Декани факултет

Декан – муаллими калон Муқимов С.Д.

ҲОЛНОМА

Муқимов Сафарбек Давлатбекович 28-юми августи соли 1991 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 2013 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикисторо бо ихтисоси “Ҳуқуқшиноси касби ҳуқуқшинос”рӯзона хатм намудааст.

      Солҳои 2013 то соли 2017 дар вазифаҳои гуногуни РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт кор ва фаъолият намудааст. Соли 2017 ба ҳайси муовини директор оид ба корҳои ҳарбӣдар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29- ноҳияи Рашт, аз моҳи октябри соли 2018 ба вазифаҳои мутассадии ММБНКТ-и Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, соли 2020 методисти Раёсати таълими ДОТ дар н. Рашт, соли 2021 мудири кафедраи ҳуқуқ ва методикаи таълими он, соли 2022 Роҳбари маркази машваратию бақайдгирии низоми кридитии таҳсилот ва аз соли 2023 то инҷониб (2024) деканифакултети “Педагогика ва варзиш”-ро ба уҳда дошта, кору фаъолият намуда истодааст.

       Муаллифи беш аз 24 маводи таълими-методӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад, аз ҷумла 3 воситаи таълимӣ, 2 барномаи таълимӣ ва 19 мақолаи илмӣ-оммавӣ (аз он 12 мақола дар маҷаллаҳои тақризшаванда). Ҳамзамон, дар конференсияҳои сатҳи гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намудааст.

     Аз соли 2020 ба ҳайси унвонҷӯи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣва муқовимат бо коррупсияи факултети “Ҳуқуқшиносӣ”-и ДМТ дохил шуда, рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Ҷавобгарии ҷиноят ӣбарои қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣтибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон” моҳи сентябри соли 2023 ҳимоя намудааст.

     Барои хизматҳои шоён дар таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ борҳо аз ҷониби Ҳукумати ноҳияи Рашт ва Ректори донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон (аз ҷумла, ифтихорномаи Раиси ноҳияи Рашт ва ифтихорномаву сипосномаҳои донишкадаи мазкур) қадрдонӣ гардидааст. Ҳамзамон, аз ҳисоби Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вакили мардумии ноҳияи Раш мебошад.

Оиладор соҳиби 4 фарзанд. Аз соли 2018 аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

ДАР БОРАИ ФАКУЛТЕТ

      Факултети Педагогика ва варзиши Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт соли 2020 дар асоси қарори Шурои олимони Донишкада ва дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи факултети “Таърих ва ҳуқуқ” ташкил шудааст.

Сарварони факултет:

      Декани аввалини факултети мазкур дар соли аввали ташкилёбӣ  номзади илмҳои педагогӣ Аминова Иқболбӣ (солҳои 2021-2022) буданд, ки пештар дар вазифаи мудири кафедраи педагогика ва методикаи таълими он (солҳои 2016-2017) фаъолият менамуданд.

    Роҳбарии факултетро дар соли 2022 Бобохонов Фаридун Алашшоевич — номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣба зима дошт. Ӯ пештар ба ҳайси ёвари ректор фаъолият намудааст.

     Солҳои 2022-2023 вазифаи мазкур (декан) бар зимаи муаллими калон — Неъматов Рамазон Ҳусниддинович буд. Ӯ низ пештар дар вазифаҳои мудири кафедраи педагогика ва психология (2018-2019) кор ва фаъолият кардааст.

      Ҳамин тавр, аз соли 2023 сар карда, то ин ҷониб, роҳбарии факултет ба зиммаи Муқимов Сафарбек Давлатбекович гузошта шудааст. Он қаблан, дар вазифаи роҳбари ММБНКТ кору фаъолият менамуд.

     Ҳамаи роҳбарони факултети “Педагогика ва варзиш” дар замони роҳбарии худ дар рушду нумӯи факултет ва корҳои таълимӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва иҷтимоию тарбиявӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

      Факултети “Педагогика ва варзиш” дорои ҳафт (7) синфхонаи фаннӣ буда, дар онҳо донишҷӯён ба таълим фаро гирифта мешаванд. Дар факултет зиёда аз 53 барномаҳои таълимӣ,  9 воситаи таълимӣ аз ҷониби омӯзгорони факултет чоп гардидааст. Дар факултет 4 конференсияи байналмилалӣ гузаронида шуда, маводҳои он рӯйи чоп оварда шудаанд. Ҳамзамон, дар факултет 4 номзади илм ва як доктори фалсафа (PhD) фаъролият намуда, дигар омӯзлорони беунвон ҳамагӣ мавзуи кори илмӣ гирифта, ба навиштани рисолаи номзадӣ машғул мебошанд.

        Факултет дорои чаҳор (4) кафедраи тахассусӣ мебошад.

Аз ҷумла:

  1. Кафедраи «Педагогикаи умумидонишкадавӣ»;

  2. Кафедраи «Методикаи таҳсилоти ибтидоӣ»;

  3. Кафедраи «Психология»;

  4. Кафедраи «Тарбияи ҷисмонӣ. Омодагии дифои ҳарбӣ»

Факултети “Педагогика ва варзиш” яке аз факултетҳои намоён дар донишкада ба ҳисоб рафта, мутахассисонро аз рӯйи ихтисосҳои зерин омода месозад:

  1. 1-010202 – Методикаи таълими ибтидоӣ;

  2. 1-010202-03 – Таҳсилоти ибтидоӣ.Санъати мусиқӣ;

  3. 1-010102-06 – Таҳсилоти томактабӣ. Равоншиносӣ;

  4. 1-030202 – Тарбияи ҷисмонӣ. Омодагии дифои ҳарбӣ;

Саҳми устодони кафедраҳо дар навиштани тақриз ба рисолаҳои хатми бакалаврӣ, магистрӣ ва воситаҳои таълимию китобҳои дарсӣ назаррас аст.

         Дар назди факултет ҳармоҳа маҳфилҳо, ҳамоишҳо ва семинарҳои илмию назариявии назди  кафедраҳо гузаронида шуда, дар он корҳои илмию таҳқиқотии устодон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегиранд. Дар кафедраҳо маҳфили илмии донишҷӯён бо номҳои «Омӯзгори ҷавон», “Психологияи амалӣ”, “Педагогони ҷавон”, “Варзишгари сол”  амал намуда, дар асоси нақша мавзуҳои мубрами замони муосир аз ҷониби устодон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода мешаванд.

     Ҳамчунин, барои боз ҳам мустаҳкам намудани дониши амалии донишҷӯён Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт бо панҷ (5) муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣшартнома баста, муассисаҳои маркурро (№№ 32,2,1,48 ва 100)  ҳамчун мактабҳои базавӣқарор додааст, ки ин амал дар омода намудани кадрҳои соҳаи омӯзгорӣнақши  асосиро мебозад.

      Илова бар ин, барои омода намудани омӯзгорони ба бозори меҳнат ҷавобгӯ, донишкада бо лоиҳаҳои ѓориҷи, аз қабили лоиҳаи “Оҷонсии рушди байналхалқии Амрико (USID) “Ҳамроҳ бихонед””, ки ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашудааст, ҳамкории назаррас дорад.

     Факултет бо факултету кафедраҳои “Филологияи тоҷик”,  “Методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик”, “Педагогика”-и Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ҳамчунин, бо факултету кафедраҳои “Тарбияи ҷисмонӣ”, “Варзиш”, “Саёҳӣ ва туризм”, “Омодагии дифои ҳарбӣ”-и Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣба номи Саймумин Раҳимов ва дигар донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ҳамкориҳои судманди илмиву татқиқотӣ ва таълимиро ба роҳ мондааст.