ВАҲДАТИ МИЛЛӢ КАФИЛИ ИМРӮЗИ ОБОД ВА ФАРДОИ ДУРАХШОН.

0

      Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик на танҳо як санаи таърихист, балки рамзи ҳамбастагӣ, дӯстӣ, субот ва бақои давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Ин ҷашни муқаддас дар худ паёми сулҳ, оромӣ ва пирӯзии хирадро бар нофаҳмию парокандагӣ таҷассум мекунад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштаанд:
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад».

      Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон ба марҳилаи нави давлатсозӣ қадам гузошт. Аммо роҳи истиқлол ҳамвор набуд  душманони субот ва мухолифони озодӣ бо ҳар роҳу васила кӯшиш мекарданд, ки дар Ватани тозаистиқлоли мо нооромӣ ба вуҷуд оранд. Ҳамин нофаҳмиҳои сиёсиву мафкуравӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд. Ҷанге, ки дар он ҳазорҳо нафар ҷони худро аз даст доданд, садҳо ҳазор гуреза шуданд ва мардум бо хатару ранҷ рӯ ба рӯ гардид.

       Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои пурошӯб, вақте кишвар ба раҳнамо ниёз дошт, Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1992 зимоми давлатро ба даст гирифт ва дар баробари халқи хеш савганд ёд кард, ки тамоми донишу таҷриба ва ҳатто ҷони худро барои барқарор кардани сулҳу субот ва ободии кишвар фидо хоҳад кард. Вай ваъда дод, ки дар ҳар хонадон сулҳро ҷой мекунад ва барои шукуфоии Тоҷикистони азиз садоқатмандона хизмат хоҳад кард.

Сухан дар бораи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстиву бародарӣ меравад, беихтиёр мисраи пурмаънои Саъдии Шерозиро ба ёд меорем:

«Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гав
ҳаранд…»

      Халқи тоҷик дар тӯли таърих исбот кардааст, ки миллатест соҳибфарҳанг, сулҳҷӯ, хирадманд ва соҳиби давлатдорӣ. Ин миллат барои ҳифзи истиқлол ва арзишҳои миллӣ ҳамеша мубориза бурдааст. Дар роҳи ҳимояи Ватан ва сулҳу ваҳдат фарзандони барӯманде ҳастанд, ки номашон дар таърих бо ифтихор сабт шудааст.

      Соли 1994 Сарвари давлат ба ҳамаи тоҷикони гурезашуда муроҷиат намуд ва онҳоро бо дилгармӣ ба бозгашт ба Ватан даъват кард. Ин даъват роҳро ба сӯи сулҳ боз намуд. Баъд аз ин даъват, мардуми пароканда тадриҷан ба кишвар баргаштанд ва музокироти сулҳ байни ҷонибҳои даргир шурӯъ шуд. Қариб се сол раванди душвору заҳматталаби оштӣ идома ёфт.

      Ниҳоят, рӯзи таърихӣ фаро расид. 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид. Дар ҳамон рӯз Эмомалӣ Раҳмон аз Москва ба Душанбе баргашта, дар назди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо мардум мулоқот кард. Шоирон ва аҳли фарҳанг бо шеъру сурудҳои пурмаъно ва тараннуми сулҳ ин рӯйдоди бузургро истиқбол гирифтанд. Шеъри пураҳсоси устод Лоиқ Шералӣ он рӯз дилҳоро гарм кард:

«Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури
Ҳақ бар диёри мо омад…»

      Ин сулҳ ва ваҳдати деринтизор барои миллати тоҷик неъмати бебаҳо гардид. Аз ҳамон рӯз, 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид ва ҳар сол дар фазои тантанавӣ таҷлил мешавад. Бо шарофати ин ваҳдат, Тоҷикистон тавонист аз вартаи ҳалокат раҳ ёбад ва ба сӯи рушд қадам гузорад.

      Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро чун намунаи нодири оштӣ эътироф мекунад. Созмони Милали Муттаҳид низ ин таҷрибаро ҳамчун роҳи муваффақи ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ арзёбӣ намудааст. Дар ҳақиқат, таърих хеле кам шоҳиди он шудааст, ки ҷонибҳои даргир дар муддати кӯтоҳ сулҳ кунанд ва миллати пароканда дубора муттаҳид шавад.

      Ҳамаи ин дастовардҳо ба шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардидаанд. Ӯ бо иродаи қавӣ, сабру таҳаммул ва садоқат ба миллат тавонист моро сарҷамъ намояд ва Ватани азизамонро ба роҳи сулҳу созандагӣ равона кунад.

      Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд қадри ин сулҳро донад, ваҳдатро ҳифз намояд ва барои ояндаи ободи Ватан саҳм гузорад. Зеро ҳамчуноне ки Алии Муҳаммадии Хуросонӣ мегӯяд:

«Зи хоки пок суди мо зи ваҳдат аст,
Биё, шуку
ҳу буди мо зи ваҳдат аст…»

     Мо бо шукронаи Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи кишвар ба сӯи фардои дурахшон қадам мегузорем ва ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки ин неъмати бузург – ваҳдати миллат – осеб бинад. Зеро ваҳдат, таҳаммул, якпорчагӣ ва фаҳмиши дурусти якдигар калиди бақои миллат ва давлати мост.

Набиев Маҳмадраҳим
Ассистенти кафедраи
информатика ва барномасозӣ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *