ҶАШНИ САДА:ПАЙДОИШ ВА МОҲИЯТИ ОН
Ҳама халқу миллатҳои ҷаҳон дорои урфу одате, расму ойине ва тамаддуне мебошанд. Аҷдоди мо низ яке аз кӯҳантарин ва бофарҳангтарин халқият шинохта шудаанд. Ориёӣ ё эроннажодону порсҳоро таърихи тамаддуни башарӣ бо фарҳанги волояш эътироф намудааст. Аз бостон то имрӯз ҷашнҳои аҷдодони мо бо шарофати давлатмардон, донишмандон ва мардуми фарҳангпарвараш дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ пойбарҷо мондаанд, агарчӣ боду тӯфони ҳаводиси таърих муддате онҳоро ба гӯшаи фаромушӣ додааст.
Яке аз чунин ҷашнҳои бостонии мо, ки ба санаи 30 январи солшумории мелодӣ ва ба шомгоҳи 10 баҳманмоҳ рост меояд, ҷашни Сада мебошад. Ҳамчунин, ба тақвими зардуштӣ ин рӯзро Обонрӯз мегӯянд, ки ба рӯзи Баҳман ба феврал рост меояд. Бархе аз муҳаққиқон мегӯянд, ки номи Сада аслан аз шумораи сад гирифта шудааст ва аз 10-уми моҳи Баҳман то Наврӯз 50 шабу рӯзро фаро мегирад. Ба гуфтаи Абӯрайҳони Берунӣ ниёгонии мо шабу рӯзро ҷудо ҳисоб мекарданд ва ин 50 шабу рӯз то рӯзи Наврӯз 100 рӯзро ташкил менамуд. Ба ақидаи Муроди Ғиёсободӣ ё Меҳрдоди Баҳор дар китобаш “Тадқиқот дар фарҳанги Эрон” сада ба шумораи 100 рабте надорад ва аз забони авастоӣ ин ба маънои эҳё ва боло рафтан аст.
Ҷашнвора таърихи зиёда аз шаш ҳазорсоларо дорост. Ба ақидаҳои бархе аз муҳаққиқону донишмандон решаи ин ҷашнвора аз даврони ориёиҳо сабзидааст ва қисме дар он ақоиданд, ки ҷашни Сада аз замони ориёиҳо ҳам жарфтар домана дорад. Равшан Раҳмонӣ олими мардумшинос ва мутахассиси фолклор ба он назаранд, ки чун пайдоиши ҷашни Сада марбут ба Хуршеду оташ аст, хело қадимӣ буда, ба даврони пеш аз ориёиҳо ва ҳато дуртар аз он мерасад. Агар аз нигоҳи таърихи асотир бигирем ин ҷашн аз пайдоиши оташ оғоз мегирад. Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” овардааст, ки Ҳушанг ҳамроҳ бо гурӯҳи мардумон аз миёни кӯҳ мегузашт ва чашмаш ба мори сиёҳе афтод. Ҳушанг санги калонеро бардошта ба тарафи мор мепартояд ва санг бар санги дигаре бархурда шарораи оташ медиҳад.
Фирдавсӣ ин падидаро чунин арзёбӣ менамояд:
Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,
Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳон гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х-вард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Абӯрайҳони Берунӣ дар “Ат-таҳфим” ва “Осор-ул-боқия” дар бораи пайдоиши оташ чизе нагуфтааст, вале овардааст, ки “оташ дар бомҳо афрӯхта мешуд ва ин бо амри Фаридун сурат гирифт”. Дар Наврӯзнома, ки ба Хайём нисбат дода шудааст, низ омадааст, ки “Ҷашни аср таҷлил шуд ва мардуме, ки аз зулми Заҳҳок ба дод омада буданд, писандиданд ва ба бахти хайр он рӯзро ҷашн гирифтанд ва ҳар сол то имрӯз ойини он шоҳони некӯ дар Эрон ва гирду атрофи он ҷашн гирифта мешавад”.
Чун аз замонҳои қадим мардум аз гармӣ ва равшании Хуршед баҳра мебурданд ин гармиро ҳамчун неъмати осмонӣ медонистанд. Ба андешаи муҳаққиқон дар натиҷаи бархурд бо офатҳои табиӣ ва дигар унсурҳо дар зеҳни аввом андеша ва ақидаҳои нисбатан нав ба вуҷуд меомаду барои ҳифзи худ ниёиш ва эътиқод пайдо намудан ба ин омил оғоз гардид. Чун рушноӣ, ки фараҳбахшу гармиовар буд, оташ низ муҷиби парастиш қарор гирифт, ки баъдҳо боиси пайдо гардидани ҷашни Сада шуд.
Дар дини Зардуштӣ рамзи оташ ҳамчун равшанӣ ва гармӣ ифода гардида баёнгари нури Хуршед аст, ки ҷаҳонро мунаввар сохтааст. Хуршед аз замонҳои қадим ҳамчун як нерӯи бузургу тавоно бар зидди торикӣ дониста шудааст ва миёни қавмҳои зиёди олами бостон мавриди ситоиш ва парастиш будааст.
Фарҳанги бостонии аҷдодони мо дар меҳвари тарбият муборизаи нур ба зулумот, некӣ ба бадӣ ва ҳидояти беолоишиву равшанзамириро талқин мекунад. Ин қиёсҳоро мо дар мисол на танҳо дар тимсоли Ҳурмузду Аҳриман аз фаслҳои сол низ тавзеҳот дода метавонем. Ориёиҳо ду фасли сол доштанд, ки онҳо ҳамчун муборизаи гармию сардӣ ба мисли равшанӣ ба торикӣ инъикос ёфтаанд. Яке аз ин фаслҳоро (hama) тобистони бузург, ки фарогири ҳафт моҳ буд ва оғозаш аз моҳи фарвардин ва анҷомаш то моҳи меҳр мекашид, ки бо ҳисоби тақвимии мо аз 21 ё 22 март то 22 октябр рост меояд. Дигареро (zayana) яъне зимистони бузург мегуфтанд, ки оғозаш моҳи обон ва анҷомаш моҳи исфанд буд, ки ин ба ҳисоби тақвими мелодӣ баробар меояд аз 23 октябр то 20 моҳи март ва идомаи он 150 рӯзро фаро мегирад. Ҷашни Сада, ки ба шаби 30 ва оғози рӯзи 31-и январ рост меояд мувофиқи он баъд аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо, пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон медарояд. Ориёиҳо чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва истиқболи Меҳр Худои гармию фурӯғи миноӣ Митраро ёдоварӣ намуда, гулхани бузург меафрӯхтанд. Ҷашни Сада ҳамчун ифодагари пирӯзии рӯшноӣ ба торикӣ ва муждаи фасли баҳору Наврӯз буд.
Дар осори Бертелс Е.Э. “Праздник джашни сада в таджикской поэзии” тавзеҳотҳои ҷолибе дида мешавад. Аз ҷумла баён гаштааст, ки ба ақидаи ориёиҳои қадим то рӯзи ҷашни Сада аз зимистон 100 рӯз мегузашт ва сармо ба авҷи боло расида, баъд аз он оҳиста — оҳиста ҳаво ба гармшавӣ моил мешуд. Ба хотири нарасидани газанд ба кишту кор ва чорвоҳояшон онҳо оташро чун рамзи Ҳурмузд, то қувваҳои бадӣ бисӯзанду нобуд гардонанд ва аз сардӣ эмин монанд, меафрӯхтанд ва ҷашни Сада ё оташ баргузор мешуд. Мардум якҷо хирмани бузурге аз хошоку чуб ҷамъ меоварданд ва онро бо фаро расидани торикӣ оташ мезаданд, то атроф фурӯзон мегашт ва ҳамагон гирди оташ хушҳолӣ менамуданд. Онҳо сардиву сармои шадидро қувваи аҳриманӣ меҳисобиданд ва бовар доштанд, ки оташ ҳамчун нерӯи Ҳурмузд боқии сармои мондаро месӯзонад.
Сари истилоҳи Сада ҳам фикру мулоҳизаҳо гуногунанд, аммо онҳо бо ҳам умумият доранд ва тасдиқ месозанд, ки ин ҷашн дорои таърихи қадимист. Дар забони авастоӣ вожаи Сада “баромадан ва тулӯъ кардан”-ро ифода месозад. Ҳошими Ризо яке аз донишмандони эронӣ дар китоби “Ҷашнҳои оташ ва меҳргон” менависад, ки: “Сада вожаи форсӣ аст. Дар паҳлавӣ бояд ба шакле аз ин ашкол: сат (sat), сатаг (satag), садҳаг (sadhag), садҳ (sadh), сата (sata) буда бошад. Дар арабӣ ба сурати сазақ ё садақ китобат ва талаффуз мешавад”.
Ҷашни Сада инъикосгари тамаддуну фарҳангӣ аҷдодони мо буда, аз назари муаррихоне ба мисоли Байҳақӣ, Берунӣ, Гардизӣ ва амсоли ин бузургон яке аз се ҷашнҳои бузурги бостонии мост. Ин ҷашн дар замони оғози Ислом, давраи ҳукумати шоҳҳои Хоразм ва истилои муғул баргузор мегардид.
Бо гардиши чархи таърих ҷашнҳои бостонии мо асрҳои зиёд аз мадди назар дур монданд. Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ ин ҷашнҳо боз эҳё гардида, моро ба таърихи зиёда аз шашҳазосолаамон пайванд медиҳанд.
Дар Паёми шодбошии худ ба муносибати ҷашни Сада 29-уми январи соли 2022 Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки : “ Шинохти таърихи бостонӣ, ифтихор аз фарҳангу тамаддуни чандинҳазорсолаи халқамон, эҳёи беҳтарин расму ойинҳои гузашта ва мутобиқ сохтани онҳо ба арзишҳои маънавии имрӯза дар шароити торафт вусъат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ, худогоҳии таърихӣ ва ҳувияти миллии моро мукаммалу устувор менамояд.
Дар асоси сарчашмаҳои таърихиву адабии ниёгонамон ҷашни Сада рамзи рӯшноӣ ва пирӯзии инсон бар қувваҳои бадӣ ба шумор меравад”.
н.и.т., дотсент Шарифова М.Қ.
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон
дар ноҳияи Рашт