ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ЗАМИНАИ СУБОТИ ҶОМЕА

0

«Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад,ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ намудааст».

                                                                                                                                                                   (Эмомалӣ Раҳмон)

        Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои ҳар як ҷомеаи мутамаддин ба шумор меравад, ки пойдории давлатдорӣ, оромии ҷомеа ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар ба он вобаста аст. Барои мардуми тоҷик, ваҳдат на танҳо як арзиш, балки таҷрибаи таърихӣ ва сабақи бузургест, ки пас аз солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ онро ба даст овардаанд. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон ба ҷанги дохилӣ кашида шуд, ки ҳазорҳо нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳазорони дигар гуреза гардиданд. Зиндагӣ дар кишвари мо ба шикаст рӯ ба рӯ гашт ва кишвар ба вартаи фоҷиа наздик шуд. Дар чунин шароит, бо ирода ва талоши фарзандони ватандӯст, махсусан бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон — шахсияти таърихӣ ва Пешвои миллат, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид. Аз ҳамон рӯз Тоҷикистон ба сӯи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадам ниҳод.

        Ваҳдати миллӣ маънои аз миён бурдани душмании дохилӣ, таҳаммули сиёсӣ, эътирофи гуногунандешӣ ва ҳамдигарбахшии миллӣ ва динӣ мебошад. Дар ҷомеаи мо, ки аз гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва қавмии мухталиф иборат аст, ваҳдат омили асосии баҳамоии мардум ва муттаҳидсозии ҳадафҳост. Он дар тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Ваҳдат чун рӯҳи ягонагӣ ба дили миллат нерӯ мебахшад, то ки ҷомеа ба тараққӣ ва озодандешӣ рӯ оварад. Имрӯзҳо ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳис мекунад, ки маҳз ба шарофати ваҳдат мо тавонистем як ҷомеаи босубот бунёд намоем, мактаб ва роҳ бисозем, нерӯгоҳу фурудгоҳҳоро эҳё кунем ва ба ҷаҳон исбот намоем, ки миллати тоҷик тавоно аст, агар якдилу якпеша бошад.

        Фарҳанги тоҷикон, аз даврони бостон то имрӯз, фарҳанги таҳаммул, ҳамзистӣ ва ваҳдат буда, бузургони илму адаб дар тӯли асрҳо мардумро ба ҳамдилӣ ва дӯстиву бародарӣ даъват мекарданд. Мисли Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз, Фирдавсӣ ва дигарон дар осори худ дӯстиро авло дониста, низоъро азобу фано номидаанд. Ин таълимоти ахлоқӣ ва маънавӣ то имрӯз дар зеҳни мардум боқист ва барои тарбияи насли нав ва ҷавонон ҳамчун рукни фарҳанги миллӣ арзиш дорад. Ҷавонони тоҷик имрӯз дар фазои орому осуда ва бо шукргузорӣ аз сулҳу субот таҳсил мекунанд, ба корҳои илмиву эҷодӣ машғуланд ва дар рушду пешрафти кишвар саҳм мегузоранд.

        Мавқеи ваҳдати миллӣ дар шинохти худшиносии миллӣ ва эҳёи ҳувияти тоҷикӣ низ калидӣ аст. Ҷомеае, ки дар он ваҳдат пойдор аст, метавонад бо дили ором ба таърихи худ назар кунад ва барои оянда барнома тарҳрезӣ намояд. Мо набояд фаромӯш кунем, ки ваҳдат кори якрӯза нест. Он натиҷаи заҳмат, бурдборӣ, хирад ва гузаштҳои бузурги таърихист. Ҳифз ва тақвияти он рисолати ҳар як фарди худшинос ва ватандӯст мебошад.

        Дар васфи ваҳдати миллӣ шоирон ва адибон низ осори зиёде эҷод намудаанд. Ин шеърҳо ҳамчун сарчашмаи ифтихор ва ҳувият хидмат мекунанд ва ҳисси ватандӯстии мардумро баланд мебардоранд.

Мардуми тоҷикзабонро даҳр бишносад кунун,

3-он ки бошанд ҳар нафас ваҳдатгарои манзилам.

Толиби сулҳанд доим мардуми тоҷикзабон,

Такя бар онҳо намояд қавми соҳибманзилам.

*****

Сулҳ баҳорест, баҳор оварад,

Равнақи шодиву барор оварад.

Сулҳ дихад шаршараи ҷӯи об,

Сулҳ диҳад ҳусни пур аз обутоб.

*****

Қатра-қатра оқибат дарё шудем,

Зарра-зарра кўҳи побарҷо шудем.

Сад ҳазорон мо бо ҳам ҷамъ омадем,

То дар ин даҳри парешон мо шудем.

*****

Раҳи Ваҳдат зи санги хора бигзашт,

Баланду пастро ҳамкора бигзашт.

Ҳазар кун аз раҳи дилҳои сангин,

Ки ҳаргиз з-он гузашт, овора бигзашт.

*****

Ҷанги бунёдсўзи мо бигзашт,

Сулҳи бунёдкори мо омад.

Ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

*****

Миллати тоҷик дорад боз як иди дигар,

Иди ваҳдат, иди санъат, иди – ҳунар.

Иди меъроҷи заковат, қудрати ақлу хирад,

Иди деҳқону каҷевар, мактабию коргар.

Ин гуна ашъор ва суханони ноб ба мо хотиррасон месозанд, ки ҳар дам бояд аз неъмати ваҳдат ҳифз кунем ва барои пойдории он заҳмат кашем.

        Хулоса, ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик муқаддастарин арзиш ва бузургтарин сармоя аст. Мо бояд бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ дар ҳифзи он саъй кунем, душманони ваҳдатро шиносем ва нагузорем, ки нофаҳмию кина дубора фазои ҷомеаро тира созад. Танҳо бо дили соф, нияти нек ва муҳаббати ҳақиқӣ ба Ватан метавонем аз ин неъмати бузург ҳифз намоем ва Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои пешрафтаи минтақа ва дунё табдил диҳем.

Қурбоналӣ Ҳайётов — мудири кафедраи

«Информатика ва барномасозӣ»-и

ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *