МАСЪАЛАҲОИ «ТАҲАММУЛГАРОӢ ВА ИНСОНДӮСТӢ» ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

0

Чуноне ки маълум аст, Роҳбари давлат, Пешвои миллат ҳар сол ба Маҷлиси Олии ҶТ ва шаҳрвандони кишвар Паёми солонаи худро ироа мекунад. Ин амали роҳбари кишварро моддаи 70-уми Конститутсияи кишвар маҳз “дар бораи вазъи кишвар” маълумот додани Президентро ба маҷлиси якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешбинӣ кардааст. Аз ин рӯ, Президенти кишвар, Пешвои миллат ҳар сол Паёми солонаро ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми кишвар ироа мекунад, ки масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, идеологӣ, амниятӣ, байналмилалӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Мустақилона муайян кардани сарнавишту оянданигарии кишвари худро дар таърих гузаштагони бофарҳанги мо асрҳо боз интизорӣ мекашиданд ва бо чунин ормонҳо дунёро тарк намуданд. Бе шакку шубҳа ироаи Паёми сардори давлат ба мардум, ин озодӣ, соҳибдавлатӣ ва хушбахтии шаҳрвандони кишвар ба ҳисоб меравад. Тавре, ки дар боло қайд карда шуд Паём масъалаҳои гуногунро дар бар мегирад, вале ин ҷо мехостам дар мавриди масъалаи «таҳаммулгароӣ ва инсондӯстӣ» дар Паём ибрози андеша намоям.

Дар ҷараёни ироаи Паём гоҳҳо ба ҳозирини маҷлис ва мардуми кишвар супоришҳои мушаххасу қатъӣ ва роҳнамоиҳо тавассути сухани озод, яъне бе матни расмии навишташуда барои ҳалли масъалҳои мавҷуда мавриди таҳлил қарор мегирад. Зимни суханрониҳо Пешвои миллат худ роҳҳои ҳалли амалии ягон масъаларо шарҳ дода, дар бораи иҷрои он супоришҳои шифоҳӣ медиҳад. Чунин суханҳо ва супоришҳои ҳидоятии ӯ низ хеле муҳим мебошад.

Масалан, дар рафти ироаи Паёми имсола Пешвои миллат чунин таъкид доштанд: “Миллати фарҳангӣ бояд….. Мо бояд таҳаммулгаро ва инсондӯст бошем, иззату эҳтироми ҳамдигарро донем… ҳар куҷое, ки ҳастем, ҳар куҷое, ки бошем… Ин маслиҳати дӯстонаву бародаронаи ман ба ҳар як наслу ҷавон, шаҳрвандони Тоҷикистон аст.”

Ин суханҳои Пешвои миллат дар назари аввал, гарчанде содда намоянд, вале дар асл бисёр муҳим ва ҳатто дар замони имрӯза масъалаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Хусусан таҳаммулгароӣ ва инсондӯстӣ. Маҳз таҳаммулгароии ҷомеаи дунявият ва иродаи мардуми кишвар буд, ки халқи азияткашидаи мамлакат аз зери ҷанги таҳрезишуда халосӣ ёфта, сарҷамъ шуданд. Аз ин бармеояд, ки воқеан он танҳо як сухани оддӣ набуда, балки сабабгори ҳамдигарфаҳмию таҳкими ваҳдати миллӣ гаштааст. Вале бо вуҷуди ин, дар ҷомеаи муосир холигии ҷои принсипи таҳаммулгароӣ на танҳо дар кишвар, балки дар ҷаҳон ба назар мерасад. Масалан, аз Тоҷикистон то соли 2009 ҳазор нафар дар ҷангҳои ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои тундрав дохил шуда, барои “ҷиҳод” ба манфиати ҳадафҳои сиёсии “давлатҳои абарқудрат” хунрезӣ мекарданд. Саволе ба миён меояд, ки ин гурӯҳҳои тундрав дар ин ҷангҳои “муқаддас”-и худ киро мекушанд? Албатта ҳамдинро.

Дар ин бора дар Паёмҳои солонаи солҳои қабл (солҳои 2016, 2018, 2019) низ Президенти таърихдӯстамон мулоҳизаронӣ карда, даъват намуд, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд “зиракии сиёсӣ”-ро аз даст надода, нисбат ба анъанаҳои адён ва мазҳабҳои халқҳои дигар таҳаммулгаро бошанд. Имсол низ ба таври фишурда ёдрас намуданд, ки вазъи сиёсии ҷаҳони муосирро касе пешгӯӣ карда наметавонад. Аммо барои ба “доми” ҳамин гуна бадбахтиҳо наафтидан, ҳатман огоҳ будан аз таҳамулгароӣ, ҳушёрии сиёсӣ ва дониши қавӣ лозим аст. Азҷумла қайд карданд: “Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир — терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем…

Воқеан, кӯдаккӯшиеро, ки дар Фаластин инсоният бо чашми сар дид, фикр мекунам, далел шуда метавонад, ки таҳаммулгароӣ ва инсондӯстӣ дар одамони муосир дида намешаванд. Барои он ки ин қадар инсонбадбинӣ, бераҳмӣ, беадолатӣ, бетафовутӣ, бадбинӣ нисбати дигар адёнҳо, мазҳабҳо, халқиятҳо ва ғайраро мардуми ҷаҳон диданд. На аз тарафи “инсондӯстҳои ҳақиқӣ” чораандешӣ шуду на аз ҷониби одамоне, ки кайҳон ё қаҳри уқёнусро кашф карданд.

Пешвои миллат вобаста ба ин ҳодиса дар паёми имсолаашон хеле оқилона ва дурандешонаву башардӯстона суханронӣ намуданд:“Тоҷикистон дар робита ба равандҳои ҷорӣ дар Афғонистон ва Ховари Миёна, бахусус, Фаластин хеле нигарон аст. Мо таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар асоси қатъномаҳои қабулкардаи Созмони Милали Муттаҳид ва марзҳои соли 1967 ягона роҳи имконпазири таъмини сулҳу суботи пойдор дар ин минтақа медонем.”

Пешвои миллат, Президенти кишвар ҳатто аз минбари СММ яке аз аввалинҳо шуда, аҳли башарро ба таҳамулгароӣ, ҳамзистии осоишта, инсонгароӣ даъват намуда, сӯзонидани китобҳои муқаддас, махсусан китоби Қуръони маҷидро маҳкум намуданд.

Нуктаи аз ҳама нозукаш, ки дар он тамоман таҳаммулгароӣ дар таърих иҷро нагардиду омад, ин мазҳаббозӣ дар дини Ислом аст. Афсӯс, ки баъзе аз ҷавонони фиребхӯрда дар ин самт кайҳо мағзшӯӣ гардиданд. Ҳол он ки душмани ислом на масеҳӣ ҳаст, на буддоӣ, на зардуштӣ, на яҳудист. Ислом ду душман дорад: мусулмони нодон ва нимчамулло. Ҳатто худи таблиғгарон баъзан таҳаммулгаро нестанд, ба оташи баҳси шиаву суннӣ сӯзишворӣ (бензин) мерезанд. Дар ҳафтаи аввали моҳи январи соли ҷорӣ дар Эрон дар натиҷаи як амали террористӣ беш аз 100 нафар одамони бегуноҳ куштаву садҳо нафари дигар захмӣ шуданд. Аз гузориши расонаҳо маълум гардид, ки яке аз таркишдиҳандагон шаҳрванди Тоҷикистон будааст. Ба андешаи ман инҳо ҳамон лӯхтакҳои хадамотҳои ҷосусие, ки ДОИШ-ро офариданд буда, мақсадашон латма задан ба равобити хуби Эрону Тоҷикистон аст.

Аз ин рӯ, ин таъкидоти Пешвои миллат саривақтӣ буда, моро водор мекунад, ки ҳар чӣ зиёдтар таҳаммулгароӣ, инсондӯстӣ ва ҳамзистии осоиштаро баҳри пойдории истиқлолияту ваҳдати миллӣ ва дӯстии халқҳо байни шаҳрвандон азҷумла, насли наврасу ҷавонон таблиғ намоем. Дар ҷараёни ироаи Паём иброз доштанд, ки “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем”

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳатто дар сиёсати давлатдории худ низ принсипи таҳаммулгароӣ ва инсонгароиро дар мадди аввал гузоштааст. Ҳатто аз мансабдорони ҳукумату кормандони давлат даъват ба амал овард, ки “…фикри инсонҳоро кунед, аз худи ман сар карда, то ҳамаи аъзоҳои ҳукумат дар андешаи инсонҳо бошем”. Агар шаҳрванди бономуси Ватан, воқеан таҳаммулгаро ва инсондӯст бошем, бояд ба боварии сарвари башардӯстамон сазовор гардем, зеро дар Паёми имсола худи Пешвои миллат ба шаҳрвандони кишвар бо чунин боварӣ гуфтаанд: “Ман ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътимоди комил дорам”

АҚНАЗАРОВ ҲАМЗААЛӢ МУБОРАКҚАДАМОВИЧ

муовини декан оид ба тарбияи факултети

“Геогрфия ва ҳизи табиат”-и донишкада

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *