҳои дарозмуддат, дастрас ва бо фоизи паст пурра ҷорӣ намудани низоми рақамии хизматрасонии бонкӣ дастуру супоришҳо дода шуд.
Хулоса, аз таҳлили соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёти кишвар дар боло маълум гардид, ки рушди иқтисодиёти кишвари азизамон Тоҷикистон дар даврони пойдор будани Ваҳдати миллӣ хело ҳам баланд арзёбӣ мегардад ва ин нишондиҳандаҳо дар зарфи 27 сол хело нишондиҳандаҳои баланд маҳсуб меёбанд. Дар охир, як чизи дигарро ҳам мебояд қайд намуд, ки дар раванди бунёди давлати навини соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон рисолати Ваҳдати миллӣ олитарин арзише маҳсуб меёфт, ки муттасилан дар роҳи устуворӣ ва пешравӣ кардани он мусоидат намудаасту айни ҳол ҳам намуда истодааст.
МИРШАРИПОВ ЭМОМАЛӢ ҚУРБОНАЛИЕВИЧ,
Декани факултети Иқтисод ва идораи
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт