АФЗАЛИЯТҲОИ БАХШИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ ДАР ПАЁМ

0

Маврид ба зикр аст, ки дар Паёми имсола вобаста ба рушди бахши иқтисодӣ, инчунин афзалияту дастовардҳои ноилгардида таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд, аз ҷумла: қайд гардид, ки «новобаста аз мушкилотҳои мавҷудаи вазъи иқтисодию сиёсии ҷаҳони муосир соли 2023 барои Тоҷикистон соли бобарор буда, ММД-и кишвар нисбат ба соли гузашта ба таври воқеӣ 8,3 фоиз зиёд шуда, он ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд». Бевосита ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки соҳаҳои иқтисоди миллӣ сол аз сол ба пешравиҳои назаррас ноил гашта истодаанд ва дар ин замина, самтҳои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 низ батадриҷ амалӣ гашта истодаанд.

Ҳамзамон, дар Паёми имсола қайд гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ зиёд шуда дар соли 2023 ба 3000 адад расида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бошад 46 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфт. Танҳо дар соли 2023 беш аз 715 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Барои рушди соҳаи саноат аз ҳисоби сармояи мустақими хориҷӣ ва маблағи корхонаҳо дар соли 2023 зиёда аз 7 миллиард сомонӣ ҷалб гардидааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 1,5 баробар зиёд мебошад. Агар шумораи корхонаҳои саноатиро дар соли 2023 нисбат ба соли 1991 бо таъсиси ҷойи корӣ қиёс намоем маълум мегардад, ки дар соли 1991 ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият мекард ва ин шумора дар соли 2023 ба 3000 адад ва теъдоди ҷойҳои корӣ ба 54 ҳазор расонида шуд, яъне шумораи корхонаҳои саноатӣ дар ин давра 2 642 адад ва шумораи ҷойҳои корӣ 21 ҳазор зиёд гардид.

Қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2023 дар сатҳи 102,5 фоиз таъмин гардид, ки он аз рушди бемайлони иқтисоди миллӣ ва дар заминаи ин ғанӣ гардидани буҷети давлатиро шаҳодат дода, боиси боло рафтани музди меҳнат ва баланд шудани некуаҳволии мардум мегардад. Қисми даромади буҷети давлатӣ дар ҳафт соли охир зиёд гардида, дар соли 2023 он нисбат ба соли 2017-ум 1,6 баробар афзоиш ёфт.

Тавре, ки зикр гардид, «аз ҳисоби буҷети давлатӣ вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки даромади пулии аҳолӣ дар ҳафт соли охир 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023-юм расид. Дар ин давра музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид».

Агар маълумоти омории нишондиҳандаҳои макроиқтисодиро дар солҳои 2010-2022 муқоиса намоем тағйиротҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд, аз ҷумла: даромадҳои пулии аҳолӣ 7,2 маротиба (718%), хароҷотҳои пулӣ ва пасандозҳо 6,7 маротиба (675%), музди миёнаи меҳнат 5,0 баробар (497%), ММД 5,0 баробар (468%), маҳсулоти соҳаи саноатӣ 5,3 маротиба (526%), маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ 3,8 маротиба (377%), сармоягӯзориҳо 3,6 маротиба (357%), ба кор андохтани фондҳои асосӣ 2,7 маротиба (274%), хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 3,1 маротиба (306%), гардиши савдои хориҷӣ 1,9 маротиба (190%), содироти мол 1,8 маротиба (179%), воридоти мол 1,9 маротиба (194%) зиёд гардидаанд, ки бевосита ба дастовардҳое, ки ҳамасола зимни Паём ироа мегарданд, вобастагии зич дорад.

Дар давоми солҳои 2017-2023 суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми ММД 1,5 баробар зиёд гардид. Ҳамзамон, зимни Паём дастур дода шуд, ки «суръати рушди иқтисоди миллӣ дар соли 2024 дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин карда шавад». Дар ин раванд, сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, соли 2023-юм 3,8 фоизро ташкил намуд, ки нисбати дигар давлатҳои ҳамсоя муътадил буда, барои дар сатҳи муайян нигоҳ доштани нархи молу маҳсулот мусоидат намуд. Дар ин замина Пешвои муаззами миллат бештар ба рушди маҳсулотҳои ба содиротнигаронидашуда ва воридотивазкунанда такя намуда, ҷиҳати рушди иқтисоди воқеъӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар дастуру супоришҳо доданд.

Инчунин, зимни Паём аз ҷониби Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки «сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуда, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст гардид». Дар ин раванд, ба сохторҳои вобаста вазифагӯзорӣ карда шуд, ки дар ҳафт соли минбаъда сатҳи камбизоатӣ то ба 10 фоиз паст карда шавад. Дар чунин ҳолат, барои баромадан ба дараҷаи давлатҳои даромади миёнаи аҳолӣ дар сатҳи миёна имконияти мусоид фароҳам мегардад.

Масоили дигаре, ки зимни Паёми имсола матраҳ гардид, ин хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ буд, ки ҳаҷми хароҷоти буҷети давлатӣ ба ин соҳаҳо аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид. Барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла: танҳо дар соли 2023 маблағи 4 миллиард сомонӣ равона гардид. Вобаста ба пардохти кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат ва кӯдакони маъюб, инчунин ҷубронпулиҳои яквақта ба шаҳрвандони аз фалокатҳо зарардида 2 милларду 70 миллион сомонӣ равона гардид. Дар ин раванд, зимни Паём ба сохторҳои дахлдор вазифагӯзорӣ карда шуд, ки ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоиро афзоиш дода, барои амалӣ кардани ин мақсад соҳаҳои болозикр 61 млрд. сомонӣ маблағгузорӣ карда шаванд.

Бо мақсади зиёд кардани музди меҳнату нафақа дар шароити ногувори имрӯза, ки иқтисоди кишвари моро низ таҳти таъсир қарор додааст, зимни Паём қайд гардид, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: аз 1 июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шавад; аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилоти соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шавад; аз 1 январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад; аз 1 июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Ҳангоми ироаи Паём Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки «мо бояд зудтар ба кишвари саноатӣ табдил ёбем». Вобаста ба ин мо бояд пеш аз ҳама соҳаҳои иқтисоди миллиро ба саноат наздик карда, рушди низоми қарздиҳӣ, сармоягӯзории мусоидро ҳамчун заминаи рушди соҳаҳои саноат истифода намоем. Ҳамзамон, қайд гардид, ки «шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор расид, ки дар ин раванд аз ҷониби соҳибкорони мамлакат беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду навсозӣ шуданд. Танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд, инчунин аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону навсозии 139 иншоот анҷом дода шуд».

Вобаста ба самти дигари рушди иқтисодӣ дар раванди Паём таъкид гардид, ки барои рушди иқтисоди миллӣ омили асосӣ ин ҷалби сармоягӯзорӣ ба иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад ва дар ҳафт соли охир ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 95 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад. Дар ин давра ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ шуд. Инчунин, дар ин раванд 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Таъкид гардид, ки ҳаҷми сармояи мустақим то соли 2026 нисбат ба ММД ба 10 фоиз расонида шуда, дар панҷ сол бояд ба иқтисоди миллӣ беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоя ҷалб шавад.

Зимни Паёми Пешвои миллат қайд намуданд, ки «дороии сохторҳои молиявӣ, қарзии ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта 22 фоиз зиёд гардида, 39,6 миллиард сомониро ташкил дод. Ҳаҷми пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби низоми бонкӣ дар соли 2023 дар муқоиса бо соли 2022-юм 31,1 фоиз афзоиш ёфта, ба 18,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда бошад, 32,1 фоиз зиёд гардида, 13,3 миллиард сомониро ташкил дод». Ҳамчунин қарзҳои ба занони соҳибкор пешниҳодшуда 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 4,8 миллиард сомонӣ расонида шуд. Бақияи умумии пасандозҳои аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ дар соли 2023 нисбат ба соли 2022-юм 32 фоиз зиёд гардида, ба 18,6 миллиард сомонӣ расид. Дар ин давом, барои зиёд намудани қарзҳои дарозмуддат, дастрас ва бо фоизи пасту бо имтиёзҳо пешкаши аҳолӣ гардонидани онҳо ва пурра ҷорӣ намудани низоми рақамии хизматрасонии бонкӣ дастуру супоришҳо дода шуд.

Хулоса, дар Паёми имсола ҳама паҳлуҳои иқтисодию иҷтимоӣ сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ба таври васеъ дарҷ гардид, ки ҳамчун дастури муҳим ҷиҳати рушди минбаъдаи иқтисоди миллии кишвар баромад мекунад.

ЭМОМАЛӢ МИРШАРИПОВ ҚУРБОНАЛИЕВИЧ,

Муовини декан оид ба таълими

факултети иқтисод ва идора

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *