ЗАХИРАҲОИ ОБИИ ТОҶИКИСТОН
Ба захираҳои обӣ маҷмӯи оби дарёҳо, кӯлҳо обанборҳо, пиряхҳо, чашмаҳо, обҳои зеризаминӣ, ботлоқзорҳо ва оби таркиби атмосфера дохил мешаванд [Таҳлили муаллиф дар асоси адабиёти 1, с. 58].
Обҳои дохилӣ маҳсули релеф ва иқлим мебошанд. Дар зери таъсири мутақобилаи онҳо дар қаламрави Тоҷикистон дарёҳо, кӯлҳо обанборҳо, чашмаҳо, обҳои зеризаминӣ, ботлоқзорҳо ва пиряхҳо ташаккул ёфтаанд, ки мо ҳамаи онҳоро дар маҷмӯъ обҳои дохилӣ меномем. Онҳо аз ҷиҳати пайдоиши худ фарқ кунанд ҳам, аммо бо ҳам алоқаманд мебошанд. Дар якҷоягӣ комплекси сарватҳои обии ҷумҳурии моро ташкил менамоянд. Гуногунии захираҳои сарватҳои обӣ, тақсимот ва ҷойгиршавии онҳо омили муҳими истифодаи қаламрави ҷумҳурӣ ва ташаккулёбии хусусияти ба худ хоси ҷуғрофияи хоҷагии он мебошад [2, с. 46-47].
Тоҷикистон дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои обии Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст [10, с. 5]. Ба ин, пеш аз ҳама мавқеи географӣ, релеф ва масоҳат ба гуногунии системаи гидрологӣ, сохти релеф, шароитҳои иқлимӣ, сохти глятсиологӣ таъсири амиқ расонидааст. Аз ин ҷост, ки захираи обҳои Тоҷикистон дар шароити ҳозира на танҳо барои ҷумҳурии мо, балки барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти бузурги иқтисодӣ дорад. Бинобар ин омухтани дарёҳои кишварамон барои мо аҳамияти калон дорад [5, с. 20].
Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон ҳамагӣ 11% масоҳати Осиёи Марказиро ташкил медиҳад, вале дар ҳудуди он 65% захираҳои обии ҳавзаи минтақа маскан гирифтааст [6, с. 45]. Ҳамзамон 42% обҳои зеризаминии минтақа низ ба Тоҷикистон рост меояд. Ба ин пеш аз ҳама мавқеи географӣ, хусусиятҳои иқлимӣ, релеф, сатҳи ҷойгиршавӣ ва дигар омилҳои табиӣ сабаб гардидаанд [1, с. 58].
Дарёҳо
Мураккабӣ ва гуногунии релеф, тафовути масоҳат, намудҳои иқлим, хок ва наботот дар марзи Тоҷикистон ва қисмҳои алоҳидаи он ба худ хос ҷамъ ва ҷоришавии обро ба миён овардааст [8, с. 45]. Қаторкӯҳҳои баланди осмонбӯс ва дар онҳо ҳосил шудани пиряхҳои азими кӯҳӣ, барфҳои доимӣ ва бухоршавии кам омили асосии ташаккул ёфтани дарёҳои Тоҷикистон мебошанд. Аммо аз сабаби мухтариф будани шароити табиӣ-ҷуғрофии минтақаи кӯҳҳо ва водию ҳамвориҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ шабакаи дарёҳо нобаробар тақсим шудааст [2, с. 51]. Вобаста ба ин сатҳи қаламрави Тоҷикистонро шабакаи зичи дарёҳо фаро гирифтааст, ки онҳо сароб ва шохоби дарёҳои Омӯ, Сир, ва Зарафшон ба ҳисоб мераванд. Ҳамаи ин дарёҳои пуроб ба ҳавзаи баҳри Арал дохил мешаванд [8, с. 45].
Дарёҳои Тоҷикистон масоҳати кишварро аз нуқтаи назари ҷоришавии обҳо ба чанд гурӯҳ тақсим мекунанд, ки ҳамаи онҳо асосан ду дарёи бузургро, аз ҷумла Сирдарё ва Амударёро бо об таъмин менамоянд [15].
Лекин бо вуҷуди ин дар бештар сарчшмаҳо ҳамаи дарёҳои Тоҷикистонро ба ду низоми бузурги дарёӣ тааллуқ медонанд.
Сирдарё,
Амударё.
Ғизогирии дарёҳо ба василаи мавқеи орографӣ ва баландии обанборҳо, инчунин ба василаи нишондиҳандаи интегралии намнокии ҳавзаҳо муайян карда шуда, ҳангоми ба пеш ҳаракат кардан аз шимол ба ҷануб аз ҳисоби афзоиши ҳиссаи рехтани барфу борон тағйир меёбад.
Дар маҷмӯъ, манбаи асосии ғизогирии дарёҳо обҳои барфҳои мавсимӣ мебошанд, барфҳои доимӣ ва боронҳо нақши хурд мебозанд [Таҳлили муаллиф дар асоси адабиёти 9, с. 98].
Вобаста ба баландии маҳал ва дар ҳудуди ҳавза боридани намуди гуногуни боришот, ташаккул ёфтани пиряхҳо, барфҳои доимию мавсимӣ, обҳои зеризаминӣ ва чашмаҳо ғизогирии дарёҳо гуногун аст. Маҳз ҳамин манбаҳоро ба инобат гирифта дарёҳои Тоҷикистонро ба намуди ғизогири ҷудо мекунанд [8, с. 45].
Дарёҳои Тоҷикистон аз рӯйи ғизогирӣ ба 4 навъ ҷудо мешаванд: [1, с. 59].
Пиряху барф,
Барфу пирях,
Барфу борон,
Обҳои зеризаминӣ.
Дар ҳақиқат саҳми Тоҷикистон дар ташаккулёбии гидрографияи Осиёи Марказӣ хело бузург аст [4, с. 6]. Низоми дарёҳои Тоҷикистон зиёда аз 29 ҳазор дарё иборат аст, ки дарозиашон 69,2 ҳазор километрро ташкил медиҳад [16]. Аз онҳо 985 дарё (бо дарозии зиёда аз 10 км) ба ҳисоб гирифта шудааст, ки дарякҷоягӣ ба дарозии 28500 километр кашол ёфтаанд, [4, с. 6]. ки аз онҳо дар як сол 64км³/сол ва ё 55,4 фоизи захираҳои оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил менамоянд. Аз ин миқдор 1,1 км³/сол ба ҳавзаи дарёи Сир ва 62,9 км³/сол ба ҳавзаи дарёи Аму рост меояд [3, с. 95].
Умуман ҳамаи дарёҳое, ки аз ҳудуди Тоҷикистон мегузаранд (бо назардошти дарёҳои сарҳадӣ) соле 78 км3 обро ташкил медиҳанд, ки ба сари кас дар ҷумҳурӣ соле ба 12 ҳаз. м³ мерасад. Аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон байни давлатҳои ИДМ ҷойи аввалро соҳиб аст [4, с. 7].
Лекин имрӯз Тоҷикистон танҳо 18-20% оби дар қаламрави худ ташаккулёбанаро истифода мебараду халос.
Пиряхҳо Ҳудуди кӯҳсори Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги яхбандиҳои ҳозира буда, онҳо сарчашмаи асосии ғизогирии дарёҳо ва омили асосии зисту зиндагӣ ва фаъолияти сокинони Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд [1, с. 64].
Яке аз омилҳои муҳиме, ки барои ҳосилшави фирн ях ва пирях дар шароити Тоҷикистон фароҳам гардидааст, ин пеш аз ҳама аз он гувоҳи медиҳад, ки 93 фоизи қаламрави мамлакатро кӯҳу қаторкӯҳҳо иҳота намудаанд ва қариб 50% ҳудуди кишвар дар баландии зиёда 3000 м аз сатҳи баҳр қарор дорад, ки шароити мусоидест барои паҳн гардидани сарчашмаҳои дар боло зикргардида мебошанд.
Бинобар кӯҳҳои Тоҷикистон яке аз калонтарин марказҳои яхбандии доимӣ ба ҳисоб рафта, дар айни замон масоҳати умумии пиряхҳои Осиёи Миёна 17000-18000 километри мураббаъро ташкил менамояд, ки 60 фоизи он ба қаламрави Тоҷикистон рост меояд [8, с. 42].
Тағйирёбии иқлим илова бар деградатсияи яхбандӣ ба ҳаракати пиряхҳои алоҳида таъсир меасонад. Аз 65 пиряхи ҳаракаткунанда, ки дар кӯҳҳои Осиёи Миёна воқеъ шудааст, 35-тояш дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд [11, с. 16].
Пиряхҳо бештар аз 8,0 — 8,4 ҳаз. км² –ро ишғол мекунанд, ки қариб 6%-и масоҳати кулли кишварро ташкил медиҳанд. Захираи барфу яхи онҳо зиёда аз 500 км³ аст ва ҳамин вусъату миқдор захираи калони обро сабаб шуда, шароити иқлимии маҳалиро ба вуҷуд оварда аст. Пиряхҳо дар як сол зиёда аз 13 км³ об тавлид мекунанд, ки чоряки обҳои дарёҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳанд [11, с. 14].
Ба таври дигар гӯем, дар ин пиряхҳо 52% захираи умумии оби нӯшидании тамоми Осиёи Марказӣ ҷамъ шудааст [1, с. 7].
Тоҷикистон аз ҷиҳати бузургии фарогирии масоҳати пиряхҳо дар байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҷои аввал, вале дар байни мамлакатҳои қитъаи Осиё пас аз Ҳиндустон, Хитой ва Непал ҷои чорумро ишғол мекунад (Муҳаббатов Х., Яблоков А.Д. 2008, с. 82).
Мавзеи бузургтарини яхбандии муосир дар минтақаи Помир ҷой гирифта, масоҳати яхбандии он қариб ба 7100 км² баробар аст.
Дар системаи қаторкӯҳҳои Ҳисору Олой масоҳати умумии пиряхҳо 1494,8 км мураббаъро ташкил менамояд [8, с. 97].
Кӯлҳо
Баъзе сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон омадаанд, дар қайдҳояшон Тоҷикистонро “Кишвари кӯлҳои афсонавӣ” номидаанд. Ин беҳуда нест. Охир дар чунин баландии кӯҳсор пайдоиши кӯл дар ҳақиқат мӯъҷиза аст [10, с. 100].
Кӯлҳо обанборҳоеанд, ки бо уқёнус баромади дутарафа надоранд. Онҳо аз анбуҳи обӣ ва чуқурӣ иборат мебошанд. Кӯлҳо равон ва норавон мешаванд. Аз кӯлҳои равон дарёҳо сароб мегиранд. Масалан, кӯли Сарез Искандаркӯл. [12, с. 162].
Вобаста ба ин олимон пайдоиши ҳавзаи кӯлҳоро дар кишвар ба таври гуногун маънидод намуда, дар ин бобат фикр ва ақидаи худро ба таври хоса баён намуда, ҳавзаи кӯлҳоро аз ҷиҳати пайдоиш ба гуруҳҳо ҷудо намудаанд [8, с. 51-52].
Лекин имрӯз дар байни олимони хориҷӣ ва ватани оиди пайдош ва таснифоти кӯлҳо хулосаи якхела дида намешавад. Дар ин бобат фикри олимон гуногун мебошанд. Масалан И.С. Шукин кулҳои Тоҷикистонро аз нигоҳи пайдоиши ҳавзаашон ба 3 (бандшуда, моренавӣ, карстӣ-чукида), Р.И.Селиванов ба 5 (пиряхӣ, бандшуда, чуқур (карстӣ), соҳили дарёи, ва сатҳӣ), Д.А.Чумичев ба 5 қисм (чӯкида, тектонию пиряхӣ, пиряхию моренагӣ, лойқавию шӯр, соҳили дарёӣ), дар асари чопгардидаи худ “Табиат ва сарватҳои табиии Тоҷикистон” М.Раҳимов кӯлҳо ба кӯлҳои тектонӣ-пиряхӣ, карстӣ, бандшуда, старистагӣ (маҷроӣ) ҷудо карда шудаанд. Ҳ.Аброров дар асари худ, ки ба маъалаҳои “Кӯлҳои Тоҷикистон” бахшида шудааст, онҳоро ба кӯлҳои тектоникӣ, пиряхӣ, бандшуда ва гидрогенӣ (обӣ) ҷудо намудааст [Таҳлили муаллиф дар асоси адабиёти 8, с. 52-53].
Аммо дар китоби тозанашри донишманди тоҷик Х. Муҳаббатов «Географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демографии он» пайдоиши ҳавзаи кӯлҳоро ба 3 навъ пайдоиш маънидод мекунанд:
Пиряхӣ,
Тектоникӣ,
Ярчӣ [Таҳлили муаллиф дар асоси адабиёти 1, с. 62].
Вобаста ба шӯрӣ дар миқёси ҷаҳон 4 типи кӯлҳоро фарқ кардан мумкин аст: кӯлҳои ширин- аз 0 то 1%°; шӯртоб аз 1 то 24,7%°; шӯр аз 24,7%° баланд; шуриашон баланд (минералнок)- зиёда аз 47% . Мисоли кӯлҳои аз ҳама шӯри Ҷумҳурии Тоҷикистон- кули Рангкӯл, Шӯркӯл ва Ховаркӯл (Қарокӯл) [Таҳлили муаллиф дар асоси адабиёти 12, с. 162].
Ба ақидаи мутахассисон, оби кӯли Ховаркӯл (Қарокӯл) аввал ширин буда, баъдтар аз ҳисоби ҳалшавии ҷинсҳои намакдор шӯр шудааст. Дар таркиби он намакҳои хлориди натрий, калий, суфити натрий, сулфити магний ва ҳоказо вуҷуд доранд. [9, с. 107].
Ин кӯл дар шимолии Помири Шарқӣ ҷойгир шуда, 380 километри мураббаъ масоҳатро фаро гирифтааст.
Қароқӯл аз сатҳи баҳр дар баландии 3915 м ҷойгир шуда, дар қатори кӯлҳои баландкӯҳи ҷаҳон меистад ва танҳо аз баъзе кӯлҳои кӯҳсори Таббат (Тибет) пасттар воқеъ шудаасту бас. Қароқӯл дар фурӯхамидаи тектоникавӣ ҷойгир шуда, 238 м чуқурӣ, 30 км дарозӣ ва 23,4 км паҳноӣ дорад. Дар дохили кӯл ба ҳисоби миёна 26,5 км³ об захира шудааст [13, с. 209]. Дарозии марзи он ба 163,6 км баробар аст. 90 фоизи оби шӯри кӯлҳоро оби кӯли Қарокӯл ташкил медиҳад [8, с. 53].
Мувофиқи маълумоти А.М. Никитин (1987) дар ҳудуди Тоҷикистон қариб 1300 кӯл ба ҳисоб гирифта шудааст, ки 705 километри мураббаъ масоҳат доранд. Агар тамоми Тоҷикистон 0,5 фоизи масоҳатро кӯлҳо фаро гирифта бошанд, ин нишондиҳанда барои Помир 5,4 фоиз аст [13, с. 175-176]. Ҳаҷми умумии об 46,3 км³ –ро ташкил менамояд, Аз ин захираи оби ширин 20 км³ аз он 17,3 км³ ба кӯли Сарез рост меояд. [8, с. 53].
Бо вуҷуди он ки аксарияти кӯлҳои Тоҷикистон андозаи калон надоранд, имрӯзҳо дар корҳои хоҷагӣ кам истифода мешаванд, вале бо табиати афсункори худ ҷойи писандидаи сайёҳон буданашон ва баъзеи дигарашон бо маводи табиии табобатӣ (лойҳои шифобахш) бой буданашон вирди забонҳо гаштаанд [13, с. 180].
Обанборҳо
Дар шароити Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, сохтани обанборҳо аҳамияти калони иқтисодӣ дорад. Вай барои ба таври комплексӣ истифода бурдани сарватҳои обӣ имконият фароҳам меоварад. Пеш аз ҳама дар обанборҳо ғун намудани миқдори зиёди об ва дар назди онҳо сохтани НБО-ҳо ду масъалаи муҳимро ҳал менамояд.
Заминҳои беобро обшор мегардонад, аз об таъмин намудани заминҳои корамро танзим мекунад.
Энергияе, ки НБО –ҳои назди обанборҳо истеҳсол менамоянд, соҳаҳои хоҷагиро аз қувваи электрикӣ таъмин менамоянд.
Дар як вақт обанборҳо ҳамчун воситаи нақлиёт, ҳавзи моҳипарварӣ ва ҷои ташкили истироҳати меҳнаткашон истифода бурда мешаванд. Бо таъсири обанборҳо миқроиқлими маҳал тағйир меёбанд. Ҳавои гарми тобистонро нисбатан салқин менамоянд [2, с. 67].
Дар баробари кӯлҳо дар Тоҷикистон ба мақсади ба танзим даровардани оби дарёҳо, обёрӣ ва истеҳсоли қувваи барқ дар дарёҳо обанборҳо сохта шудаанд [8, с. 55].
Шумораи умумии обанборҳо дар Тоҷикистон 11 адад ва ҳаҷми муфиди онҳо 7,5 км³-ро ташкил менамоянд [3, с. 96].
Обҳои зеризаминӣ
Обҳои зеризаминӣ вобаста ба сохти геологии маҳал ва мухталифии намудҳои релеф, шароити иқлимӣ дар бисёр мавзеъҳои ҷумҳурӣ дар чуқуриҳои гуногун вомехуранд. Обҳои зеризаминӣ бо ду намуд вуҷуд доранд: чашма ва қабати заминӣ. Чашмаҳо ҳамчун оби равон оби дарёҳоро ғанӣ мегардонанд. Аммо баробари чашмаҳои оби нушокӣ боз чашмаҳое вуҷуд доранд, ки вобаста ба таркиби кимиёвиашон барои муолиҷаи касалиҳо истифода мебаранд, ки онҳоро обҳои маъданӣ ва ё шифобахш меноманд. Миқдори чунин чашмаҳо дар қаламравӣ Тоҷикистон зиёда 200-то мебошад [8, с. 56-57].
Дар қаламрави Тоҷикистон 3 намуди обҳои зеризаминӣ дида мешаванд:
Таркишӣ,
Байниқабатӣ,
Дохилитаҳшинӣ.
Намуди якуми он ба минтақаи кӯҳҳо хос мебошанд. Оби он ширин аст. Обҳои байниқабатӣ дар ҷанубии Тоҷикистон дар он мавзеъҳое, ки таҳшинҳои мезозойӣ, палеогенӣ ва неогенӣ паҳн гардидаанд, вомехуранд.
Аз қабати ин таҳшинҳо ба воситаи чоҳҳо об кашидан мумкин аст. Чоҳҳо метавонад дар як сония аз 20-40 то 80-120 литр об медиҳад. Аммо вобаста ба ғизогирӣ ва хусусиятҳои қабатҳои обгузару обногузар захираи обҳои зеризаминӣ дар ҳама ҷо як хел намебошад. [2, с. 65-66].
Умуман, фикри дуруст оид ба пайдоиши обҳои зеризаминӣ яку якбора пайдо нашудааст. Нуқтаҳои назари аввалин оид ба ин масъала аз ҳақиқат дур буданд. Масалан, мувофиқи баьзе фикрҳо гуё дар зери замин кӯлҳо мавҷуд мебошанд, ки онҳо сабаби пайдоиши обҳои зеризаминӣ мегарданд. Мувофиқи фикри дигар, обҳои зеризаминӣ аз оби уқёнусҳо пайдо шудаанд. Фарзияи аз обҳои сатҳи хушкӣ пайдо шудани обҳои зеризаминӣ ҳануз аз тарафи Арасту пешниход шуда буд. Дар асри 17 (с. 1686) физики Франсуз Бойл Мариотт исботи ин ақидаро баён карда буд [12, с. 139].
Дар Тоҷикистон обҳои зеризаминӣ фаровон мебошад. Захираи умумии онҳо 18,7 км³-ро ташкил менамояд. Аз ҷумла захираи истифодашавандаи он ба 2,8 км³/сол баробар аст. Ҳоло ба ҳисоби миёна аз он соле 2,3 км³ истеъмол менамоянд [1, с. 63].
Мувофиқи маълумоте, ки дар китоби «Захираҳои оби Тоҷикистон» дода шудааст, он миқдор ба мақсадҳои зерин истифода мешаванд: 39,3 фоиз барои эҳтиёҷоти хоҷагиву нушокӣ, 7,7 фоиз барои эҳтиёҷоти истеҳсоливу техники, 38,1 фоиз барои обёрӣ. Барои қонеъ намудани он талабот дар қаламрави ҷумҳурӣ 9000 чоҳ кофта буданд. Дар айни замон 4614-тои онҳо кор мекунанд. Бояд хотирнишон кард, ки захираи обҳои зеризаминӣ ва талабот ба он дар қиёмҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ як хел намебошад. Дар Тоҷикистони Шимолӣ захираи обҳои зеризаминӣ 25 фоизи захираи умумиҷумҳуриро ташкил менамояд. Боқимондаи он 21,8 фоиз ба вилояти Хатлон, 21,4 фоиз ба Помир ва 31,2 фоизаш бошад ба нохияҳои тобеъи марказ рост меояд [8, с. 57].
Чашмаҳо
Мувофиқи хусусиятҳои табиию орографӣ чашмаҳои минералии ҷумҳурӣ нобробар ҷойгир шуда, аксарияти онҳо дар қисмҳои кӯҳдоман вомехуранд. Пештар ҳамагӣ 30 адади чашмаҳо маълум буд. Ҳоло бошад, анвои онҳо ба 220 расидааст [10, с. 128]. ки хусусияти шифоӣ доштани 150-тои онҳо ба пуррагӣ омухта шудааст.
Чашмаҳои маъдании Тоҷикистонро вобаста ба ҳарорат, пайдоиш ва қабати ҷойгиршавиашон ба 4 гуруҳ ҷудо гардидаанд:
- Чашмаҳои сард-дорои оби ҳарорати то 20⁰С;
- Чашмаҳои мӯтадил-дорои оби ҳарорати аз 20⁰С то 37⁰С;
- Чашмаҳои гарм-дорои оби ҳарорати аз 37⁰С то 42⁰С;
- Чашмаҳои ҷӯшон-гармчашмаҳо дорои оби ҳарорати аз 42⁰С боло [3, с. 98].
Чашмаҳои минералӣ дар ду намуди структураҳои геологи ба вуҷуд омадаанд. Миқдори зиёди онҳо бо структураҳои тектонӣ вобаста буда дар таркишиҳои қишри замин ҷойгиранд. Бо гуногунии таркиби кимиёвӣ ва ҳарорат оби минералии гурӯҳи аввал ба моддаҳои моеъи магма, ки дар дохили Замин мавҷуданд, вобастагӣ дорад. Ба ҳарорати обҳои минералӣ дараҷаи градиенти гармии қишри замин ва тақсимшавии элементҳои мавҷудаи радиоактивӣ дар таркиби ҷинсҳои магматикӣ ҳам таъсири куллӣ расонида метавонад. Вобаста ба фишори дохилии замин, ҳарорат ба ҷониби қишр дар ҳар як 33 м чуқурӣ 1⁰С меафзояд. Даврӣ тақсим шавии атоми элементҳои уран, торий, радий то садҳо дараҷа гарми ҳосил мегардад, ки ба. ҳарорати оби минералӣ таъсири лозими расонида метавонад. Чунин хусусият, асосан барои ҷинсҳои магматикӣ мансуб мебошад. Оби минералӣ ҳангоми аз байни ҷинсҳои магмавӣ ҷорӣ шудан ба ҳар гуна элементҳои кимиёвӣ омехта мешавад ва ба оби муолиҷавӣ табдил меёбад. Вобаста ба муҳити ҷараёни об аз мобайни ҷинсҳои гуногунтаркиб тағйироти ҳарорат ва анвои оби муолиҷавӣ ба вуҷуд меояд. Ҳангоми бо таркишиҳо ва сурохиҳо ба сатҳи замин ҷори шудан оби минералӣ аз макро ва микроэлементҳои таркиби ҷинсҳои кӯҳӣ бой мегардад [14, с. 163].
Гурӯҳи дуюми генетикии оби чашмаҳои минералӣ бо ҳавзаҳои артезианӣ вобастагии зич дорад. Дар масоҳати ду ҳавзаи артезианӣ — дар Фарғонаи тоҷик ва ҷанубии Тоҷикистон қариб 60 мавзеъҳои ба сатҳи замин баромадаи оби минералии табобатӣ ба қайд гирифта шудаанд. Тадқиқоти геологию гидрогеологи шоҳиди онанд, ки чашмаҳои минералии масоҳати Точикистон дар минтақаи 5 структураи тектонӣ ва ду ҳавзаи артезианӣ ҷойгиранд.
- Курама,
- Олой,
- Қаторкӯҳи ҷанубии Ҳисор,
- Шимолии Помир,
- Ҷануби Помир,
6 . Ҳавзаи артезиании Фарғона,
- Ҳавзаи артезиании ҷанубии Тоҷикистон [14, с. 163-164].
Ботлоқзорҳо
Ботлоқзорҳо қисмҳои сернами сатҳи хушкианд, ки бо растаниҳои намидӯст пӯшида буда, барои пайдоиши торф шароити мусоид муҳайё мегардад. Қабати торф оддатан аз 0,3 м. ғафсии зиёдтар дорад.
Ботлоқзорҳо одатан аз 87 то 97% аз об ва фақат 3 — 13% аз моддаҳои хушк (торф) иборат мебошанд. Лекин аз сабаби дар пайвастагӣ будани об бо дигар организмҳо ботлоқзорро ҳавзаи обӣ гуфтан мумкин нест. Ботлоқзоршавии хушкӣ дар натиҷаи ҷараёни обӣ, ки ба зиёдшавии намӣ оварда мерасонад мегузарад. Ин сернамшавӣ сабаби бадшавии режими оксигенӣ ва ғизогирии минералии растаниҳо гашта (онҳо шуста шуда хок камбағал мегардад) бо мурури замон олами растаниёти пештара ба олами растаниёти ботлоқӣ табдил меёбад. Нарасидани оксиген аз як тараф сабаби бадшавии шароити зиндагии растаниёт гашта, аз тарафи дигар сабаби то ба охир напусидани организмҳои зинда мегардад. Ин ҳодиса ба торфпайдошавӣ оварда мерасонад. Дар чунин шароити ноқисии оксиген ҳатто дарахтон низ оҳиста-оҳиста мурда мераванд, ки дар натиҷа транспирасияи об кам шуда, просесси ботлоқзоршавӣ боз ҳам тез мешавад [12, с. 172].
Ботлоқзорҳои Тоҷикистон низ объекти доимии диққати олимон мебошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 ботлоқзор муайян карда шудааст, ки 5-тои онҳо кӯлҳои Қарокӯл, Шоркӯл, Рангул, Зоркӯл, минтақаи поёноби Панҷ (мамнӯъгоҳи Бешаи палангон) ва обанбори Қайроққум ба рӯйхати мавзеъҳои аҳамияти ҷаҳонӣ доштаи Конвенсияи Рамсар дохил карда шудаанд. Дарёву кӯлҳо ва ботлоқҳои кишвар таҳти назорати доимии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳар сол бахшида ба рўзи ботлоқзорҳо дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ семинару конфронсҳо ва чорабиниҳои экологиро оид ба ҳифзу барқарорсозии заминҳои ботлоқзор ташкил менамояд [16].
Феҳристи адабиёт
1.Муҳаббатов Х., Диловаров Р.Д., Акобиров Ш.З. Географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демографии он Душанбе: 2019. – 336 с.
2.Раҳимов М. Табиат ва сарватҳои табиии Тоҷикистон ПИК “Офсет” 2001.-133 с.
3.Ваҳобов Ф.Г. Об, беҳдошт ва саломатӣ Душанбе: “Маориф» 2017. – 126 с.
4.Муҳаббатов Х. Инсон ва сарватҳои табиат Душанбе: “Адиб”, 2012. 366 с.
5.Раҳимов А., Хоҷаев М. Евроосиё тавсифи табиӣ-географӣ (дастури таълимӣ) Хуҷанд: «Меъроҷ» -2010 – 256 с.
6.Раҳимов М., Эргашев А. Экологияи умумӣ Душанбе: “ЭР-граф» 2019. – 220 с.
7.Густариши ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи амнияти об. Маводҳои конференсияи байналмилалӣ. Мураттиб Мамадазимов А.- Душанбе, «Аршам», 2024, -380 с.
8.Муҳаббатов Х., Раҳимов М.Р. Географияи Тоҷикистон Душанбе: “Маориф ва фарҳанг” 2011. – 312 с.
9.Муҳаббатов Х. Мавқеи об дар табиат Душанбе: “Адиб” 2018. – 128 с.
10.Муҳаббатов Х. Об манбаи ҳаёт Душанбе: “Ирфон” 2003. – 146 с.
11.Қаюмов А.Қ. Дар суроғи иқлим аз Душанбе то Антарктида Душанбе: Авесто, 2024. – 263 с.
12.Мусоев З., Рауфов Р. Заминшиносии умумӣ Душанбе: “Ирфон” 2013. – 360 с.
13.Фарҳод Р., Муҳаббатов Х., Ниёзов А.С., Аброров Ҳ. Об илм ва рушди устувор Душанбе: “Дониш” 2018. – 432с.
14.Бобохоҷаев С.М. Ганҷҳои кишвари Тоҷикистон Душанбе: 2003. – 187 с.
15.https://tiroz.org/daryo-oi-to-ikiston/ (санаи муроҷиат 15.03.2025)
16.https://biological.tnu.tj/…/2-fevral-r-zi-umumi-a-onii…/ (санаи муроҷиат 10.04.2025)
Махсудов Исматулло Ҳошимович — ассистенти кафедраи
география ва методикаи таълими они ДОТ дар н. Рашт