ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН

0

Давлати Тоҷикистон имрӯз бо номи ин фарзанди фарзонаи миллат, шахсе, ки бо тамоми ҳастӣ барои нигоҳдошту бунёди миллату давлати Тоҷик саҳми беназир гузоштааст — Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад. Ҳар як иқдому сухани Эмомалӣ Раҳмон дар бахши созандагию ободии кишвару миллат бо нияти нек оғоз ва анҷоми он табиист ногузир аст.

Зеро шоир гуфтааст:

Ният чун соф бошад подшоҳро,

Гуҳар рӯяд ба ҷои гул гиёҳро.

Имрӯз гуфтаҳои Пешвои миллат — «Ман ба шумо сулҳ меорам», «то он даме охирон гурезаро аз Афғонистон ба Тоҷикистон бознагардонам, Ман осуда буда наметавонам», «бо нохунҳоямон нақбро соз менамоем», «Роғунро месозем», «давлатро ободу бунёд ва роҳбарӣ мекунем», «Тоҷикистон ба пеш» ва ғайра, ки сидқану бо нияти нек ба забон оварда шуда будаанд, амалшавии онҳо ба ҳама равшан аст ва халқи Тоҷикистон дар симои ин фарзанди фарзонаи миллат умедро ба имрӯзу фардои хеш дид. Дар таърихи ҳар як миллату халқ шахсиятҳое ҳастанд, ки онҳо умеду боварии имрӯзу фардои миллату давлат мебошанд. Пешвои миллат айёме сарварии давлатро қабул кард, ки ин миллату давлат дар душвортарин ва фоҷиатарин вазъ қарор дошту имрӯзу ояндаи он норавшан буд. Вале бо дидани Эмомалӣ Раҳмон дар маснади роҳбари давлат дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми Тоҷикистон бо боварию эътимод ба имрӯзу фардои миллату давлат нигаристанд ва ин ҳақиқате мебошад, ки ҳамагон қабул доранд. Баъдан, Пешвои миллат аз мушкилию нооромии вазъ наҳаросида пурра масъулияти имрӯзу фардои миллату давлатро ба зимма гирифт. Масъулиятро на баҳри шуҳрату худнамоӣ ва ҳукмронӣ, балки баҳри ободию созандагии имрӯзу фардои миллату давлат ба зимма гирифт. Зеро Тоҷикистон гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ ва майдони ҳарбу зарби силоҳдорон буд. Бо ҳама эҳтиром дар он шабу рӯз кул дар доираи манфиатҳои шахсӣ ва бузургтаринҳо дар доираи манфиатҳои маҳал қарор доштаанд. Шояд нахустин ва ё яке аз нахустинҳо Пешвои миллат бошад, ки дар он вақт манфиатҳои шахсию маҳаллиро ба манфиати миллӣ табдил дод ва дар зеҳни ҳамагон дарки ободии миллату давлат, ободии шахсу маҳал аст ҷо кард, вагарна ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт шахс бо ҳама дороиаш ободу осуда намебошад ва ба ин вазъи Афғонистон, Ироқу Сурия, Ливия, Украина ва ғайра мисол мешавад. Бо чунин дарк аз кӯдаки гавҳора то пири садсолаи соҳиби давлат дар рӯҳу ҷисмаш фаҳмиши ободии давлат — ободии ман аст бояд ҷо намояд, вагарна бо гила тарки дунё хоҳад кард. Ва Пешвои миллат дар ин бахш хушдор дода аст: «Дунё ҳар лаҳза тағйир меёбад ва барои мардуме, ки дар фикри саодати хеш ва ободии ватан нест, хатарҳои зиёде онро таҳдид мекунад….». Бо як қатор асосҳо Пешвои миллат бунёдгузори давлатдории навини Тоҷикистон мебошад:

  1. Ҳукумати Тоҷикистон бо сарвари Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар зеҳни тоҷику Тоҷикистониён он нобоварию ноумедиҳоро ба тақдири имрӯзу фардо бартараф созад, яъне дар гуфтору рафтор ва симои Пешво имрӯзу фардои хешро халқи тоҷику Тоҷикистониён диду эътимод кард .

II . Ҳар як тоҷику Тоҷикистони имрӯз дарк кардааст ва боварӣ дорад, ки ин сарзаминро идораю обод карда метавонад, зеро дар ҷавҳари тоҷик тӯли қарнҳо мафҳуми «наметавонам» нақш баста буд ва аҷнабиён онро ситоиш мекардаанд, ки идораю ободии ин миллату сарзамин туфайли бегонагон имкон дорад, гарчи «саҷда» ба бузурги тоҷик доранд ва ё ба қавли Бозор Собир ин миллат «бедавлатҳоро соҳибдавлат»-у давлатдориро омӯзонида аст. Ё бо ибораи дигар «сарнавишти талх мардумеро, ки барои тамоми олам ва кулли инсоният тамаддун офарида буд, аз ҳукумат кардан дар сарзамини худаш маҳрум кард, ғосибон бо доираҳои маънавию фарҳангии ин мардуми илму ҳунар, мақому иззат ёфтаанд…» (Ниг.: Имомзода М.С. Ҳамнави дили халқ.-Душанбе: ЭР-граф», 2022.¬-С.5). Мафҳуми «наметавонам» аз ҷавҳари миллати ҷафопешаи тоҷик, ки қарнҳо бо сабаби дар асорати империяҳои гуногун қарор доштаанд ҳукмфармо буд бо шарофати Пешвои миллат аз байн рафт ва имрӯз тоҷик боварию эътимод дорад, ки рисолати идораю обод кардани ватанро иҷро карда метавонад. Ба ин ободии имрӯзаи Тоҷикистон гувоҳ аст. Ҳамин тариқ, Пешвои миллат дар ҷавҳари миллат арзиши ватандорӣ ва ифтихор аз онро бедор кард ва дар худшиносии миллӣ такони бузургро ба вуҷуд овад, яъне имрӯз хушбахтона ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ дар дарки ҳодисаю падидаҳо ва баҳо додани он, инчунин, бо дарёфти хеш дар гирдоби онҳо муваффақ мебошад.

III. Қадр кардан, арҷ гузоштан ва эҳтиром кардани фарзандони қаҳрамон ва таърихи миллат дар таърихи халқи тоҷик ормон беш набуд ва воқеият асту ҷойи баҳс нест, ки ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт қаҳрамонони миллату таърихи халқи тоҷик дар чунин сатҳ эҳтирому қадр ва арҷ гузошта нашудааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон гузоштааст. Воқеан бузургии инсон ва яке аз нишонаҳои асосии инсон дар он аст, ки инсон ба таърихи хеш таваҷҷуҳ дорад ва дар асоси он имрӯзро бунёду ояндаро муайян мекунад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шахсияте мебошад, ки ҳар як тоҷику Тоҷикистониро бо гуфтору рафтори хеш омӯзонид, ки аз таърихи хеш огоҳ бошед ва ба шахсиятҳои таърихии миллат арҷу эҳтиром гузоред то ояндаро дида тавонем. Корнамоиҳои қаҳрамонони тоҷикро, ки онҳо бо умеди ояндаи миллат хизмати хешро анҷом дода будаанд ва дар замони хеш шояд чандон муваффақу дастгирӣ наёфта будаанд, вале Пешвои миллат бо арҷгузорию эҳтиром ва ситоиш кардани онҳо насли ҷавони тоҷикро огоҳу таълим намуд, ки дар таърихи ин миллат «обёру кӯзашикан» дар як сатҳ қарор надорад. Миллат модар аст, таҷовуз хиёнат аст, ҳеҷ таҷовуз ба модар ва ҳеҷ хиёнат ба миллат (давлат) ҷуз маҳкум, лоиқи ситоиш нест. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон дар баробари арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ (ҷашн гирифтани 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, 1025-солагӣ Шайххурраис Ибни Сино, Соли бузургдошти тамаддуни Ориё (соли 2006), 680-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 1100-солагии Давлати Сомониён, 675-солагии Камол Хуҷандӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 1000-солагии Шоҳнома, 1000-солагии Носири Хусрав, 90-солагии Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода, 2700-солагиӣ китоби «Авесто», «3000-солагии фарҳанги Зардуштӣ», 5500-солагии Саразм, баргадонидани номҳои таърихӣ-Суғд, Рашт, Ҷайҳун ва номи бузургони миллатро ниҳодани номҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар-Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Носири Хусрав, Ҷалолуддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Темурмалик, Спитамен, Деваштич, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ) ва динӣ (чунончӣ Қуръони карим бо забони адабии тоҷикӣ нашр шуда ба таври ройгон ба мардуми Тоҷикистон тақсим карда шуд ва аз ҳисоби буҷети давлат -«Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Тафсири Табарӣ», «Кимиёи Саодат»-и Имом Ғазолӣ ва ғайра интишор шудаанд, ҷашн гирифтани 1310-солагии поягузори мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам ва соли 2009 соли бузургдошти Имом Аъзам эълон гардид) эътибори махсус намуд. Дар баробари ин Пешвои миллат фарзандони фарзонаи миллат — Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемурро ба унвони олӣ- Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардонид. Ҳамаи ин арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, арзишҳои динӣ ва фарзандони фарзонаи миллат баҳри бедор кардани худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ дар замири мардуми Тоҷикистон мебошад. Худшиносии миллӣ ва ифтихор аз доштани ватан ба бунёду рушди ифтихори миллӣ мусоидат менамояд, ки мазмуни он дар дарки мақом, обрую эътибори миллат(давлат)-и хеш дар пешрафти умумибашарӣ ифода меёбад. Ва дар зеҳни миллати тоҷик асрҳо фаҳмиши «дарки бузургии хеш ва гиллагузорӣ аз бегонапарастӣ» ҳукмфармо буд, ки онро дар назм Алимуҳаммади Муродӣ чунин тасвир кардааст:

Ориёнасабему бо Худоён хешем,

Аз насли Каёнем в-аз он ҳам пешем.

Гуфтем ба бегонаву гӯем ба худ,

Мо пайкарасозии қотилони хешем.

Бояд зикр намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи халқи тоҷик ягона давлати миллӣ аст , ки на аз тарсу ва на аз манфиат саҷда ба қотилони миллату давлати хеш нагузошту ситоиш накард ва бе ягон дудилагӣ миллату давлати Тоҷиконро аз ҳеҷ миллату давлат поён надиду нагузошт ва бо онҳо дар як сатҳ сухан карданро омӯзонд ва ба соҳибихтиёрию мақоми соҳибдавлати Тоҷикон эҳтиром гузоштанро водор кард.

IV.Таҳияи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси он ташаккули низоми қонунгузории кишвар, бедахолату таъсири беруна ва бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва бо ташаббусу роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ омадааст, ки ин ҳақиқати бебаҳс аст. Имрӯз баъди қабули Конститутсия (6 ноябри соли 1994) беш аз 17 қонуни конститутсионӣ, 21 кодекс, 22 қонун дар бораи авф, 23 қонун дар бораи буҷети давлатӣ, 310 қонуни ҷорӣ, 1500 санади зериқонунӣ, зиёда аз 40-стратегия, 66-консепсия, 320-барномаи давлатӣ, беш аз 2100-шартномаи байналмилалии дутарафа ва зиёда аз 350-шартномаи байналмилалии бисёртарафа таҳия ва қабул шудааст. Ҳамин тариқ, фазои ҳуқуқӣ дар қаламрави Тоҷикистон вобаста бо манфиат ва арзишҳои миллӣ ташкил карда шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ муаррифӣ ва мақсади он муайян гардидааст.

V.Ташаккули артиши миллиро беягон дудилагӣ ва баҳонаҷӯӣ ва дар замони фалаҷи иқтисодиёти давлат, Эмомалӣ Раҳмон ташкил кард, ки имрӯз сипари боэътимоди осоиштагии кишвар аст. Ташкили артиши тоҷик дар ҳазор соли охир бо ташаббус ва номи Эмомалӣ Раҳмон пайвастагӣ дорад, ки имрӯз тоҷик аз он бо ифтихор сухан менамояд ва шуҷоату ҷасорат доштанро аз Пешво артишу ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ омӯхт ва дар рӯҳу ҷисми хеш шикастнопазириро ҷо кард ва воқеаҳои охир дар сарҳади кишвар гувоҳ аз ин воқеият аст. Воқеан, бе ташкили артиши миллӣ, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ чӣ тавр марзу бум, шарафу номус ва музаффариятҳои соҳибихтиёрӣ дифоъ карда мешавад? Бунёди вазорати дифоъ танҳо дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт ва бо қарори раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 декабри соли 1992 «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашр шуд ва 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии артиши миллӣ доир шуд, ки ин рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуд. Ҳамин тариқ, Горди миллӣ, бригадаҳои таъинотҳои махсус дар вазорату кумитаҳои қудратӣ, ниҳодҳои ҳифзи сарҳад, коррупсия, муқовимат бо маводи мухаддир ва ғайра ташкил карда шудаанд, ки онҳо дар якҷоягӣ дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, қонуният, сулҳу суботи кишвар нақши мубориз доранд. Марҳала ба марҳала Пешвои миллат тақдири сарҳади давлати тоҷиконро ба зиммаи тоҷикон гузошт ва исбот намуд, ки ин миллат нисбати тақдири хеш ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт бетараф нест ва рисолати хешро дар ҳифзи марзу бум ва бунёди давлат иҷро карда метавонад.

VI.Дар таҷриба кишваре, ки дар он ҷанги шаҳрвандӣ ҳукмфармо аст, одатан тарафҳо баҳри мансабу таллаву тороҷи мулк банданд, вале Тоҷикистон ягона кишвар буд, ки ҷанги шаҳрвандиро чун дарди ҷисму рӯҳи хеш пазируфт ва баҳри табобати он пардохт ва яке аз иқдомҳои наҷотбахш ин наҷоти миллат аз гуруснагӣ ҳисоб мешавад, ки саривақт Пешвои миллат бо фармонҳои интишор намуда- 9 октябри соли 1995 ва 1 декабри соли 1997 75 ҳазор гектар заминро барои истифода ба аҳолии деҳот тақсим карда шуд, ки ин амал барои таъмини аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ мусоидат намуд. Гуруснагии аҳолӣ дар ҳама гуна ҷанг ин шабеҳи рехтани равған дар оташро дорад. Имрӯз таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар мебошад ва ҳифзи амнияту суботи кишвар ба таъмини амнияти озуқаворӣ робита дорад, имрӯз коркарди маҳсулоти ватанӣ, рушди боғдорӣ, чорводорӣ, фарҳанги истифодаи оқилонаю мақсадноки замину об ва ғайра тадбирҳои анҷомдодаи Пешвои миллат мебошад, ки ҳар як тоҷику Тоҷикистониён аз он сари таъзим фуруд меорад ва ифтихор аз он дорад, ки дар чунин лаҳзаи сарнавиштсоз шахси роҳбариро ба зимма гирифт, ки бо руҳу ҷисмаш ғамшарики миллату давлат буд, вагарна доштани наҷот норавшан буд.

VII.Корнамоии дигари таърихии Пешвои миллат ин таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар мебошад ва дар сарзамини тоҷикон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфтани Эмомалӣ Раҳмон асосгузору меъмори сулҳу ваҳдат тасоддуф нест. Дар ин радиф иқрор бояд шуд, ки ҳифзу таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва таъмини бақои он хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ин бахш ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ сари таъзим фуруд меораду ифтихор менамояд. Дар таърихи башарият ягон маротиба нашудааст, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ як тараф ба тарафи дигар чунин гузаштҳо кунад, ки чунин гузаштҳо дар сатҳи низоъи як хонадон, ки аз як падару модар ба дунё омадаанд имкони халос дорад, агар имкон бошад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо сарвари Эмомалӣ Раҳмон гузашт кард, охирон гурезаро ба ватан баргадонид, охирон силоҳбадастро фаҳмонд сулҳу ваҳдат чист? ва обод кардани ватан бо силоҳ сухан аз минбар кардан нест ва ба ҳар иштибоҳи тоҷик, ки ин миллатро модар қабул кард, чашм пушиду оғӯш боз кард ва онро дар қатори хеш соҳибватан муаррифӣ кард. Чаро ин хизматҳои Пешвои миллатро нодида мегиранд, баъзе шахсоне, ки худро мансуб ба миллати тоҷик медонеду аз дур санги маломат ба милати хеш мепартоед, ки ҷомеаи ҷаҳон ба Ҳукумати Тоҷикистон ва сарвари он Эмомалӣ Раҳмон эътирофу арҷ мегузоранд ва имрӯз муаррифии ин миллат бо номи Эмомалӣ Раҳмон пайвасти ҷудонопазир дорад. Имрӯз на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки кишварҳои дуру наздик, аз ҷумла Афғонистон, ки беш аз чил сол оташи ҷанг онро фаро гирифтааст, мардумаш наҷоти кишвари Тоҷикистон ва мардуми онро аз ҷанги таҳмилӣ дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон медонанд ва ин миллатро хушбахт медонанд, ки чунин фарзанду роҳбар дорад. Ва соли 2021 истодагарию баҳогузорӣ кардани вазъи Афғонистон аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон гувоҳ аз он буд, ки барои ин мард-миллат чӣ қадар арзишу мақом дорад, новобаста аз ҳама гуна вазъу ҳолат, пеш будани хешро дар дарку амалӣ кардани сиёсат аз дигарон нишон дод ва имрӯз тарафдорону мухолифон ба бузургии вай ҳамчун сиёсатмадор арҷ мегузоранд.

Эътирофу арҷ гузоштан нишони бузургии инсон аст ва тӯли таърих натовонистани эътирофу арҷ гузоштани фарзандони фарзонаи миллат чӣ қадар таърих ин миллатро ба санҷиш гирифтааст ба ҳар як тоҷик маълум аст. Ва ё ба қавли Лоиқи бузург:

Ҷабри таърих ягон қавм надидааст, ки мо,

Заҳри таърих нажоде начашидааст, ки мо.

Миллате, зери фалак бо ҳама фарҳанги сутург,

Ин қадар зиллату хорӣ накашидааст, ки мо…

Ё ҷои дигар Лоиқ мегуяд:

Зи ҳазор соле таърих? На! Ҳазор сола таъхир!…

Кӣ шикаст мӯҳраи моро? Ту напурсу ман нагӯям….

Нарасида бар худимон, нарасида бар худомон…

Зи худост ё худи мо? Ту напурсу ман нагӯям….

Вале Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён ва шахсони нотавонбин исбот намуд, ки ин миллатро бо чашми кам дидан курӣ ва ба бузургии он арҷ нагузоштан бехирадӣ аст ва бо шеъри Искадар Хатлонӣ фаҳмонд, ки:

Дар xуни ман ғурури ниёгон нуҳуфта аст,

Хашму ситези Рустами Дастон нуҳуфта аст.

Дар тангнои синаи ҳасраткашидаам,

Гаҳвораи басирати мардон нуҳуфта аст.

Хоки маро ҷазираи xушке гумон мабар,

Дарёи бекарону xурӯшон нуҳуфта аст.

Холи дили маро ту зи тобу тавон мадон,

Шери жаён миёни найистон нуҳуфта аст.

Пиндоштӣ ки решаи пайванди ман гусаст,

Дар синаам ҳазор Хуросон нуҳуфта аст.

VIII. Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими ҳокимияти давлатӣ дар кишвар беназир аст. Тақсими ҳокияти давлатӣ ба се шоха чун нишони давлати ҳуқуқбунёд, яъне тақсими ҳокимияти иҷроия, судӣ ва қонунгузорӣ ( парлумони касбӣ) бо ташаббус ва дар давраи роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ омадааст, ки нодида гирифтан ё арҷ нагузоштан ба хизматҳои Пешвои миллат барои ҳар як тоҷик нобахшиданист. Танҳо ифтихор ва шукр бояд кард, ки ин миллату давлатро чунин эътирофи сатҳи байналмилалӣ натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои миллат аст ва чун падарвор ғамхорӣ ва сарварӣ менамояд.

  1. Ташаккули сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистони муосир аз заҳмату талошҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рабт дорад ва имрӯз сиёсати дарёфти сулҳ ва оштии миллӣ, дипломатияи об, ташкили фазои муътадили ҷалби сармоягузории хориҷӣ, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ташкили ҳамоишу конференсияҳои сатҳи гуногун дар пойтахти давлати Тоҷикон ва ғайра бо ташаббусу иқдомҳои Пешвои миллат вобаста аст. Пешвои миллат марҳала ба марҳала барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ дар баробари ташаккули фазои ҳуқуқӣ, табдирҳои заруриро дар бахши таъмини истиқлолияти энергетикӣ роҳандозӣ карда истодааст, ки бо ин васила истиқлолияти иқтисодӣ мустаҳкаму истиқлолияти сиёсӣ комил мегардад. Албатта истиқлолияти давлатӣ бе таваҷҷуҳ ба истиқлолияти фарҳангию илмӣ номумкин аст, ки дар ин бахш ташкили донишкадаю донишгоҳҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, мақоми давлатӣ ва ба забони илмӣ табдил додани забони тоҷикӣ, арҷу муаррифии таъриху фарҳангии миллат имрӯз ба ҳамагон равшан аст, ки дар саргаҳу пиёда намудани чунин иқдомҳои нек дар давлатсозии Тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва миллати тоҷик барои чунин хизматҳо ба Пешвои миллат арҷ мегузораду бо он ифтихор менамояд.

Баъдан, Пешвои миллат ягона сиёсатмадор дар фазои пасошуравӣ ва берун аз он мебошад, ки нисбат ба кишвари ҳамсоя-Афғонистон мавқеи дуруст ва воқеиро доро аст, ки ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт аз сиёсати дуҷониба кор нагирифтааст ва ба шинохти Ҳукумати Толибон назари хешро дар доираи ҳуқуқи байналмилалӣ ва манфиатҳои мардуми ин сарзамин ва сайёра иброз доштааст , ки имрӯз ба ҳар як сиёсатмадор ва сиёсатшинос маълум аст. Ё вобаста ба қазияи Фаластин дар соли 2023 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз номи кишвари Тоҷикистон тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ чунин ибрози назар кард: «Мавриди ҳамла қарор додани иншооти ғайринизомӣ ва ба ҳалокат расонидани занону кӯдаконро шадидан маҳкум мекунад … ва қазияи Фаластин роҳи ҳалли низомӣ надорад ва танҳо бо роҳи музокира ва ба иҷрои қарорҳои СММ оид ба ташкили давлати мустақили Фаластин имконпазир мебошад ва аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он шаҳри Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар асоси марзҳои соли 1967 ҷонибдор аст».

Баъдан, имрӯз шӯҳрату нуфуз ва низому муътадилии ҳар як кишвар аз дарку омӯзиш ва таҳлили дурусти вазъу хатарҳои сиёсию иқтисодии ҷаҳон вобаста аст ва бе таъсиси академияҳои дипломатӣ ва гумрукӣ дар таваҷҷуҳи воқеӣ ба масъалаи мазкур ғайриимкон аст. Дар баробари ин бартараф намудани тафаккури музофоти (маҳалӣ, деҳотӣ)-и мардум танҳо бо бунёди шаҳру рушди саноат дар минтақаҳо ва таъмини ҳастии миллату давлати тоҷикон дар ташаккули тафаккури миллӣ мардуми он имкон дорад. Гарчи дар ин радиф бунёди муассисаҳои олии таълимӣ, корхонаю ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ дар минтақаҳо ва солҳои 2022-2026 эълони «Солҳои рушди саноат» дар кишвар бо ташаббусу роҳнамоии бевоситаи Пешвои миллат роҳандозӣ шуда истодааст, набояд нодида гирифт.

  1. Дар соли 2006 таҳия ва иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар — таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳҳоӣ аз бунбастӣ коммуникатсионӣ ва аз соли 2018 саноатикунонии босуръати кишвар ба роҳ монда шуд. Имрӯз бояд иқрор шуд, ки се ҳадафи аввали стратегии кишвар дар вазъи пурра иҷро шуда, новобаста аз он, ки ҳадафҳои аввалу дуюм бо вазъи табиат ( боду ҳаво) вобастагӣ доранд, вале пайваста дар ҳар як нишасту вохӯрӣ бо мардум, Пешвои миллат аз фарҳанги истифодабарии барқу заминро ба ҳар як шаҳрванди кишварро ҳидояту тақозо менамояд. То замони дар замири ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дарки саодату ободии кишвар ҳукмфармо нашавад, ҳеҷ гоҳ саодату ободиро шахсиро таъмин карда намешавад. Ҳадафи сеюм, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани кишвар мебошад, ки барои ҳамагон маълум аст, ки танҳо Ҳукумати Тоҷикистон бо сарвари Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар таърихи қариб сад соли охир Тоҷикистони се қисматро ба як воҳид ва рафту омадро бо кишварҳои ҳамсоя дар сатҳи манфиатҳои миллӣ ва ҷомеаи башарӣ таъмин созад. Сохтани роҳу пул ва нақбҳо дар сарзамини Тоҷикистон дар ягон масири таърих чун имрӯз ба роҳ монда нашуда буд ва эътирофу арҷ гузоштан ба хизматҳои Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар як тоҷик фарз аст.

Бо чунин назардошт гуфтаниям, ки ҷустани нуқсону камбудӣ дар пиндору гуфтор ва рафтори роҳбарии давлат, яъне дар симои Пешвои миллат барои тоҷик ва Тоҷикистониён айб аст, чунки имрӯз муаррифию шинохти миллату давлати тоҷикон бо ному симо, гуфтору рафтори ВАЙ рабт дорад. Ва чунин ҳам ҳаст, ки аз соли 2016 дар кишвар – Рузи Президент аз ҷониби Тоҷикистониён ҳамчун рамзм садоқат ба Ватан таҷлил мегардад.

Воқеан Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ном ва роҳбарӣ фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт марбут аст, ки ба ҳайси шахсияти байналмилалӣ имрӯз дар сатҳи давлат, минтақа ва ҷаҳон пазируфта шудааст, ки барои ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ мояи ифтихору ибрат аст, зеро воқеан: «Шахсият ҳаст, ки давлатро (миллатро) дар баҳри пурталотуми ҳаёти сиёсӣ, мушкилоти иқтисодӣ-иҷтимоӣ, таҳдидҳои ҳарбӣ, ҳуҷумҳои фарҳангҳои бегонагон ба соҳили мурод мебарад. … Барои миллати тоҷик чунин шахсият баъд аз ҳазор сол насиб гаштааст.» [ Ниг.: Ятимов С. Субъекти сиёсӣ ва амнияти миллӣ // Рузномаи «Тоҷикистон», №7(1257), 14 феврали соли 2018. — С. 12-14 ].

 

Ректори Донишкадаи омӯзгории

Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт,

 номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Раҷабзода Маҳмадёр Носир

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *