ҶАНБАҲОИ ПСИХОЛОГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Истиқлолияти давлатӣ на танҳо мафҳуми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, балки падидаи психологӣ ва иҷтимоӣ низ ба ҳисоб меравад. Вай ба шуури мардум, тафаккури миллӣ ва муносибати шахс бо ҷомеа ва давлат таъсири амиқ мерасонад. Аз нигоҳи равоншиносӣ, истиқлолият маънои озодӣ, худшиносӣ, масъулият ва ҳимояи арзишҳои миллиро доро мебошад. Ҷанбаҳои асосии психологии Истиқлолияти давлатиро чунин зикр намудан мумкин аст:
1. Ҷанбаҳои шахсӣ (индивидуалӣ). Бояд зикр намуд, ки ҳар як дастоварди сатҳи давлатӣ таъсиррасонии мусбии инфиродиро низ ба вуҷуд меоварад, ки Истиқлоли давлатӣ низ истисно буда наметавонад. Истиқлол бузургтарин дастоварди сатҳи давлатӣ буда, дар навбати дигар дастоварди инфиродии ҳар як шаҳрванди кишвар маҳсуб мегардад, зеро дар рӯҳияи онҳо таъсири мусбӣ мерасонад. Лозим ба таъкид аст, ки бардошти мусбӣ аз чунин дастовардҳои бузург фардӣ буда, аз шуури ҳар як шахс вобаста мебошад. Шахс танҳо ҳангоми соҳибистиқлол будани давлаташ метавонад худро озод ҳис намуда, оромона ҳаёт ба сар барад. Дар ин росто ҳаводиси манфии имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ сатҳи даркнамоии арзишмандии ин неъмати бебаҳо – соҳибистиқлолиро боз ҳам дучанд намуда истодааст. Дар давлати соҳибистиқлол шахс худро узви кишвари озоду соҳибихтиёр эҳсос намуда, эҳсоси шаҳрвандию ватандӯстӣ ва худшиносию ифтихори миллиаш баланд мегардад. Истиқлолият ҳамзамон эҳсоси масъулиятшиносиро дар шаҳрвандон бедор намуда, тафаккури солимро дар онҳо ташаккул медиҳад.
2. Ҷанбаҳои иҷтимоӣ. Якчанд фаҳмиш ва якчанд шахси дорои афкори мусбии ягона метавонанд як ҷомеаи мусбиро бунёд намоянд, ки дар натиҷа боиси баланд гардидани ҳисси масъулиятпазирию шаҳрвандии ҷомеа гардида, дар устувор нигоҳ доштани соҳибистиқлолии кишвар мусоидат менамояд. Шуури ҷамъиятӣ ва иштирок дар муносибатҳои ҷамъиятӣ низ яке аз ҷанбаҳои психологии соҳибистиқлолии кишвар мебошад, зеро афкори аҳолӣ ҳамеша дар мубодила қарор дошта, ҳатман афкори умумӣ гурӯҳе аз шаҳрвандонро дар як ришта муттаҳид месозад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки истиқлолият мардумро муттаҳид мекунад ва ҳадафи ягонаи ҳифзи давлатро ба вуҷуд меорад. Истиқлолият ҳамзамон суботи равониро дар ҷомеа таъмин менамояд. Иловатан, фароҳам овардани шароити рушди фарҳанг, забон ва анъанаҳои миллӣ аз ҷумлаи самараҳои истиқлолият маҳсуб мегарданд.
3. Ҷанбаҳои сиёсӣ-психологӣ. Пеш аз ҳама истиқлолият эҳсоси соҳибдавлатиро дар аҳолӣ бедор намуда, мардум дарк мекунанд, ки давлат ба онҳо тааллуқ дорад ва онҳо метавонанд дар идоракунии он саҳмгузор бошанд. Истиқлолият бовариро байни мардум ва давлат зиёд менамояд. Дар кишвари соҳибистиқлол мардум метавонанд андешаҳои худро озодона иброз кунанд ва сиёсати давлатро бо такя ба манфиатҳои миллӣ пеш баранд.
4. Ҷанбаҳои иқтисодӣ-психологӣ. Истиқлолият ба афкори иқтисодии шаҳрвандон таъсири мусбӣ расонида, эҳсоси эътимод ба ояндаро дар онҳо баланд мебардорад. Шаҳрвандон дар кишвари соҳибистиқлол дарк мекунанд, ки иқтисоди кишвар рушд намуда, шароити иҷтимоию зиндагии онҳо низ беҳтар мешавад. Дар кишвари соҳибистиқлол тафаккури соҳибкорӣ рушд намуда, шароити бунёди корхонаҳо ва пешбурди соҳибкориро фароҳам меорад. Маҳз аз ин ҷост, ки пас аз соҳибистиқлол гардидаи Тоҷикистон соҳибкорӣ рушд намуда, имрӯз дастовардҳои онҳо дар бахшҳои гуногун назаррас мебошад.
5. Ҷанбаҳои фарҳангӣ ва маънавӣ. Истиқлолият фазои маънавию фарҳангиро дар кишвар ва байни шаҳрвандон зиёд намуда, ба ташаккули илму маориф мусоидат мекунад. Ба тақвияти худшиносии миллӣ маҳз истиқлолият боис гардида, ба мардум имкон медиҳад, ки таърих ва фарҳанги худро омӯзанд ва ҳифз намоянд. Ин аст, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар самтҳои илму маориф ва фарҳанги кишвар босуръат рушд намуда истодаанд.
Ҳамин тавр, Истиқлолияти давлатӣ барои рушди шуури равонӣ ва иҷтимоии миллат заминаи қавӣ мегузорад. Аз нигоҳи психология, истиқлолият ба озодӣ, ваҳдат, худшиносӣ ва масъулият асос меёбад. Ҳар қадаре ки ҳисси истиқлолият дар шуури шахс ва ҷомеа қавитар бошад, ҳамон қадар давлат устувор ва пешрафта мегардад.
Дар тӯли солҳои истиқлолият як қатор дастовардҳои муҳимми равонӣ ва маънавӣ ба даст омадаанд, ки дар ташаккули худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа нақши калидӣ бозиданд. Яке аз дастовардҳои муҳимми истиқлолият, баланд шудани сатҳи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Истиқлолият ба раванди бозгашт ба таърихи воқеии миллат ва шинохти қаҳрамонони миллӣ мусоидат намуд. Истиқлолият шароит фароҳам овард то миллати тоҷик аз таърихи пурғановати хеш, арзишҳои миллӣ ва фарҳанги волои худ шиносоӣ пайдо намуда, худро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати созандаю сулҳофар муаррифӣ намояд. Истиқлолият имконият дод, ки миллати тоҷик пас аз солҳои тулонӣ соҳиби давлати миллии мустақили худ гардад. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ имрӯз дар саросари кишвар сулҳу субот побарҷост, ки чунин вазъ боиси оромии равонии аҳолӣ низ мегардад.
Яке аз ҷанбаҳои психологии соҳибистиқлолӣ дар он ифода меёбад, ки соҳибихтиёрии коллективӣ аз инфиродӣ бояд бартарият дода шавад. Масалан, ҳангоми оиладор кардани мард ӯ оилаи мустақил бунёд мекунад. Аммо, ин маънои онро надорад, ки ӯ худаш мустақил шудааст, балки оилаи мустақил бунёд карда истодааст. Ҳамон замоне, ки дар оила яке аз аъзоёни он соҳибихтиёрии инфиродиашро бартарият додан мехоҳад, он гоҳ соҳибихтиёрии коллективӣ зери хатар хоҳад монд. Бинобар ин, соҳибихтиёрии давлатӣ дар соҳибхтиёрии коллективии тамоми аҳолии кишвар ифода меёбад.
Дар устувории Истиқлолияти давлатӣ дараҷаи эҳсоси баланди шаҳрвандӣ ва худшиносии миллии аҳолӣ нақши калон мебозад. Ҷиҳати он, ки соҳибихтиёрии кишвар пайваста уствор боқӣ монад, иттифоқию муттаҳидии шаҳрвандон дар мадди аввал меистад. Барои чунин иттифоқиро ташкил намудан эҳсоси миллию шаҳрвандии аҳолӣ бояд баланд бардошта шавад. Дар раванди мазкур мактаби педагогию психологии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори таваҷҷуҳи баланд мебошад. Бояд гуфт, ки ҳангоми омӯзиши адабиёти илмии хориҷӣ роҳу равиши гуногуни ташаккули эҳсоси ватандӯстию шаҳрвандӣ ба мушоҳида мерасад. Аммо онҳо танҳо назария буда, ҳануз амалияи татбиқи худро наёфтаанд. Пешвои миллат бошанд, тавассути ташаббусҳои амалии худ механизми тарбияи шаҳрвандию ватандӯстиро роҳандозӣ намуда истодааст. Ташкили озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикон оинаи таърихи миллат”, “Тоҷикистон ватани азизи ман”, “Шоҳномахонӣ”, чоп ва туҳфа намудани китобҳои “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғаффуров ва “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳар як оилаи кишвар амсоли чунин ташаббусҳо ба ҳисоб мераванд.
Ҳангоми ба даст гирифтани китоби Тоҷикон ва Шоҳнома ҳамчун туҳфаи Президенти кишвар табиист, ки ҳар шахс мухталиф тафаккур менамояд. Аммо, ҳатман дар тафаккури аксари аҳолӣ чунин андеша ба миён хоҳад омад: “Модоме ки роҳбари давлат барои чоп ва туҳфа намудани ин асарҳо ташаббус намудаанд, пас ин асарҳо воқеан ҳам арзишманд буда, аз бузургии миллати тоҷик дарак медиҳанд”. Туҳфа қабул намудан дар табиати аксари инсонҳо аз хурдӣ мавҷуд аст, аммо қабули туҳфа аз як шахсияти воломақоме чун Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қалби шаҳрванд эҳсоси гуворо ва дар тафаккури онҳо таъсири мусбӣ мерасонад. Бинобар ин, бо боварии комил метавон гуфт, ки чунин ташаббусҳои роҳбари давлат дар баланд бардоштани эҳсоси шаҳрвандию ватандӯстии аҳолии кишвар нақши баланд мегузорад.
Лозим ба тазаккур аст, ки чунин ташаббусҳо дар кишварҳои хориҷ низ бесобиқа буда, мактаби амалии тарбияро мемонад, ки воқеан ҳам қобили таваҷҷуҳ ва омӯзиш мебошад. Агар чунин мактаб дар ҳар як шаҳру ноҳия, маҳал, ташкилоту муассиса ва умуман, дар ҳар як оила мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор гирад, он гоҳ тамоми қишри аҳолӣ соҳибхираду донишманд ва дорои сатҳи баланди тафаккури миллӣ хоҳад шуд. Илова бар ин андешаҳо дар суханронии навбатии худ Президенти маҳбуби кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ аз ташаккули педагогикаи миллӣ изҳори назар карда буданд, ки воқеан ҳам боиси таваҷҷуҳ мебошад. Бо ин назардошт, лозим аст, ки педагогикаи миллии Тоҷикистон иборат аз корнамоиҳо ва ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои беназири онҳо, саросар ҳама механизмҳои амалии тарбия мебошанд, ҳамчун фанни таълимӣ вобаста ба зинаҳои мухталифи таълим таҳия гардида, мавриди омӯзиш қарор дода шавад.
Ҳамин тавр, хулоса кардан мумкин аст, ки Истиқлолияти давлатӣ дорои як қатор ҷиҳатҳои психологӣ буда, дар оромии равонии аҳолии кишвар нақши калидӣ мегузорад. Давоми 34 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар ҳама самтҳо ба муваффақиятҳои беназир ноил гардида, мавқеи худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам васеъ намуд, ки ин боиси ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Дар самти психология низ Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст. Шумораи ихтисосҳои наву ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мувофиқ, ташкили кафедраҳо дар ин самт, таъсиси марказҳои машваратӣ, афзоиши олимону муҳаққиқон дар самти психология, таҳияи китобҳои психологии ватанӣ, ташкили шурои диссертатсионии миллӣ дар самти ихтисосҳои психологӣ аз ҷумлаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб мераванд. Имрӯз дар ҷаҳон шаҳрвандони кишварҳоеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки доимо ноорому руҳафтода буда, дар ҳолати тарсу ваҳм зиндагӣ мекунанд, ки сабаби вазъи онҳо набудани истиқлолият мебошад. Пас ҳар як шаҳрванди кишварро мебояд, ки бо шукургузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои оқилу хирадманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри саҳмгузорӣ дар пешрафту ободии кишвари маҳбубамон – Тоҷикистони азиз камари ҳимат банданд.
Бобохонов Фаридун Аламшоевич
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,
дотсенти кафедраи МТИ ва психологияи
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт